АЗ СОЛИ 2020 УМЕДАМ КАЛОН АСТ

Соли 2019 ба хонандаи синфи 10-уми мактаб-интернати ихтисосонидаи рақами 37-уми ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ Малоҳат Низомова соли бобарор омад.

«Тамоми корҳоямон, ислоҳотамон ба фардои Ӯзбекистон нигаронида шудаанд. Заминаи фардои кишвар бошад – шумоед, ҷавонон. Аён аст, ки шумо одамони босавод, ба Ватан муносиб шудан мехоҳед. Мо барои ин тамоми шароитро фароҳам меорем»
Ш. МИРЗИЁЕВ
(Аз суҳбат бо омӯзгорон ва донишомӯзони мактаби ба номи 
Муҳаммад ал-Хоразмӣ, 27 декабри соли 2019).

 

 

 

Ӯ, бо баробари комёбиҳо дар таҳсил, муваффақиятҳо дар озмунҳои гуногун ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди кураши миллӣ, дар зинаи вилоятии озмун-азназаргузаронии самти адабиёт барои гирифтани Мукофоти давлатии ба номи Зулфия иштирок карда, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Шавқу завқи Малоҳат ба фанни адабиёт бештар аст. Ӯ ҳанӯз аз синни 8-солагӣ шеър менавишт. Шеърҳояш аз соли 2016 дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва маҷаллаҳои таълимии вилоят чоп мешаванд. Якчанд шеъри дар васфи Ватан, табиат, дӯстӣ навиштааш дар китоби «Сенинг келажагингмиз», ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонон интишор дода шудааст, ҷой гирифтаанд. Соли 2018 аввалин маҷмӯаи шеърҳояш таҳти унвони «Ҷилға» ва соли 2019 дар нашриёти «Муҳаррир»-и вилояти Навоӣ китоби «Орзуи аввалин»-аш аз чоп баромад.
Ин духтари соҳибистеъдод дар озмунҳои шеърхонӣ, иншоҳое, ки дар миқёси ноҳия, вилоят аз ҷониби Кенгаши вилоятии Иттифоқи ҷавонон, таълими халқи ноҳия, мактаб таҳти мавзӯъҳои «Назаре ба эҷодиёти А. Навоӣ», «Қаҳрамоне, ки дӯсташ медорам», «Конститутсия – пойдевори бахти мо», «Ӯзбекистони маҳбуб», «Ҷаннат зери пойи модарон аст» ташкил шудааст, иштирок карда, соҳиби дипломҳои дараҷаи I-II ва ифтихорнома гаштааст. Дарвоқеъ, Малоҳат аз соли 2016  дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди кураши миллӣ чанд бор ғолибиро ба даст оварда, соли 2017 дар чемпионати вилоятӣ оид ба кураши миллӣ ҷойи аввалро ишғол намуд ва бо медали тилло сарфароз гардонда шуд.
Ба даст овардани муваффақиятҳои зикршуда кори саҳл нест. Дар замири он меҳнати зиёди падару модари Малоҳат низ нуҳуфтааст. Тарбияи духтар, фароҳам овардани шароит барои гирифтани дониши замонавӣ, соҳиби касб шудан ва тайёр кардани ӯ ба ҳаёти мустақил аҳамияти рӯзмарра касб менамояд.
– Малоҳат фарзанди аввалини оилаамон мебошад,– мегӯяд падараш Илҳом Низомов. – Якҷо бо модараш барои иштирок кардан дар мусобиқаҳои гуногуни хоҳ варзишиву хоҳ адабӣ барояш шароити мусоид фароҳам овардем. Зеро солиму болиғ ба воя расондани фарзанд, махсусан, ба ҳаёти мустақил тайёр намудани духтарро вазифаи муҳими худ медонем.
Устодонаш Замира Аҳмедова ва Мадина Азизова ба қобилияти баланди шогирдашон дар самти адабиёт баҳои баланд дода, ҳамеша ба ӯ кӯмак мерасонанд. Муваффақиятҳои варзиширо таҳти назорати мураббии варзиш Ҷ. Нарзуллоев ба даст овардааст.
М. Низомова бо хониши аъло, хулқу атвори намунавиаш байни ҳамсолони худ низ ба ҳурмат сазовор гаштааст.
– Чун дигарон ман ҳам баъди сарҳисоби соли сипаришуда хаёлан нақшаву орзуҳои ояндаамро пеши назар меорам, – мегӯяд Малоҳат. – Дар соли 2020 умедҳоям калон аст. Пеш аз ҳама, баъди роҳхат гирифтан ба зинаи ҷумҳуриявии озмун  барои гирифтани Мукофоти давлатии ба номи Зулфия, қарор додаам, ки тайёрии ҷиддӣ дида, сазовори ин мукофот гардам. Сониян, орзу дорам, ки пас аз хатми мактаб ба донишгоҳи журналистика дохил шаваму ба орзуи деринаам бирасам.
Ба Малоҳат Низомова дар амалӣ гардидани орзуҳояш комёбиҳо металабем.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: