Ниҳоят баъди чанд даҳсола дар театри драмавии руси ба номи Чехови вилояти Самарқанд песаи яке аз саромадони давраи Эҳё шоир ва драматурги англис Уилям Шекспир (1564-1616) «Ҳамлет» намоиш дода шуд.
Асари безаволи классикиро Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Убайдуллоҳ Амон ба саҳна гузошт.
Барои шунидани монологи адабии «ҳаёт ё мамот» хеле мардуми Самарқанд ва меҳмонон аз Русия омаданд. Аммо тааҷҷуби мухлисон аз он иборат буд, ки саҳна ороишу чароғакҳои ранга, мусиқии пасту баланд, хореографияи дунболгир надошт. Қаҳрамони асосӣ – Ҳамлет ба чодари сиёҳи сар то по печида ва дар даст шамъ аз паси парда пайдо шуда, монолог қироат кард, ки бисёр тӯл накашид.
Сипас, маълум шуд, ки асари саҳнавӣ аз 130 саҳифа ба 30 саҳифа ихтисор гардида, қаҳрамонҳои дигар дар як гӯшаи саҳна ҷой гирифтаанду халос.
– Аз «Ҳамлет» дар саҳнаи Самарқанд мухлисони санъат хеле хурсанд ҳастанд, – гуфт Убайдуллоҳ Амон ба вакилони расонаҳои ахбор, – охир замоне «Шоҳ Лир», «Отелло», «Юлий Сезар» ва дигар шоҳасарҳои ҷовидонаи драматурги номдори англис Уилям Шекспир ба мухлисони бешумори театр ғизои маънавӣ бахшида, гоҳе дар толор ҷойи нишаст набуд.
Хушбахтона, бо қарору фармонҳои Сарвари давлатамон фаъолияти театрҳои ҷумҳурӣ беҳтару хубтар шуданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.