ФАРИШТАИ НАҶОТ

Мегӯянд, ки зане буд аз дасти шавҳар бо ҳар баҳонае калтак мехӯрд, вале ӯ ба ҳеҷ кас шикоят намекард ва ҳамеша умеде дошт, ки рӯзе шавҳараш ислоҳ мешавад.

 Яке аз шабҳо шавҳараш ӯро калтак мекард, ки ногаҳ дари ҳуҷра тақ-тақ шуд. Ҳанӯз дили шавҳар қарор нагирифта буд. Чун дарро боз кард, дид пушти дар падар, модар ва бародари арӯсаш.
Мард дар зоҳир худро хушҳол нишон дод, аммо дар ботин тамоми баданашро тарс фаро гирифт ва аз дил гузаронд: «Агар ҳозир духтарашон сирри маро фош созад, ҳоло ки ман дар хона танҳоям, онҳо метавонанд қасди духтарашонро биситонанду бираванд». Вақте падар пурсид «духтарамон куҷост?» гуфт:
– Падар, ҳоло фарёдаш мезанам, дар утоқи хоб аст. 
Мард рафт назди зан, ки ӯ ҳанӯз рӯйи замин хобида, аз зарбаи лат гиря мекард. Мард гуфт:
– Эй зан, хонаводаат омаданд, падару модар ва бародарат. Баро наздашон, салом кун.
Зан аз ҷояш бархост, ашкҳояшро пок кард, кӯшиш мекард, ки то ашки худро нишон надиҳад, вале дилаш аз алам пур буд. Чун назди хонаводааш омад, назар ба падараш кард. Дилаш ба ҳоли худаш сӯхт ва чун дасти падарро бӯса кард, дигар худро идора карда натавонист ва ба гиря даромад. 
Падар пурсид: – Чаро гиря мекунӣ, духтарам?
Гуфт: – Падар, ин ашки хушҳолист. Вақте домодат гуфт, ки тамоми аҳли хонаводаат ба хона омадаанд, аз хурсандӣ ман дигар натавонистам худамро идора бикунам. Шумоёнро интизор набудам...
Аз шарм тамоми бадани мардро арақи сард пахш кард. Зан аз дард гиря мекард, мард аз шармандагӣ...
Ҳамин тариқ, меҳмононро хуб пазироӣ намуданд ва онҳо рафтанд. 
Мард дар хилват худ ба худ мегуфт: « Эй беинсоф, эй муҷрим, эй кӯрнамак, эй бераҳм! Чӣ фариштае дар хонаат будааст, лек ту Худобехабар қадрашро намедонистӣ». Чун субҳ дамид, мард ба бозор рафт. Барои занаш туҳфаи нафисе харид кард. Чун ба хона омад, занашро наздаш хонд ва ғурури хеш якҷо гузошту аз занаш бахшиш пурсид:
– Маро бубахш, ки қадри туро надонистам. Надонистам, ки Худо чӣ гуна фариштаи наҷоте ба ман додааст. Ту оила, асрор, обрӯ ва зиндагии маро ҳифз кардӣ.

«АКНУН ХОНАИ МАН ҲАМ МУРД»

Чун ҳамсари фақиҳи барҷаста Абу Рабиъа даргузашт, худи ӯ ӯро ба хок супорид ва дастони худро аз замин пок кард. 
Чун ба хона баргашт, ғамгинӣ ӯро фаро гирифт ва бо чашмони пур аз ашк ба  Аллоҳ рӯ овард ва гуфт: 
«Акнун хонаи ман ҳам мурд...»
Ҳар оила танҳо бо ҳузури зан атрангез аст.

Таҳияи Б. ФАРИШТА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: