Забони «Овози тоҷик» – забони модари ман

Забони модарӣ ҳадяи яздонӣ, неъмати худодод аст.

Бод лаънат, гар нафаҳмам  ман забони 
миллатам,
Марг донам баҳри худ дар зиндагӣ ин 
иллатам.
«Шохи аз гулбун ҷудо масруфи гулхан 
мешавад»
Кас надонад қадри миллат,  дон, ки душман 
мешавад.

Ҳадяи БУХОРОӢ.

Забони модарӣ ҳадяи яздонӣ, неъмати худодод аст. Зеро он низ ба мисли падару модар ва Ватан аз имконияти интихоб берун буда, бо хости Офаридгор чун нишонаи аввалини қавму миллат ва аслиҳаи тавонои муомилаи байни ҳамдигар ба воситаи шири модар, аллагӯиҳои ӯ дар сари гаҳвора ба фарзанд мегузарад. Аз ин рӯ, лафзи модар, ки дар он меҳри модар ниҳон аст, бояд барои ҳар яки мо азизу муқаддас бошад.Мо – тоҷикон бояд ифтихор кунем, ки забони модариамон  яке аз забонҳои қадимитарини олам асту он бештар аз ҳазор сол ҳамон забони илму фарҳанг, коргузорию давлатӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Банда шодам, ки чил соли умри хешро ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик баҳри таълиму тарбияи наврасон ва ташаккули эҳсоси хештаншиносӣ дар онҳо сарф кардам. Боиси таассуф аст, ки бо «хоҳиши падару модарон»дар вилояти мо мактабҳои тоҷикӣ аз байн рафтанд. Ҳол он ки тарҷума нашудани тестҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, гузошта шудани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз фанҳои омӯхтанашуда барин монеаҳо ба ин сабаб шуда буд... Пӯшида нест, ки аксарияти аҳолии вилоятамонро тоҷикон ва тоҷикзабонон ташкил мекунанд. Бо вуҷуди ин дар қатори дигар ҳамдиёрон набераҳои худам низ ба забони модариашон таҳсил намегиранд. Ҳол он ки онҳо фақат вақти дарс ба забони расмӣ ҳарф мезананд. Дигар вақт ба забони модарӣ. Ҳамчун омӯзгор хуб медонам: аҳамияти сабақомӯзӣ ба забони модарӣ беҳамтост. Ягон забон ҷои онро иваз карда наметавонад.
Хушбахтона, абрҳои сиёҳ гузашта рафтанд. Ҳоло офтоби адолат нурпошӣ мекунад. Ниҳоят баъди солҳои зиёд баҳри рушди забони модарии мо низ имкониятҳо падид меоянд. Камина аз тӯҳфа кардани китобҳои нодири тоҷикии китобхонаи шахсии худ ба донишҷӯёни гуруҳҳои боқимондаи филологияи тоҷики ДДБ қаноатмандам.
Банда аз соли 1965 инҷониб ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-и ҳамонвақта ва «Овози тоҷик»-и имрӯза дилбастагӣ дорам. Соле нест, ки ба вай обуна нашуда бошам.Давраи ҷавонӣ дар рӯзномаи дӯстдоштаам хабарҳоям низ рӯи чопро медиданд.Шодам, ки дар ҷашни 50-солагии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» иштирок кардан насибам гашта буд. «Овози тоҷик» мояи  ифтихори мост.Чаро? Охир он ҳамзабони модари 96-солаи ман аст. То зинда ҳастам, бо «Овоз»-и азизам ҳамнафас будан мехоҳам. Дил мехоҳад, ки ҳар як тоҷик бояд қадри онро донад.

 Ҳоҷӣ Нурмурод КОМИЛОВ,
 Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, 
 деҳаи Вардонзеи кӯҳнаи ноҳияи Шофиркон.

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: