МУАРРИХОНИ ЮНОНУ РУМ ДАР БОРАИ ЭРОНИЁНИ БОСТОН

Ҷавонони Эрон ба воситаи ростие, ки дар натиҷаи таълими олии эшон ба онҳо расидааст, ғолибан аз ҳар гуна ноқисии ахлоқӣ холӣ ҳастанд.

Ҷавонони Эрон аз ношукриву ҳила фавқулодда мутанаффир ҳастанд ва ҳаргиз паймоншиканиву ҳақношиносӣ аз эшон дида намешавад ва ин сифати онҳо сабаб шудааст, ки юнониён бо як назари тааҷҷубу эҳтироме ба онон бингаранд. 
 (Ксенофон).
***
Эрониён ҳамеша мойил ҳастанд либосе бипӯшанд, ки сар то пойи эшонро фаро гирад.
(Страбон).
***
Эрониён тасаллути фавқулодда бар нафс доранд ва ҳамеша саъй доранд ҳар гуна бадиву зиштиро аз худ дур созанд. 
(Аммиан).
***
Пойдорӣ дар дӯстӣ ва вафодорӣ яке аз сифоти лозимаи эрониён аст. Дориюши Кабир ҳамеша бо ин сифат ифтихор дошт, чунонки бар дахмааш кандакорӣ шуда.
***
Эрониён дурӯғгӯиро зишттарин аъмол медонанд ва баъд аз дурӯғ қарзро бисёр бад мепиндоранд.
***
Подшоҳони Эрон бо тамоми қувва бар алайҳи дурӯғгӯён буданд ва барои ин гуноҳ муҷозоти сахт таъин карда буданд. 
(Ҳеродот).
***
Ҳар рӯз субҳ яке аз пешхидматҳои махсуси дарбор ба шоҳ мегуфт: «Шоҳаншоҳо, бархезу барои миллату мамлакати худ дар кору кӯшиш бош, ки Аҳура Маздо туро чунин фармон медиҳад».    
(Плутарх).
***
Як нафар эронӣ ҳаргиз набояд фақат барои саодати худ дуо кунад, балки ҳамеша барои беҳбудӣ ва тараққии эрониён дуо кунад ва як неъмати ому саодати тамомро аз Аҳура Маздо барои шоҳу миллату кишвари худ бихоҳад.
 (Ҳеродот).
***
Дар санаи 578 милодӣ яке аз соҳибмансабони эронӣ барои вафодорӣ ба подшоҳи худ ҳар гуна мусоидату ришвае, ки румиён ба ӯ доданд, рад намуд ва аз он манофеъ сарфи назар карда, ба давлати худ хиёнат наварзид. 
 (Менандр).
***
Дар дарбори салтанатии Эрон ҳукми ақид буд, ки ҳеҷ гуна маҳсулоту мансуҷоти хориҷ набояд рӯи мизи подшоҳ бошад. 
(Динон).
***
Куруш гуфтааст: Эрониён сифоти неки худро бо тамоми сарвати Шому Ошур баробар намекунанд.
(Ксенофон).
***
Эрониён ҳамвора саъй доранд ба василаи кишту заръ ва парвариши ҳайвоноти муфид ва ғарси ашҷор ва ғайра заминро борвар ва пурнеъмат созанд ва ин яке аз соддатарин ва муфидтарин орзуҳои эрониён мебошад. 
(Ҳеродот).
***
Эрониён дар ҳифзи асрори сиёсӣ фавқулодда истиқомат доштанд, на тарсу на ришва метавонист бар эшон ғалаба кунад. 
(Куртсий).

Таҳияи Б. ФАРИШТА.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: