АФСОНА

Парисо

Пилки чашми рӯди шаффофе бари офоқ,
к-аз рухи оинасонаш метаровад саҳнаи аъмоқ:
моҳиён дар бурҷи таҳ бо шонаи афсонаҳо
кокули обипариёнро 
тора мебофанд
бар шонаи истораҳои сабз
дар шаҳри зери об.

Дар лабони рӯд ҳамчун донаи холе
менишинам нарм.
Моҳиякҳои нигаҳ аз ҳавзи чашмонам
мепаранд аз хилвати озарм
бар таҳи он рӯди афсункор,
то биомезанд андар селаи афсонаҳои мавҷ.
То чакад афсонаи оина дар онон,
мераҳанд аз домҳои шарм,
мепаранд аз бандҳои хоб.

Ғунчабоғе аз нигоҳи обии маъбудагон сарсабз,
аз ҳавасҳои Худо хушбӯ
медурахшад дар дили дунёи афсона.
Ғунчабоғе аз нафасҳои хазон эмин
аз ғами поиз бегона.
Вожагулҳои ҳақиқатпарвари ғаммоз,
шаҳпаракҳои адолатбоз,
мурғакон бо болҳои ростинпарвоз
ҳар саҳар дар ёнаҳои боғ андар ҷилваи субҳонаи хуршед
менавиштанд обҳоро нотаҳои роз,
мезаданд оро ба сози хеш
лавҳаҳои нилиро бо ранги ҳар овоз:
«...Мерасад гар рӯди моро пойи Маҳмуд,
Мебарояд дуд аз оинаи рӯд...»
Хандаҳошон табл буд ороми ҳастиро
дар канори хирмани маҳтоб.

З-ин тарабободи боғи сабзчашми наҳр,
к-аз ҳавасҳои Худо хушбӯст,
з-ин суруди мармарини он,
к-акси Ҳақ дар ӯст,
Маҳмуди берӯ –
шоҳи ғукон дар хокҷои дуд,
аз сиришти тираранги худ
ҳар замон диқи нафас мегашт
дар яке аз гӯшаи мурдоб.

Ногаҳон
олуда бар хоки тараб қатрон,
ӯ расид дуздона то бар нургоҳи боғ,
дар дили фаввораи хун кард олуда
покиҳои домани он боғи доғи доғ,
сар зи дӯши мурғакон барканд,
гардани гулвожаҳо бишкаст бетардид...
Оҳ! Чӣ манзар дид
боғбони боғи афсона –
соҳиби хона,
шоире буд – ошиқи гулҳои бобуна,
шуст захми боғро бо қатраашки шеър,
шеъру сеҳру меҳр.
Гардани гулвожаҳоро шеър мемолиду мебаст,
шеъру сеҳру меҳр борид бӯсаи лабҳош аз най
дарҳаму барҳам биомад сардии дай.
Лек шоир бар алайҳи ин ҳама бунбаст
Равзану дарҳои чашмашро  ба соҳирҳои хобовар
бемуҳобо баст,
то биёбад даст бар муъҷизаи Яздон
ногаҳон аз дидаи обиву хокиён
гум шуд ӯ бо шаст.
Ҷустуҷуяш карда аҳли шаҳр
шишаи уммедҳошон сарбасар бишкаст...
Баъди субҳе ҳашт
боғбон баргашт:
бодпар-оинае дар даст
чун париёни само бар дӯш боле дошт
в-аз нигоҳи Ҷоми Ҷам дар худ мисоле дошт.
Аз нигоҳи ҳақ чакиданд донаҳо дар дидаҳои ҳайрати мардум
ҳилаҳо даргум,
дар таровишҳои зебоиву зиштиҳо,
ҳар сиёҳиҳо, сапедиҳо,
гашт маълум ҳар чӣ номаълум,
аз рухи чашмони маҳзун руфта мебурданд гарди ноумедиҳо.
Шаб ба рӯйи духти торикӣ чу холи нур,
менишаст оина дар сақфи самои дур,
гӯӣ моҳи Нахшаб андар лобалои шаб
в-аз нигоҳаш метаровид нури ҳақ чун ҳур:
барқ мезад заҳрханди теғи Маҳмудшоҳ
дар назарҳошон,
навҳаи боғ аз ғиреви доғ,
нолаи гулвожаҳои ҳақнигори он
дар ҷудоӣ аз камарҳошон...
Гӯӣ буд дар гӯшвори зангибонуи шабоҳангом
гавҳари ҳақтоб.

Дур нарафт орому осуда
Як шаби дар доғ олуда
боз омад Маҳмуди баддил,
соқаи оинаи паррон –
риштаи аз тори абрешим ҳавоиро
бибриду шуд пинҳон...
Домани офоқро хуни шикастанҳо
арғувонӣ кард,
шишаҳояш бо сабукбории шабнамҳо
дурфишонӣ кард.
Ҳин ҳам ин шишаборонҳо
рӯи гулҳои ҳақошомидаи чашмон
мегузинад хилвате ҳини саҳаргоҳон
пас билағжида ба жарфи сабзи шарёнҳо
сӯйи дилҳо роҳ меҷӯянд,
то биомезанд худро дар ҳавои тоҳири обитарин меҳроб...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: