ДАР ИМА ЯРМАРКАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАШКИЛ КАРДА ШУД

Аз рӯи хабари сафоратхонаи Ӯзбекистон дар ИМА, миссияи дипломатии мамлакати мо таҳти ҳамкорӣ бо созмони диаспоралии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хаятсвилл (штати Мэриленд) намоиши «Silk Road Holiday Bazaar»-ро ташкил намуд, ки дар он маҳсулоти санъати амалии халқӣ, бофандагӣ ва дигар маҳсулоти содиротӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Мақсад аз он тарғиби мероси таърихӣ-фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ, оммависозии бренди сайёҳии минтақа, мустаҳкамсозии мавқеи муҳими минтақа дар байни ҷамъияти амрикоист.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ, ки бори аввал доир гардид, шартномаҳо ба имзо расонда шуданд, ки ба фаъол гардондани маҳсулоти экспортӣ аз Осиёи Марказӣ ба ИМА нигаронида шудаанд.
Тавре миссияи дипломатии мо дар Вашингтон хабар медиҳад, дар қисми ӯзбекистонии раста маҳсулоти ширкати «Bukhara Brilliant Silk» (маҳсулоти абрешим) ва «UzBites» (содироти меваи хушк), ҳамчунин экспозитсияҳои санъати кандакорӣ, ороишоти миллӣ, маводҳо оиди иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ ҷой гирифтанд.
Таҳти дастгирии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон баробари ҳамин баромади гурӯҳҳои рақсии «Silk Road Danсe Company» ташкил ва дар он «лазгӣ», «тановар», «муноҷот» барин рақсҳои ӯзбекӣ ба меҳмонон пешкаш карда шуд. Ғайр аз ин, таҳти ҳамкории хидмати кейтерингии маҳаллӣ «Marco & Polo Restaurant» меҳмонон аз таомҳои миллии ӯзбекӣ тановул карданд.
Намоиши «Silk Road Holiday Bazaar» таваҷҷӯҳи ҷамъияти амрикоиро ба худ кашид. Назар ба фикри иштирокдорон, чорабинӣ имкон дод онҳо Осиёи Марказии дур аз ИМА-ро дар худ кашф кунанд, бо таърих ва фарҳанги бойи он шинос шаванд, шавқи саёҳат ба «дурдонаи Осиё» дар қалбашон пайдо гардад, хусусан, аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хева дидан намоянд.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: