ТӮЙ БО ИД ҲАМОҲАНГ ШУД

Ин шахсро, ки хату саводи арабӣ ва дониши дунёвӣ дошт, аҳли деҳаи Варзик ва берун аз он бо эҳтиром Мулло Ҷӯра ном мебурданд. Фарзанди ин пири маърифатдӯст Холдорҷон низ пайи падари нурониашро зер кард.

 Мо ин марди донишманд, вазнинтабиату хоксорро аз овони бачагиамон мешинохтем, аммо соҳиби касби омӯзгорӣ будани ӯро дертар дарк намудем. Бино ба нақли писари он шодравон – Камолҷон, Холдорҷон Ҷӯраев баъди солҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳон Институти муаллимтайёркунии Марғилони вилояти Фарғонаро хатм намуда, ба зодгоҳаш – деҳаи Варзик баргашт. Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 13-уми деҳаи мазкур чун омӯзгори ҳамқадами давр, дар асоси талаботи замон бо таълиму тарбияи бачагон машғул шуд.
Баробари кор дар мактаб дар бахши ғоибонаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе таҳсил намуда, малакаву маҳорати педагогиашро баланд бардошт. Зиёда аз 40 сол дар таълимгоҳи дӯстдоштааш ҳазорҳо соҳибони ояндаи касбу ҳунарро ба камол расонд. Аз чандин имтиҳону санҷишҳои ҳаёту соҳаи таълими халқ сарбаландона гузашт.
Муаллими собиқадор Холдорҷон Ҷӯраев, аз ҷумла чун падари ғамхору дилсӯз 14 нафар фарзанд – 5 духтару 9 писарро калон карда, дорои касбу кор, хонаю ҷо намуд. Ин оила дар Варзик яке аз оилаҳои серфарзанд ҳисоб меёфт. Бино бар ин, мо Ҷӯраевро падари қаҳрамон, муаллими қаҳрамон меномидем.
Аз хонадони онҳо Ҳамида, Абдурашид (раҳматӣ) ва Камолҷон касби омӯзгории падарро ба худ пеша карданд. Боз наберагон давомдиҳандаи сулола шуданд.
Камолҷони омӯзгор ваъда дода буд, ки писардор шавад, албатта, ба мардум тӯю тамошо хоҳад дод. Дуою фотиҳаи падараш (марҳум) пазируфта шуду он ба нияташ расид. Камолҷон соҳиби ду духтар ва як писар шуд.
Рӯзҳои наздик наберагони Мулло Ҷӯра Камолҷони омӯзгор ва Илёсҷони корманди тиб хатнасури писаронашонро бо маслиҳату каммасраф гузаронданд. Тантанаю намоишҳои гуногуни дорбозони фарғонагӣ, вазнбардорон, бозиҳои акробатӣ ва баромади қаҳрамонони афсонавии ниқобпӯш, рақсу сурудҳо то дер давом карда, бо иди Наврӯз ҳамоҳанг шуд. Дар он хешовандони хонаводаҳо, аҳли маҳалла, дӯстон ва меҳмонон аз Чуст, Намангон ва Тошканд иштирок карданд.

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: