ФЕҶАК

Феҷак яке аз дараҳои дӯстдоштаи аҳли Эҷ аст.

Феҷак яке аз дараҳои дӯстдоштаи аҳли Эҷ аст. Ин дараи хушбоду ҳаво бо ҳама зебоӣ ва дилкашии худ ба мисли як гӯшаи биҳиштӣ дар дилу дидаи онҳо ҷо гирифтааст. Он беҳтарин маҳал барои сайругашт, осоиш ва тамошо. Исми «феҷак» ҳаммонанди вожаи «эҷ» барои ҳар фарди деҳа муқаддас  ҳисобида мешавад. 
Бино ба шарҳи фарҳангҳои муътабар, аз ҷумла,  «Мунтаҳо-ул-араб», «Луғатнома»-и Деҳхудо, «Фарҳанги форсӣ»-и Муин, решаи калимаи феҷак – «феҷ», «файҷ» муарраб (арабишуда)-и вожаи «пайк» аст. Бо гирифтани пасванди «ак»  маънии хоси қосид, паёмрасон, хабардиҳандаро ифода мекунад. Ба эҳтимоли зиёд, ба ин маънӣ ном бурдани дара ба қалъаи он, ки қадимтарин ёдгории маҳал ба шумор меравад, вобаста аст. Ин қалъа дар баландии тақрибан 1500 м аз сатҳи баҳр, дар болои доманакӯҳи васатии дараҳои Феҷаки обдор ва Феҷаки беоб, бар фарози кӯҳи баланди чашмаи он (дар самти чап) сохта шудааст. Аз роҳравҳои атроф ва болои девори қалъа тамоми дара ва даромадгоҳи деҳа, гӯё ки бар рӯйи кафи даст хобида, дида мешавад.  Он бо дидбони саргаҳи Эҷ – Тепилӯлок дар як хати дид қарор дорад, ки метавонистаанд бо ҳар гуна имову ишора хабарҳои мухталифро ба ҳамдигар расонанд. 
Тӯли дараи Феҷак ҳудудан 8 км буда, саршавиаш аз гузари Дарифеҷак аст ва бо баландкӯҳи амудии «Кунҷи Феҷак» ба поён мерасад. Раҳораҳ аз нишеб ба фароз аз новаи Ҷуғҷояк, маҳалли Хокканӣ, кӯҳи Харкуш, новаҳои Феҷаки беоб, Феҷаки обдор ва Ғорикон ташкил меёбад. Агарчи дар гузашта ва то солҳои чилуми асри бистум дараи Феҷак саросар дарахтзору буттазор ва пур аз ҳайвону мурғони кӯҳӣ будааст, ҳоло он неъматҳо ба нудрат ба чашм мехӯранд, вале, хушбахтона, обу ҳавои дилосояш боқӣ мондааст. 
Ба хусус, чашмаи Феҷак, ки дар мағзи дара, дар қисми поёнии қалъаи он (4,5 км аз деҳа) воқеъ аст ва ҳавзи хурдакеро ҳосил намуда, боғҳои поиндасташро шодоб мегардонад, дар сахттарин хушксолиҳо низ хушк нашудааст. Ин обхӯри босафо ва поки табиӣ чанд садсола ё ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд мекунад, касе намедонад. Оби сарду ширини он аз мағзи кӯҳ ҷӯш зада мебарояд ва баҳору зимистон дамои яксон дорад ва на кам мешаваду на зиёд. Агарчи гиёҳону дарахтони доманакӯҳҳои дараи Феҷак аз дасти одамону чорвои онҳо сол ба сол тунуку нобуд шудаанд, аммо чашмаи он ҳамеша бо ҷамоли пештара чеҳра боз мекунад ва ҷорӣ асту ҷорӣ.
Дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта ду нафар муаллими деҳа – Йӯлдоши Самад ва Ҷӯрақули Содиқ поёноби чашмаро обод карда боғ бунёд кардаанд. Ҳоло поинтар аз онҳо боғи Бобомуродака низ ба ҳусни дара зебоӣ мебахшад. Фазои сабзу дарахтзори ҳар як боғ аз ҳастии чашмаи Феҷак ва нишоти он гувоҳӣ медиҳад.
Атрофи Чашмаи Феҷак маҳалли истироҳат ва сайругашти хурду калони деҳа ва ҷойи ҷашну рафъи хастагии аз роҳ расидагон аст. Ҳар кӣ аз молбонӣ ё ҳезумкашӣ ё гардиши дара бармегардад, ҳатман дар назди чашма дам мегирад. Ва дар ин лаҳзаҳо нони танӯрии эҷиро тар карда хӯрдан чӣ  лаззату маза дорад!
Чашмаи Феҷак қалби дараи тӯлонии Феҷак аст. Пас аз он ки кафҳои дастро пур карда ба серӣ аз обаш мехӯред, метавонед аз самти чапи он ба ҳисори қадимаи аз замони суғдиҳо боқимонда – қалъаи босалобати Феҷак ва аз самти рост ба тарафи яке аз қадимтарин ғорҳои кӯҳии риштакӯҳҳои Нурато – Ғорикон баланд шавед. Роҳи морпечи васати дара то ба кунҷи дараи Феҷак мерасад ва аз фарози қуллаи он ба дараҳои хушманзари Пирвешу Гулдор роҳ ҳаст...
Бино ба пажӯҳишҳои доктори улуми меъморӣ, бостоншинос Додо Нозилов шеваи сохтусози хонача, роҳрав, тоқҳо ва девори гирди қалъаи Феҷак (арзи он бештар аз як метр аст ва дар похсааш сангҳое гузошта шудааст, ки имрӯз онҳоро фақат автокран бардошта метавонад!) дақиқан ба мисли тарҳи хонасозии суғдиён аст. Дар канори ин амали ҳафриётӣ пайдо шудани похсаҳои сангин, кӯзаю хум ва абзори оҳанию мисин дар гузарҳои Доничак, Тепилӯлок ва Кӯҳи Сафеди деҳа далели муътамад бар он мебошад, ки пешинаи қалъаи Феҷак ва Эҷ ба асрҳои пеш аз милод  мерасад. 
Ба хусус, дар айёми наврӯзӣ доманакӯҳҳои Феҷак пур аз одам мешавад. Боиси хушнудист, ки ин дараи босафо ҳанӯз ҳам кабки зиёд дорад, дар миёни сангу харсангҳояш ривоҷи туршмазаи сероб мерӯяд, камубеш дарахтони мишаю шибдору бодомаш мондаанд, дар доманакӯҳи самти Ғорикон ҳар сол майдонҳои лолазор чеҳра боз мекунанд.  Дар хусуси дараи Феҷак, чашмаю қалъа ва неъматҳои он суханҳои нек ва шеърҳои сара бисёр гуфта шудааст. Чунончи, яке аз манзумаҳои маъруф дар бораи қалъаи Феҷак ба қалами шоири маҳаллӣ Шакар Сайфӣ мансуб аст. Шоир дар ин манзума бо сӯз мегӯяд:
Қалъаи Феҷак сари кӯҳ, 
ин замон вайрона гашта,
Таърихаш дар байни мардум, 
қиссаю афсона гашта.
Буда аммо рӯзгоре, 
к-ӯ паноҳи мардумон буд,
Баҳри ҳифзи номуси халқ, 
садди роҳи душманон буд.
Қалъаи Феҷак сари кӯҳ, 
ин замон вайрона гашта,
Хонаи аҷдодии мо,  
бодҳоро хона гашта... 

Юнуси ИМОМНАЗАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: