НАФОСАТ ВА САРВАТИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДАР ҲИНДУСТОН НИЗ ЭЪТИРОФ МЕГАРДАД

Дар чорабинии байналхалқӣ, ки дар Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Нерӯ дар Деҳлӣ ба вуқӯъ омад, дар бораи эътибори бузурге, ки солҳои охир ба рушди забони ӯзбекӣ, афзудани рағбати омӯхтани он дар кишварҳои хориҷӣ дода мешавад, сухан рафт.

Дар симпозиум оид ба мавзӯи «Забони ӯзбекӣ дар Ҳиндустон» намояндагони муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва расонаҳои ахбори оммавии Ӯзбекистон, кормандони сафоратхонаи кишвари мо дар Деҳлӣ, профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои Ҳиндустон ширкат ҷустанд.
Декани Мактаби тадқиқоти оид ба забон, адабиёт ва маданияти донишгоҳ, профессор Шоба Шивасанкаран, роҳбари Маркази пажӯҳиши форсӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Ахлоқ Аҳмад ва иштирокдорони дигари анҷуман таъкид карданд, ки ҷараёни ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшудаистода барои ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи таълим имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
– Соли гузашта дар донишгоҳи мо курсҳои забони ӯзбекӣ кушода шуд, – мегӯяд профессор Ахлоқ Аҳмад. – Донишҷӯён ба омӯзиши он рағбати зиёд зоҳир мекунанд. Бинобар ҳамин мо кӯшиши менамоем фаъолияти курсҳои мазкурро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони оид ба забон ва бо дастгирии сафоратхонаи Ӯзбекистон самарабахш ба роҳ монем. Мо бовар дорем, ки миқдори мутахассисони забони ӯзбекии донишгоҳамон сол аз сол зиёд мегардад.
Дар симпозиум намояндагони донишгоҳҳои Ҳиндустон ва муассисаҳои таълимии шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Фарғонаю Қашқадарё дар бораи мероси ғановатманди илмию маънавии олимону мутафаккирони бузурги ӯзбек, робитаҳои илмиву академӣ, маданиву адабии байни халқҳои ӯзбеку ҳинд, ки решаҳояшон ба қаъри асрҳо мерасанд, сухан гуфтанд, ҳамчунин масъалаҳои рӯзмарраи омӯзондани забони ӯзбекиро дар кишварҳои хориҷӣ баррасӣ намуданд.
Шеърҳо ба забони ӯзбекӣ қироат гардиданд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: