Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд

  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи сохтмони манзил муайян карда шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои сохтмони манзил ва мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» дар соли ҷорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мардум дар тамоми вилоятҳо хонаҳои нав сохта мешаванд. Дар баробари ин ба мақсади васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба ипотека чор сол қабл низоми нави қарздиҳӣ, ки ба тамоюлҳои бозорӣ асос ёфтаанд, ҷорӣ шуда буд. Мувофиқи он дар давраи гузашта аз ҳамаи манбаъҳо 100 триллион сӯм равона карда шуд. Аз ҳисоби ин дар минтақаҳо 6 ҳазор хонаҳои бисёрҳуҷрадор сохта, 250 ҳазор оила соҳиби манзили нав шуданд. Ба 45 ҳазор оилаи даромадаш паст ба маблағи 2,4 триллион сӯм барои бадали ибтидоӣ ва пардохти фоизҳо субсид дода шуд.

Аз ҷумла, соли гузашта дар саросари кишвар 85 ҳазор воҳид хонаи истиқоматӣ сохта шуд, ки нисбат ба соли 2022 1,5 баробар зиёд мебошад. Ба аҳолӣ ба маблағи 17 триллион сӯм қарзи ипотекӣ ҷудо карда шуд.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби барномаи соли ҷорӣ бунёд намудани 100 ҳазор воҳид манзил ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷамъомад чораҳои дахлдор баррасӣ шуданд.

Дар навбати аввал ба нарх ва сифати манзили нав таваҷҷуҳ дода, номутаносибиҳо нишон дода шуданд. Оид ба кам кардани арзиши аслӣ ва беҳтар намудани сифати сохтмони манзил ба шахсони масъул супориш дода шуд. Ба ин муносибат муайян карда шуд, ки бо мақсади афзоиши пешниҳод дар бозори манзил қитъаҳои замини иловагӣ барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ба савдоҳои музояда гузошта мешаванд.

Сарвари давлат дар бораи фароҳам овардани имкониятҳои нав барои аҳолӣ ва бинокорон эълон намуд.

Соли ҷорӣ барои маблағгузории ипотека аз тамоми манбаъҳо 22,5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Аз он ҷумла, қариб 10 триллион сӯм барои қарзи ипотекӣ, 2,3 триллион сӯм – барои пӯшондани бадали ибтидоӣ ва фоизҳои 20 ҳазор оилаи даромадаш паст ҷудо карда хоҳанд шуд.

Барои сарпур кардани маблағҳои гардони ташкилотҳои пудратӣ 500 миллиард сӯм бо пешниҳоди вомҳои имтиёзнок ба муҳлати то 18 моҳ бо ставкаи солонаи 16 фоиз ва давраи имтиёзноки 12 моҳ ҷудо карда мешаванд.

Бонкҳо низ бо маблағҳои худ дар ин раванд ширкат хоҳанд кард.

Барои корҳои сохтмон ва аз тарафи аҳолӣ харидани манзил имтиёзҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, ба сохтмони манзилҳои панҷошёна пудратчиёне, ки рейтинги «қаноатбахш», дар мавриди биноҳои нӯҳошёна бошад, рейтинги «миёнаи қаноатбахш» доранд, роҳ дода мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки қариб 2 ҳазор ташкилоти пудратӣ дар корҳои сохтмон иштирок кунанд.

Дар сохтмони манзил стандартҳои «сабз» ҷорӣ карда мешавад. Ба пудратчиёни ба он мувофиқ қарз бо ставкаи аз як фоиз паст, яъне 15 фоизи солона дода мешавад.

Барои ба пудратчиён додани кафолати қарз ва ҷуброни як қисми хароҷот оид ба фоизҳо аз ҷониби Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ 200 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Муҳлати имтиёзҳои гумрукӣ ҷиҳати воридоти техникаи махсус барои сохтмони манзил як соли дигар дароз карда мешавад.

Минбаъд талаботи суғуртаи манзили ипотекӣ, ки ба сифати гарав дода мешавад, бекор мегарданд.

Ба оилаҳое, ки ба барномаи аз камбизоатӣ баровардан ворид карда шудаанд ва дар манзилҳои корношоям зиндагӣ мекунанд, дар асоси тавсияи «ҳафтгонаи маҳалла» барои сохтмон ва таъмири манзили шахсии худ ба андозаи то 120 миллион сӯм қарзи  ипотекӣ дода мешавад. Дар баробари ин 15 банди фоизи қарз, инчунин то 60 банди ставкаи фоизи солона барои панҷ соли аввал аз ҳисоби буҷа пӯшонда мешавад.

Дар васеъ гардондани дастрасии аҳолӣ ба ипотека Ширкати оид ба аз нав маблағгузории ипотека нақши муҳим дорад. Дар се соли охир портфели қарзии он аз 3 триллион сӯм гузашт. Дар назди ширкат вазифа гузошта шуд, ки сармояи оинномавии худро то 100 миллион доллар афзоиш дода, ҷалби сармояи хориҷиро тавсеа диҳад.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» баррасӣ шуданд.

Имрӯз дар минтақаҳо сохтмони 38 мавзеъ оғоз гардида, дар соли ҷорӣ бунёди 17 мавзеъ ба нақша гирифта шудааст.

Аммо дар баъзе минтақаҳо қафомониҳо ба мушоҳида мерасанд. Масалан, дар вилоятҳои Сурхондарё, Андиҷон, Тошканд, Самарқанд ва Сирдарё суръати сохтмон ақиб мемонад.

Ба ин муносибат супориш дода шуд, ки рӯйхати суроғаҳо дар қисмати мавзеъҳо тасдиқ карда, суръати корҳои сохтмонӣ тезонда шавад. Сарвари давлат қайд намуд, ки дар ин бобат талаботи асосӣ бояд сифат, риояи муҳлат ва арзиши аслӣ гардад.

Таъкид гардид, ки баъзе бинокорони бевиҷдон аз боварии харидорон сӯиистеъмол мекунанд ва аз ин рӯ зарурати пурзӯр намудани низоми ҳифзи аҳолӣ ҳангоми сохтмони манзил дар асоси ҳисса таъкид гардид. Муайян карда шуд, ки талаботи минималии устувории молиявии ташкилотҳои бинокорию пудратие, ки дар савдоҳои музоядаи замин иштирок мекунанд, муқаррар карда шаванд.

Зикр гардид, ки манзилҳои фарсудаи баъзе минтақаҳо дар асоси реноватсия таъмир карда, барои сокинони онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Муовинони Сарвазир ва ҳокимони вилоятҳо дар бораи нақшаи корҳо оид ба ташкил кардани корҳои сохтмонӣ ҳисобот доданд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: