Лоиҳаҳо бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд

  • Лоиҳаҳо бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд

20 ноябр таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев рафти лоиҳаҳое, ки бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва тандурустӣ амалӣ мешаванд, баррасӣ гардид.

Тӯли солҳои охир  ҳам ҳаҷм, ҳам миқёси лоиҳаҳое, ки бо дастгирии институтҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ мегарданд, торафт васеъ мегардад. Аз ҷумла, дар ҳафт соли охир 16 миллиард доллар азхуд шуда, 103 лоиҳаи нав роҳандозӣ шудааст.

Дар натиҷа 9 ҳазор иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохтор сохта,  таъмир карда шуд, ки зиндагии рӯзмарраи тақрибан 5 миллион нафарро беҳтар намуд. 38 объекти нави калони саноатӣ ба кор андохта шуда, 6,5 ҳазор кори сердаромад ташкил карда шуд.

Дар баробари ин аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ технологияҳои нав ва равишҳои муосир ба бахшҳои иқтисодӣ ворид мешаванд. Аммо на ҳамаи соҳаҳои саноат нишондиҳандаҳои баланд ба даст меоваранд. Масалан, дар назар аст, ки имсол Вазорати кишоварзӣ аз созмонҳои молии байналмилалӣ 238 миллион доллар азхуд кунад. Ин назар ба план хеле кам аст.

Дар маҷмӯъ, дар солҳои охир ба ин соҳа 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардида, 1 миллиарду 300 миллион доллари он азхуд шудааст. Лоиҳаҳое ҳастанд, ки аз график қафо мемонанд. Масалан, лойиҳаи ташкили марказҳои агрологӣ дар вилоятҳои Андиҷон, Самарқанд ва Тошканд ба таъхир афтодааст.

Вазорати тандурустӣ 11 лоиҳаро ба маблағи 877 миллион доллар ба нақша гирифтааст. Аксарияти онҳо амалӣ шуда истодаанд. Аммо азхудкунии маблағгузорӣ оид лоиҳаҳои таҷҳизонидани муассисаҳои нефрологӣ ва урологӣ, сохтмони маркази тиббии бисёрсоҳа барои калонсолон дар ноҳияи Яшнободи пойтахти мо, созмон додани лабораторияи миллии реферанс шурӯъ нашудааст.

Дар низоми “Ўзсувтаминот” 22 лоиҳа ба маблағи 2,1 миллиард доллар татбиқ мегардад. Эҳтимолияти сари вақт ба кор андохта нашудани 8 объект мавҷуд аст.

Дар ҷамъомад нишон дода шуд, ки дар аксар мавридҳо ин ба фаъолияти гурӯҳҳои лоиҳавӣ вобаста аст.

Сарвари давлатамон дастур дод, ки масъулияти вазиронро барои татбиқи лоиҳаҳо баланд бардошта, ҳар як лоиҳаро бо иштироки коршиносони байналмилалӣ пайваста муҳокима карда, истифодаи самараноки маблағҳоро таъмин намоянд.

Шахсони масъул доир ба тадбирҳои оид ба тезондани корҳо, барҳам додани таъхирҳо, татбиқи сифатноки лоиҳаҳои то охири соли ҷорӣ ва то соли 2024 андешидашуда ҳисобот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: