«МАНБАИ ҚУДРАТ, МАСКАНИ САОДАТ ҲАСТӢ, ӮЗБЕКИСТОН!»

Табиати инсон ҳамин аст, ки доимо ба офаридани зебоӣ, рангорангӣ ва беғубории гирду атроф ҳаракат мекунад.

Табиати инсон ҳамин аст, ки доимо ба офаридани зебоӣ, рангорангӣ ва беғубории гирду атроф ҳаракат мекунад. Имрӯзҳо на танҳо намои пойтахт, балки тарҳи деҳаҳои дурдасти кишвар низ дигаргун шуда истодааст. Вақте шахс ба ягон шаҳр ё деҳа меравад, албатта, бори аввал назараш ба навоварӣ ва дигаргунии он меафтад. 
Бахшида ба 29-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт фотонамоишгоҳ бо номи «Манбаи қудрат, маскани саодат ҳастӣ, Ӯзбекистон» кушода шуд. Дар экспозитсия наздик ба 100 фотоасар намоиш дода мешаванд. Ин намоишгоҳи навбатӣ бо рангорангии худ диққатҷалбкунанда буд. Дар он бунёдкориҳои мамлакат, бахусус, корҳои сохтмон дар пойтахт, дар солҳои охир бунёд шудани биноҳои замонавии зебо, боғҳои истироҳатӣ, масканҳои обод, комёбиҳои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо акси худро ёфтаанд. Инчунин, асарҳое, ки дар онҳо бачагии беғубор, занони хушбахт, ҷавонони шуҷоатнок, дарахту буттаҳои ороишӣ ифода ёфтаанд, дар намоишгоҳ ҷой доранд. 
Дар намоишгоҳи мазкур дар баробари рассомони ҷавон рассомони таҷрибанок ва куҳансол низ бо асарҳои худ иштирок доранд. Аз ҷумла, асарҳои рассомони ботаҷриба Р. Шарипов, В. Жирнов, В. Шлосберг, Ҳ. Ато ва рассомони ҷавон Муҳиддин Алӣ, Д.Муслимова, А. Қозиева ва дигарон таҳти номҳои «Кулчаҳои модарам», «Деҳаи обод», «Хирмани ғалла», «Осоиштагӣ», «Дар мактаби нав», «Субҳи нав» , «Об – манбаи ҳаёт», «Бӯйи нон», «Бобои ман» ва ғайра диққати тамошобинро ба худ ҷалб мекунанд.
Дар поёни чорабинӣ рассомон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии мутасаддиён тақдир шуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».


НАМУНАИ ИНСОНПАРВАРИИ ҲАҚИҚӢ
Солҳои охир ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, омурзиши шахсоне, ки надониста ба роҳи ҷиноят қадам гузоштаанд, диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар асоси тамоюли омурзиш ҳамоҳангсозии қонуният ва адолатро дидан мумкин аст.
Бо фармони Президент афв намудани маҳкумшудагоне, ки надониста қонунро вайрон карда, аз аъмоли худ самимона тавба карданд ва ба роҳи ислоҳ даромаданд, ба онҳо имкон медиҳад, ки ба назди хешовандон ва наздикон, ба оғӯши оилаашон баргарданд.
Барои он ки шахсони афвшуда ба таври иҷтимоӣ мутобиқ шуда, ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул гарданд, зиндагии худро ба тартиб дароранд, як қатор чораҳо оид ба расондани кӯмак ба онҳо андешида мешаванд.
Тибқи фармони афв, ки таҷассумгари инсонпарварии хоси кишвару халқи мебошад, бисёр шаҳрвандоне, ки ҷазоро адо мекунанд ва ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, ба ҳалқаи оилаҳои худ баргаштанд, муҳлати ҷазои баъзе аз маҳкумшудагон кам карда шуданд.
Яке аз шаҳрвандони афвшуда Дилмурод Раҳмонов, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Янги ҳаёти вилояти Намангон мебошад.
Д.Раҳмонов муаллими биология буд ва маълумоти олӣ дошт. Вай яке аз муаллимони пешқадами ноҳия буд. Соли 2013 бар асоси моддаҳои 244 қисми 1, 246 қисми 1, 159 қисми 1 ба 9 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Дар асоси фармони роҳбари давлат  муҳлати боқимондаи ӯ  2 солу 2 моҳ ба мӯҳлати шартӣ иваз карда шуд ва ӯ ба ҳалқаи оилаи худ баргашт.
Ҳангоми ба хона баргаштани Д.Раҳмонов ба ӯ кӯмаки якдафъаинаи моддӣ расонида шуд. Намояндагони ҳукумати ноҳия, шуъбаи дастгирии маҳалла ва оила бо ӯ вохӯрда, мушкилоти ӯро омӯхтанд ва бобати ба кор даромадан кӯмак карданд.
Дилмурод изҳор намуд, ки барои халқ ва Ватани худ садоқатмандона хидмат карда, ваъда медиҳад, ки се фарзандашро ҳамчун инсони арзанда таълиму тарбия мекунад. Вай ба сарвари давлат ва ҳукумат барои имконият ва эътимод изҳори сипос кард.
Таври дигар ифода намоем, фармони Президенти кишвар дар бораи афв ба бисёр оилаҳо шодмонӣ ва оромӣ овард. Ин намунаи инсондӯстӣ ва олиҳимматии ҳақиқист.

С. НАҶМИДДИНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: