«ТАСВИРҲО ДАР САҲРО»

Чунин ном дорад намоиши асарҳои мусаввир Туркман Эсонов, ки дар осорхонаи Дӯстии халқҳои Самарқанд ташкил ёфт.

Рассом соли 1953 дар ноҳияи Нурато чашм ба олами ҳастӣ кушода, хатмкунандаи донишкадаи педагогии ба номи Низомии Тошканд ва мактаби олии санъату меъмории ба номи Репини Ленинград аст.
Т.Эсонов аз соли 1997 аъзои Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон буда, соҳиби ордени «Дӯстлик» мебошад. 
Намоиши асарҳои ӯ ба муносибати 70-солагии мусаввир ташкил ёфтааст. 
– Соҳибҷашн рассоми рангинхаёл ва навовар мебошад, – иброз дошт сардори осорхона Сафура Рӯзимуродова, – ӯ муаллифи композитсияи «Алломаҳои Шарқ» ва «Корвон» буда, асарҳояш дар бисёр осорхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо маҳфузанд. 
Т.Эсонов ҳамчун ҳайкалтарош низ корҳои зиёдро анҷом додааст. Чанде пеш ӯ муҷассамаи сардафтари адабиёти тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро бунёд кард, ки дар кӯчаи ба номи ин шоири маъруф гузошта шуд.

Баҳодури ЗОҲИР. 
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: