Шавкат Мирзиёев: Қирғизистон шарики муҳими стратегӣ, ҳамсояи наздик ва дӯсти аз озмоиши давр гузаштаи мо мебошад

  • Шавкат Мирзиёев: Қирғизистон шарики муҳими стратегӣ, ҳамсояи наздик ва дӯсти аз озмоиши давр гузаштаи мо мебошад

Дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча”-и Бишкек Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар доираи маҳдуд мулоқот анҷом доданд.

Сарвари давлатамон барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар давоми ду соли охир ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қирғизистон хеле пурсамар инкишоф ёфтанд.

– Қирғизистон шарики муҳими стратегӣ, ҳамсояи наздик ва дӯсти аз озмоиши давр гузаштаи мо мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Таъкид шуд, ки ҷонибҳо тавонистаанд муносибатҳои дуҷонибаро дар ду соли охир ба сатҳи комилан нав расонанд. Анҷоми делимитатсияи марзи Ӯзбекистону Қирғизистонро рӯйдоди таърихӣ номиданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.

Раҳбари Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба ҳафт баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо соли гузашта муомилоти мол 30 фоиз афзуда, ба 1,3 миллиард доллар расид.

Ба ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат супориш дода шуд, ки масъалахои минбаъд ҳам зиёд кардани ҳаҷми муомилоти мол ва васеъ намудани доираи молфиристии байниҳамдигариро якҷоя кор карда бароянд.

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, нассоҷӣ, энергетика, маъдани кӯҳӣ ва кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Ба ин мақсадҳо иқтидори Хазинаи рушди Ӯзбекистону Қирғизистон фаъолонатар истифода хоҳад шуд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои минтақавӣ ва платформаҳои байналмилалӣ, масъалаҳои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва муқовимати самарабахш бо чолишҳо ва таҳдидҳои замонавиро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо саъю кӯшиши тарафайн ва минбаъд идома додани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: