МУСОБИҚАИ «CHALLENGE SAMARKAND – 2023» ПОЁН ЁФТ

Чанд рӯз қабл дар шаҳри Самарқанд ҷашнвораи варзишии «Challenge Samarkand – 2023» баргузор шуд.

 Рӯзи аввали мусобиқаҳои триатлон дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarkand»-и шаҳри Самарқанд таҳти бренди «Challenge Family» оғоз ёфта буд. Мусобиқаи шиноварии «Challenge Samarkand» дар канали қаиқронӣ ба масофаи 1,9 километр ташкил карда шуд. Мусобиқаи велосипедронӣ ба масофаи 86 километр аз маҷмааи «Silk Road Samarkand» оғоз шуда, дар ду давр гузаронида шуд.

Варзишгарон аз назди муҷассамаи Амир Темур, ансамбли Регистон, мадрасаи Бибихоним, бозори Афросиёб гузашта, сипас аз кӯча-ҳои Самарқанди нав ҳаракат карданд. Давраи давидан дар ҳудуди маҷмааи «Silk Road Samar-kand» баргузор шуда, варзишгарон масофаи 21,5 километрро тай карданд. Дар доираи ин мусобиқаҳо чемпионати Ӯзбекистон байни варзишгарони касбӣ оид ба триатлон гузаронида шуд, ки дар он варзишгарони моҳир муайян гардиданд. Бояд гуфт, ки дар ҷашнвора беш аз 2000 варзишгар ширкат дошт. 
Хусусан, аз 35 давлат, аз ҷумла Германия, Италия, Бритониёи Кабир, ИМА, Ҷумҳурии Ҷанубии Африқо, Чин, Арабистони Саудӣ ва ғайра устодони варзиш барои ғалаба қувваозмоӣ карда, барои оммавигардонии туризми варзиши Ӯзбекистон саҳми худро ҳамроҳ карданд. Дар баҳсҳои рӯзи якуми мусобиқа байни мардон Александр Куришов, Арслон Турсунов, Егор Егоров, байни духтарон Алина Ҳакимова, Ирина Ҷалгудина ва Дилноза Холниёзова ғолибиро ба даст оварданд. Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа, байни мардҳо Фредрих Фанк (Олмон) ҷойи аввал, Арон Ройле (Австралия) ҷойи дуввум ва Филипе Азеведо (Португалия) ҷойи саввумро ба даст оварданд. Дар самтҳои гуногуни озмун ғолибону ҷоизадорон муайян гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд. 
Дар ҷашнвора ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов низ иштирок кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: