Тӯрақул Зеҳнӣ аз олимони бузурги забону фарҳанги мардуми тоҷик буд.
Ӯро на танҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ ба хубӣ мешиносанд. Зеҳнӣ кӣ буд? Дар ин бора худи ӯ дар тарҷумаи мухтасари ҳолаш менависад: «Ман, ки нависандаи ин сатрҳо Тӯрақул – писари Нарзиқул – мутахаллис бо Зеҳнӣ ҳастам, соли 1891 дар деҳаи Галаосиё (ноҳияи Самарқанд) дар оилаи косиби телпакдӯз таваллуд ёфтам. Тақрибан дар синни ҳафт-ҳаштсолагӣ дар мактаби куҳнаи қишлоқ хонда, хату савод баровардам. Баъд аз синни 13-14 солагӣ дар мадрасаи Тиллокорӣ, дар назди мулло Турсунқул ба хондани сарфу наҳви забони арабӣ машғул шудам».
Устод дар давоми ин шарҳи ҳол аз асарҳои навишта ва ҳаёту зиндагиаш маълумот медиҳад.
Тӯрақул Зеҳнӣ баъдтар дар тарҷумаи ҳоли худ чунин мегӯяд: «Дар соли 1926 ба қадри ҳол дар шуъбаи нашриёти Тоҷикистон, ки дар паҳлӯи намояндагии Тоҷикистон (дар Самарқанд) воқеъ буд, ба сифати муҳаррири адабӣ таҳти роҳбарии Айнӣ хидмат кардам. Дар шуъбаи нашриёт ҳамроҳи ман Ҳамдӣ, Шароф Ҷабборӣ, Ҳасан Ирфон, Саидризо Ализода, Бектош (Нарзуллоҳ Ҳайдарӣ), Вадуд Маҳмудӣ, Раҳим Ҳошим ва ғайра таҳти сардории Нисормуҳаммади Афғон кор мекарданд».
Олими ҷавон баробари кори нашриёт дар аспирантура таҳсил карда, фаъолияти худро дар рӯзномаи «Овози тоҷик» вусъат медиҳад. Мақолаву мубоҳисаҳои ӯ оид ба соҳаҳои гуногуни илму адаб ва маорифу маданияти тоҷик пасу пеш дар нашрияи номбурда чоп мешаванд. Биёед, дар бораи эҷодиёти пурғановати ин алломаи илму фарҳанг, аз шогирди вафодори ӯ, доктори фанҳои филологӣ профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев пурсон мешавем.
– Пӯшида нест, ки шумо яке аз шогирдони Тӯрақул Зеҳнӣ будед ва фаъолияти он касро нисбатан беҳтар медонед. Хоҳишмандем, ки роҷеъ ба фаъолияти устоди худ чизе мегуфтед...
– Толибилми мадрасаи Тиллокории Самарқанд Тӯрақул Зеҳнӣ аз рӯзҳои аввали истиқрори ҳокимияти шӯравӣ тамоми қувваю ғайрат ва донишу лаёқати худро барои босавод ва маърифатнок кардани халқ бахшид. Ӯ аз ҷумлаи аввалин ташкилотчиёни мактаби нав ва фидоиёни маорифи халқ буд. Муаллими ҷавонро истеъдоди фитрӣ ва ишқу муҳаббати беандоза нисбат ба каломи бадеъ ба майдони адабиёт баровард.
Аввалин шеърҳои Зеҳнӣ соли 1919 дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» чоп шуданд. Яке аз онҳо «Низоъ ба авлоди Ватан» ном дошт. Аз ҳамон вақт шеърҳои ӯ дар матбуоти ӯзбекӣ васеъ чоп гардида, соҳаҳои мухталифи илму фанро фаро гирифта буданд. Илҳом ҳамроҳи доимии ӯ буд.
Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар соли 1925 адиби ҷавонро рӯҳбаланд гардонида, қуввату ғайрат ва илҳоми эҷодии ӯро ба ҷӯш овард. Аз ин рӯ вай бо эҷоди шеърҳо қаноат накарда, ба мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ, маърифатпарварӣ ва ғайра низ саъй кард. Ба тарғиби илму фан, маориф, омӯзиши риштаҳои мухталифи маданияти халқи тоҷик шурӯъ намуд. Шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо устод Айнӣ ба Зеҳнӣ рӯҳ бахшид, ба авҷи фаъолияти илмию адабӣ ва равнақи эҷодии ӯ мусоидат кард. Дар он солҳо Тӯрақул Зеҳнӣ аз шогирдон ва наздикони устод Айнӣ буд, ба устод дар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» ёрии бевосита расонидааст. Инро Айнӣ дар асари мазкураш чунин қайд кардааст: «Рафиқ Зеҳнӣ, ки шабу рӯз дар ҳузури ман буд ва дар кори ҷамъ ва тартиб додани «Намуна» монанди дасти ростам ба ман ёрмандӣ кардааст».
Бале, Зеҳнӣ аз ҳамон даврони оғози фаъолияти адабиаш олими пурдон, соҳиби маълумоти ҳаматарафа ва доираи омӯзишу тадқиқоташ васеъ будани худро нишон дод. Олим ғайр аз маорифи халқ ва таълиму тарбия масъалаҳои муҳиму актуалии забон ва адабиёт, фолклору мусиқӣ, расму одат ва дигар риштаҳои маданияти тоҷикро ба доираи баҳсу андеша кашида, дар бораи онҳо изҳори ақида менамуд. Устод Зеҳнӣ на танҳо шоир, балки донишманди забон ва адабиёт, фолклоршинос, мусиқашинос, этнограф, тарҷумон, муаллифи китобҳои дарсӣ буд. Оре, фаъолияти пурҷӯшу хурӯши илмию адабиаш характери қомусӣ дошт, ки аз талаботи давр бармеомад.
– Устод дар боло гуфта шуд, ки Зеҳнӣ баробари шоир будан олими забардаст ҳам буд. Инак, мехостем мулоҳизаҳои худро доир ба корҳои илмии он кас мегуфтед.
– Солҳои 20-30-юми асри гузашта фаъолияти илмии устод Зеҳнӣ хеле авҷ кард. Ӯ дар матбуоти даврӣ даҳҳо мақолаҳои илмӣ эълон кард. Масалан, мақолаи «Нахустин шоири бузурги тоҷик» («Овози тоҷик», аз 7 то 12 августи соли 1925), ки ба устод Абӯабдулло Рӯдакӣ бахшида шудааст, ҷолиби диққат мебошад. Ин мақола дар адабиёти шаклгирифтаистодаи тоҷик аввалин баҳс бинобар қофиласолори назми классикии тоҷик буд.
Як мақолаи ӯ, ки бо номи «Мусоҳиба дар бораи забон ва адабиёт» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (25 май, 17 июни соли 1936) ба табъ расидааст, чунин шурӯъ мешавад: «Ҳангоме ки мо суханҳои дилпазири «Забон ва адабиёти тоҷик (форсӣ)-ро ба забон меорем, дар рӯҳамон фавқулода як шодӣ ва хурсандӣ ҳосил мешавад. Зиёда нозиш ва болидагиро дар вуҷудамон ҳис мекунем. Ҳақиқатан, ба ин ҳақ дорем, зеро ин забон аз мост».
Дар ин миён душманон пайдо шуда, ба ӯ бо туҳмат тамғаи пантуркистиро заданд. Устод Зеҳнӣ ба муқобили даъвои беасоси он нобакорон дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (№ 96 соли 1926) бо мақолаи «Тоҷикон фаромӯш нашаванд» зерсарлавҳааш «Ба муносибати районсозӣ» мақолаеро интишор карда, аз ҷанбаи пантуркистон дур будани худро устуворона исбот кард. Боз як корнамоии Зеҳнӣ он аст, ки китоби дарсии «Сарфу наҳви забони тоҷик»-ро соли 1926 чоп кард. Муаллиф бисёр калимаҳои арабӣ, русиро донишмандона кор фармуда буд. Барои ислоҳ кардани он, Зеҳнӣ соли 1930 «Сарфу наҳви забони тоҷик»-ро навишта, барои ислоҳи он терминҳои тоҷикиро дохил кард. Пеш аз ин китоби алифбо устод Зеҳнӣ боз ду китоби дарсиро бо ҳамкории олими маъруф Вадуд Маҳмудӣ, барои синфҳои 2-3 навишта буд. Дар давоми солҳои сиюми асри гузашта ин устоди бузурги мо боз шаш китоби дарсии забони тоҷикӣ ва хонишро бо иштироки муаллифони дигар таълиф кард. Устод бо ин китобҳои худ дар рушду камоли маорифи халқи тоҷик хизмати бузург кардааст. Бояд ба эътибор гирифт, ки ӯ дар давраи инқилоби миллӣ дар он солҳои маҳви бесаводӣ ва оғози равнақи халқ бо таълифи китобҳои дарсии мактабиён машғул буд. Худи ҳамин мақоми арзандаи Тӯрақул Зеҳниро дар таърихи маорифи халқи тоҷик таъин мекунад.
Афсус, ки фаъолияти пурҷӯши хурӯши илмию адабии устод Зеҳнӣ аз соли хатми ҷанг, то соли 1954 қатъ гардид. Ӯ ноҳақ ба табъид гирифтор шуд.
Дар ин бора, ба ман, ки ходими илмии Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти назди Академияи фанҳои Тоҷикистон будам, ҳамсари вафодори устод холаи Ҳамида чунин нақл карда буд:
«Он солҳо падари фарзандонам домулло Зеҳнӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медоданд. Дар ҳавлии мо, ки дар мавзеи Боғи Майдон воқеъ буд, ҳамаи дарахтони мевадор, аз қабили себу шафтолу, ноку биҳӣ буданд. Он кас тути балхиро хеле дӯст медоштанд. Бинобар меҳмоннавоз будан, дар боғоти мо зуд-зуд шогирдону дӯстон ба аёдати устод омада, базми шеъру шоирӣ барпо мекарданд. Устод дар назди онҳо табақҳои тути балхиро монда, мегуфтанд: «тути калони Хуҷанди бостонӣ, шоҳиди истилои Искандари Мақдунӣ» меҳмонон аз ин гуфтаҳои устод шод шуда, аз пайи тутхӯрӣ мешуданд.
Рӯзе як шахси ношинос ба хона омада, таъкид кард, ки вақти пешин чанд шиносҳояш барои тутхӯрӣ меоянд. Домулло, ки меҳмонро хеле дӯст медоштанд, фавран ба ман фармуданд, ки аз пайи тайёр кардани оши палав шавам, худашон аз пайи тутшинонӣ шуданд. Пешин дарвозаи ҳавлӣ тақ-тақ шуду ду-се одамони шинелпӯш зада даромада, бо суханҳои таҳқиромезу ҳақорат, ба ду дасташон занҷир андохта, гирифта бурданд. Ман бо се фарзанди ноболиғам доду нола карда мондам».
Устод баъдтар ин ҳолатро дар хотираҳояш чунин баён кардааст:
«Аз тарафи Московское Особое Совешание бо моддаи 58 «б» ба муддати 8 сол ба вилояти Кемеровои Сибир ба лагери меҳнатӣ фиристоданд. Баъди чор сол ба лагери атрофи Қарағанда роҳӣ карданд. Дар ин ҷо баъди тамом шудани муҳлати ҳабс, боз маро ба бадарғаи озод ба Зелёная Балка ном деҳа гузоштанд».
Олими забардаст дар ин муддати тӯлонӣ чӣ қадар азобҳои рӯҳию ҷисмониро паси сар кард, худаш медонаду Худо. Ӯ пас аз нӯҳ сол бемору лоғар аз зиндон ба оғӯши оилааш баргашт.
– Баъди озод шудан устод Тӯрақул Зеҳнӣ боз аз пайи эҷод шуданд ё не?
– Бале, қувваю иродаи мустаҳкам он касро боз ба эҷод раҳнамун кард. Соли 1956 ба матбуоти марказии Тоҷикистон барои давом додани корҳои илмии пештара, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карданд. «Чанд муддат (бо шартнома) дар сектори луғат ба интихоби забони адабӣ аз осори классикӣ хизмат намудам», менависад дар хотираҳояш Тӯрақул Зеҳнӣ.
Бале, устод, агар гӯем, ки баъд аз ба озодӣ баромадан бо қувваи дучанд аз пайи эҷод шуд, хато намешавад. Зеро ӯ солҳои зиёд ба воситаи матбуоти Тоҷикистон аҳли илму адаб ва хонандагони оддӣ, хусусан ҷавононро аз дониш баҳравар кард. Дар навиштаҳои ӯ ҳисси ғамхорӣ нисбат ба илму адабиёт, кӯшиши ислоҳ кардан ва ба роҳи дуруст даровардани ҷавонони соҳибқалам мушоҳида мешуд. Ин ҳисси ғамхорӣ, махсусан дар китоби тақризҳои ӯ оид ба эҷодиёти шоирони ҷавон равшан ба назар мерасад.
Яке аз самараҳои намоёни баъдинаи ӯ китоби бузурги дуҷилда «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аст, ки устод аз тартибдиҳандагони асосии он мебошад. Китоби тазкираи «Суханварони рӯйи замин», ки ба ҳаммуаллифии ӯ навишта шудааст, аз беҳтарин асарҳои ӯ ба ҳисоб меравад. Аммо пурарзиштарин асари устод Зеҳнӣ «Санъати сухан» аст. Ин китоб се маротиба пайи ҳам тайи солҳои мухталиф чоп шудааст. Охирин ва пураҳамияттарин тадқиқоти худ «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» (Душанбе – 1987)-ро устод дар синни мубораки 90-солагиаш навишта буд, ки баъд аз вафоташ чоп шуд. Ин тадқиқот аҳамияти фавқулода муҳими илмӣ дорад. Дар он аз рӯйи маводи фаровони осори адабии давраҳои қадим (асрҳои Х-ХI) дар асоси забони модарии тоҷик ба вуҷуд омадани забони форсӣ-дарӣ собит гардида, муносибати он ба забони ҳозираи тоҷик нишон дода шудааст.
Оре, устод Тӯрақул Зеҳнӣ то охири умри худ аз кори илмию эҷодӣ боз намонд. Дар гуфтугӯю суҳбатҳо низ ҳамеша суханаш аз илму фарҳанг ва фазлу адаб буд. Алломаи замон, арбоби бузурги фарҳанги тоҷик буд ӯ.
Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.