Президент Шавкат Мирзиёев 1 март аз литсейи ҳарбиву академии ба номи Ҷалолиддин Мангубердӣ дар шаҳри Урганҷ боздид намуд.
Муассисаи таълимӣ кори худро дар соли хониши 2023-2024 шурӯъ кард. Дар бинои замонавӣ барои 300 нафар тамоми шароити таҳсил ва таълими ҷавонон ба вуҷуд оварда шудааст. Дар ин ҷо ба онҳо илмҳои дақиқ дар тӯли ду сол омӯзонда мешавад. Синфҳо бо замонавитарин василаҳои мултимедиа ва таҷҳизоти коммуникатсия муҷаҳҳазанд. Дар маркази иттилоотиву захираи литсей беш аз 7 ҳазор китоби таълимӣ ва бадеӣ, беш аз 11 ҳазор нашрияҳои электронӣ мавҷуданд. Марказ ба шабакаи муассисаҳои таълими олии минтақа ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ пайваст мебошад.
Ғайр аз ин дар литсей музейи Ҷалолиддин Мангубердӣ, толори варзиш ва маҷмӯи варзишӣ, майдон, ошхона ва хобгоҳ мавҷуд аст.
Хонандагон метавонанд дар бештар аз 10 маҳфили фаннӣ, иттилоотиву технологӣ, маҳфилҳои эҷодӣ ва сексияҳои варзишӣ иштирок намоянд. Барои онҳо пӯшок ва инчунин хӯроки чормаҳали гарм бепул пешниҳод мешавад.
Роҳбари давлат бо муассисаи таълимӣ ва ҷараёни таҳсил шинос гардида, бо муаллимон ва хонандагон сӯҳбат орост. Таъкид шуд, ки ватанпарварӣ ва ҷасорати Ҷалолиддин Мангубердӣ барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.
– Он нукта, ки дар инҷо фанҳои дақиқ омӯзонда мешавад, ин хуб аст. Ҳамзамон дар ҷараёни таълим бояд ба тарбияи ватанпарварӣ ва омӯзиши арзишҳоямон эътибор дода шавад. Эҳсоси миллӣ ва ифтихор силоҳи қавии ҷавононамон бояд гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид шуд, ки омодагии ҳарбии баланд ва рӯҳи маънавӣ такягоҳи муҳими муҳофизони мамлакат ба шумор мераванд.
Литсей бо Донишгоҳи давлатии Урганҷ ва Омӯзишгоҳи олии қӯмондониву муҳандисии танки Чирчиқ ҳамкорӣ менамояд. Инчунин чорабиниҳои ҳарбиву ватанпарварӣ ва мусобиқоти варзишӣ бо иштироки хонандагони мактаби таълимоти ҳамагонии №3 Урганҷ баргузор мегардад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ин таҷриба бо дигар мактабҳо низ вусъат дода шавад.
Бо ҳамин сафар ба вилояти Хоразм ба поён расида, роҳбари давлат ба Тошканд баргашт.