«КОРИ ҲАМА КАС БАРОБАРИ ҲИММАТИ ӮСТ...»

ё назаре ба чанд байти пандомези Лоиқ Шералӣ

ё назаре ба чанд байти пандомези Лоиқ Шералӣ 

Панду ҳикматҳо маҳсули таҷрибаи зиндагии мардум буда, дастуру раҳнамои муфиди ҳаётӣ барои наслҳои ояндаанд. Аз ин боис, онҳоро мардум чун дурдонаҳои ақлу тафаккури воло меписандаду ҳифз менамояд.
Дар панду ҳикматҳои шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ низ масъалаҳои ахлоқу одоб, аз қабили ҷавҳари некӣ,  подоши амали хайр, арҷи ростӣ, аҳду вафо, раҳму шафқат, хайру сахо, ҷазои кирдори ношоиста, танқиди дурӯғ,  ҳавою ҳаваси ноҷоя, такаббуру мағрурӣ, мазаммати ҳарису бахилони молу ҷоҳ, чоплусону тамаъкорон, сарзаниши айбу нуқсонҳои маънавии одамон ва  дигар хислатҳои бади онҳо дар шакли ҳикмат, пандҳои кӯтоҳ, маслиҳатҳои хайрхоҳона баён  шудаанд. 
Дар ашъори шоир ситоиши хирад ва бузургдошти мардони асили замон мавқеи муносиб дорад. Ӯ тавассути ин гуна суханони ҳикматомез суннати ниёгонро пайравӣ карда, хирадро чун беҳтарин офариниши Офаридгор, раҳнамою сафобахши дилҳо муаррифӣ менамояд. Ба хидматҳои бузургон арҷ гузоштанро хоси мардуми ҳушдору бофарҳанг медонад:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар 
поянда медоранд.
Ба андешаи шоир, фазои одаму одамгарӣ хеле фароху пурдомана буда, мебояд поку ороста бошад. Аз ин боис, мардонагиву шуҷоат, ҳимматбаландиву саховатмандиро дар пардаи баланд тараннум намуда, номардию кӯрнамакӣ, хиёнату ҷафокориро бо нафрату надомат мазаммат менамояд:
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо 
кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро 
расво кунад.
Шоир таъкид мекунад: «Он ҷо, ки дард зиёд аст, бидон, номард зиёд аст». Аз ин рӯ, аз ин ҳикмати амалӣ чунин натиҷа мегирад: 
То пасту баланди зиндагонӣ бошад,
Лағжидани мард ногаҳонӣ бошад.
Ӯ дар ҷодаи мардӣ идора намудани нафсро меъёри асосӣ медонад. Мисли Рӯдакии хирадманд ба сари инсон омадани кулли балоро аз ҷилав карда натавонистани ин ҳирси аждаҳосират медонад:
Дар ҷаҳон то нафси инсонӣ бувад,
Зиндагониву парешонӣ бувад.
Осори шоир саршори ситоиши сидқу вафо, бузург донистани некӣ, васфи дӯстӣ, қадр намудани инсони ҳақгӯю росткор, дурӣ ҷустан аз бадӣ, эҳтироз аз дӯсти нодон ва амсоли инҳоянд. Тарзи адои шоир дар ин абёт дилнишину гӯшнавоз аст. Онҳо ҳусни маънӣ ва мазмунҳои наҷиб дошта, бо содагии баён, фасоҳату балоғат ва матонати шеваи нигориш ибратпазиранд:
Ҳар кас зи барои қадри худ тоб хӯрад,
Ҳар кас ба кафи хеш зи рӯд об хӯрад.
Шоир таълим медиҳад, ки накӯкор бошем, он чиро, ки ба худ нек намедонем, ба дигарон низ нек машуморем, аз дурӯғ гуфтан парҳез кунем, кинаҷӯю ҷафокор набошем.  Ба қавли ӯ, на ҳама касоне, ки худро ба нафаре дӯсти наздик ҷилва медиҳанд, ботинан дӯстанд. Биноан, шоир панд медиҳад, ки дар интихоби дӯст эҳтиёткор бошем, аз дурӯягон, ваъдабозону ваъдахилофон, баддаҳону дасисабозон, ба хусус, аз номардону кӯрнамакон дурӣ биҷӯем,  гирди амалҳои паст, аз қабили фиребу қаллобӣ, суханчиниву каззобӣ нагардем. Ин аст, ки бо тамасхур мегӯяд:
Тоҷикони мо зибаски мардуми олитаборанд,
Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам 
мегузоранд!
Шоир айбу нуқсонҳои маънавии одамон ва хислатҳои бади онҳоро бо ҷасорату матонат  танқиду сарзаниш менамояд. Бо алфози чида, вожаҳои сара, ибораҳои рехта, таркибҳои гӯшнавоз ва маъниҳои озмуда ҳарисони молу ҷоҳро мазаммат мекунад, дарди бедаво будани дарди ҷоҳталабонро таъкид намуда, панд медиҳад, ки ин тоифаи мардум ахиран «сайди амал» мегарданд: 
Дарди мансаб, дарди шӯҳрат – дарди зӯр,
Мешавад дармон фақат дар хоки гӯр. 
***
Дунёталабон зи макри дунё миранд,
Фардоталабон дар раҳи фардо миранд
Дар бархе аз панду ҳикматҳои шоир масъалаи худшиносиву худогоҳӣ, муросову мадоро ҳам ситоиш меёбад. Шоир ин ҷо низ чун пайрави садоқатманди суннатҳои наҷиби гузаштагон таровишҳои табъи латифи худро тавсеа дода, ҳамзамонони хешро ба ҳушдору соҳибтафаккур будан даъват месозад:
Ҳар кас гила аз касе кунад, нодон аст,
Аз худ гиламандӣ ҳунари мардон аст.
Ҳадафи шоири рӯҳу равоншинос парвардани ахлоқи шоиста, ташвиқи фалсафаи зиндагӣ ва ба воя расондани инсонҳои бофарҳанги комил аст. Мехоҳад “ҳариси панд давлатманд бошад” (Саъдӣ), зеро:
Кори ҳама кас баробари ҳиммати ӯст,
Умри ҳама кас нишонаи қимати ӯст.
Чунин байтҳои ҳикматомез дар осори Лоиқ Шералӣ фаровонанд. Мутолиаи онҳо кайфияти гувороеро падид оварда, барои пазируфтани завқи солим мусоидат менамоянд ва ғолибан ба маънавияти инсонҳо, хоссатан, ҷавонон меафзоянд, баҳри чун Инсон ба камол расидани онҳо замина мегузорад. Мо бар онем, ки минбаъд андарзномаҳои шоир дар шакли китобҳои ҷудогона ба табъ мерасанду зарурати баррасии онҳо пеш меояд.

Абдусалом САМАДОВ, 
устоди Донишгоҳи давлатии 
Самарқанд, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: