САРБОЗИ ҲАЁТ

Барои мо навиштани матолибе доир ба раиси Маркази фарҳангии эрониёни Самарқанд Равшан Ғуломов, ки барои адолату ҳақиқат, халқу миллат талош меварзад, ифтихору хушнудист.

(Очерк)
Мо барои бахту осоиштагии ҳаёти ҳар як инсон, ки дар кишварамон зисту зиндагӣ дорад, беҳбудии саломатии ӯ, соҳиби таълими хуб шудан, муҳайё сохтани шароити оилавӣ, фароҳам овардани тамоми имкониятҳо барои ӯ саъю кӯшиш мекунем ва ин амали некро мунтазам давом медиҳем.
Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Барои мо навиштани матолибе доир ба раиси Маркази фарҳангии эрониёни Самарқанд Равшан Ғуломов, ки барои адолату ҳақиқат, халқу миллат талош меварзад, ифтихору хушнудист. Воқеан, пас аз вохӯрӣ бо ӯ дар дафтари қайдҳои камина маълумоти зиёди ҷолиби диққат сабт ёфт, ки аз ин хусус, ҳатто китоб навиштан имконпазир аст. Аз ин рӯ оид ба ӯ, ки тақдири хос дорад, ҳамчун ҳиссае аз қиссаи шавқовару ибратбахш пешкаши мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» мекунем.
Ӯ соли 1960 дар гузари Панҷоби шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Пас аз хатми мактаби миёна шомили факултаи филологияи ӯзбеку тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Аз устодони сахтгир, вале меҳрубону ғамхор – академикҳо Воҳид Абдулло, Ботурхон Валихоҷаев, профессорон Саъдулло Мирзоев, Мирҷамол Мирсаидов, Далилӣ, Атоӣ ва дигарон сабақ гирифт. Маҳз солҳои таҳсил ба варзиш, хосатан самбо, дзюдо, гӯштии миллӣ болодаст гашта, унвони устоди байналхалқии варзишро соҳиб шуд. Соли 1981 дар Маскав мусобиқа ба хотири варзишгари номдор Харламнидӣ ба вуқӯъ пайвасту Равшан дар вазни беш аз 100 кило пирӯз гашт ва номи «Паҳлавон»-ро ширифт. 

Марди кордону сухандон

Равшан Ғуломов ҳар як саҳифаи китоби рӯзгори хешро бо ҳарфҳои сангин сабт кардааст, ки ҳаргиз зудуда намешаванд.
Соли 2001. Собиқ ҳокими вилоят, ҳоло сарвари давлат Шавкат Мирзиёев, ки барои ободу зебо кардани Самарқанд камари ҳиммат баста буд, нобаҳангом ба гузари Панҷоб омад. Ташрифи ӯ аз боздиди масҷиди ҷомеъ ва мадрасаи қадима оғоз ёфт. Он айём маҷмӯаи ёдгорӣ ҳоли табоҳ дошт.
– Ту, полвон, амини маҳалла, шарм намедорӣ, – ба Равшан Ғуломов муроҷиат намуд Шавкат Мирамонович, – охир чунин ҷойи муқаддас ба харобазор мубаддал шудааст-ку! Шумо, аҳли гузар ба насли оянда чӣ мерос мегузоред?   
 – Маҷмӯа дар ихтиёри идораи ақди никоҳи шаҳр аст, – гуфт амини маҳалла дар ҷавоб. 
– Фаромӯш накунед, ки савобу гуноҳи он ба зиммаи шумост. Фардо бо ҳуҷҷат ва таклиф ба ҳокимияти вилоят биё, – супориш дод ҳоким, – ин масъаларо якҷо ҳал мекунем. Фаҳмо?
–  Фаҳмо, – аз бепарвоии худ хиҷолат кашида, ваъда дод Равшан.
Равшанполвон «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» гуфта, бо фаъолон ва мӯйсафедони рӯзгордида машварат ороста, чанд таклифу дархости онҳоро рӯйи коғаз овард. Дар байни онҳо собиқ сафири Ӯзбекистон дар Эрон Эркин Хоҷаев, набераи маърифатпарвар Саидризо Ализода Фарҳод ва дигарон буданд.
Ҳоким вакилони маҳаллаи Панҷобро пазируфт ва зуд ба мақсад гузашт:
– Ҳозир ба ҳокими шаҳр супориш медиҳам, ки идораи ақди никоҳро аз маҷмӯаи ёдгорӣ ба дигар ҷой кӯчонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Барои таъмир аз ҳисоби ҳокимият бист миллион сӯм ҷудо карда мешавад, лекин, ба фикрам, ин маблағ кофӣ нест.
– Шавкат Мирамонович, мардуми мо ҳимматбаланд, – даст сари сина гузошт Равшанполвон, – корҳои таъмиру тармимро бо роҳи ҳашар ба ҷо меоварем.
– Ман медонистам, ки Равшан на танҳо паҳлавони майдон, балки марди кордону сухандон ҳам ҳаст, – завқ кард ҳоким, – аз ҳаракат – баракат гуфтаанд. 

Ҳар он кас, 
ки «Шаҳнома»-хонӣ кунад...

Панҷобиён аз қабули ҳоким хушҳол баромада, барои ободу зебо кардани манзили хеш, хосатан маҷмӯаи ёдгорӣ, қабристон, кӯча камар бастанд. Ҳимматбаланду саховатпешагон бо маблағ кумак расонданд. Сафоратхонаи Эрон дар Ӯзбекистон низ дасти ёрӣ дароз кард. Ҳатто муҷассамаи Абулқосим Фирдавсиро туҳфа намуд, то дар маркази маҳалла гузоранд.
Аз ҳама муҳимаш, баъзан ҳокими вилоят сари роҳ ба ин ҷо омада, ба ҳашарчиён рӯҳ мебахшид. 
– Аз ғайрату шуҷоати шумо хабардорам, Равшанполвон, – гуфт устодаш Ботурхон Валихоҷаев, – аммо зуд-зуд ба шуъбаи дастхатҳои Шарқи китобхонаи донишгоҳ омаданатон хеле нағз. Маслиҳати ман бештар асарҳои классикон, алалхусус «Шоҳнома»-и Фирдавсиро мутолиа кунед, ки бузургтарин ҳамоса дар адабиёти мост. «Шоҳнома» ва рӯҳи поки Фирдавсӣ дар лаҳзаҳои душвор мададгор хоҳанд шуд. Беҳуда нагуфтаанд: 
Ҳар он кас, ки «Шаҳнома»-хонӣ
 кунад,
Агар зан бувад, қаҳрамонӣ кунад!

Шуҷоат ба кирдор аст, на ба гуфтор

Рост гуфтаанд, ҳар ҷо ҳабибест, дар он ҷой рақибест. Дар байни мардум, роҳбарияти вилояту ҷумҳурӣ ва варзишгарон эҳтиром пайдо кардани Равшанполвон ба ҳасудон нафорид. «Гандумнамои ҷавфурӯшон» бо ҳар роҳ ба ӯ туҳмат мекарданд ва ниҳоят ба муроди нопоки худ расиданд. Шахсони дилсиёҳ, аз фурсат истифода бурда, ба идораҳои дахлдор хабар додаанд, ки амини маҳаллаи Панҷоб Равшан Ғуломов ҳамчун ҷонишини раиси ҷамъият дар корҳои зишт даст дорад. Ғайричашмдошт Равшанполвон номи «ҷосус»-ро гирифт ва паси панҷара шуд. 
Лаҳзаҳои душвору сангин ва азоби рӯҳиву ҷисмонӣ шаш моҳ давом ёфт, то ҳақ ба ҳақдор расад. Тасаллои дили ӯ ин байти Зебунисо буд:
Навмед набояд шудан аз гардиши 
айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре 
ҳаст.

Зинда бод, озодӣ!

Агар ман ин қиссаи зиндагиамро бо дили софу беолоиш бигӯям, баъзеҳо онро ҳазён мепиндоранд. Оре, айб мондан кори осон аст!
Қаҳрамони мо ба озодӣ баромаду рост ба қабристони маҳалла рафт, то зиёрат кунад, ояте аз Қуръони карим тиловат намуда, ба рӯҳи поки гузаштагон бахшад. Зеро Равшанполвон, ҳангоми паси панҷара будан даст ба дуо бардошта, аз Парвардигори меҳрубон мепурсид, ки зудтар дари зиндон боз шаваду ба озодӣ барояд. Ва хушбахтона орзуяш ҷомаи амал пӯшиду дар ҳалқаи аҳли оила аст!
Дар сари марқади Саидризо Ализода – ин марди донишманду журналисти далер хеле нишаст. Мавсуф барои миллату забон, адолату ҳақиқат қурбон шуд. Соли 1937 ӯро ҷосуси хориҷиён гуфта, ба Сибир бадарға карданд. Соли 1945 дар маҳбаси шаҳри Владимири Русия ҷон ба ҷонофарин супурд. Наберааш Фарҳод Ализода баъди ҷустуҷӯи бисёр турбати ӯро пайдо карда, хокашро ба қабристони Панҷоб овард. 
Равшанполвон дертар фаҳмид, ки бо дахолати собиқ ҳокими вилоят Шавкат Мирзиёев ба озодӣ баромадаасту рӯзҳои сиёҳ паси сар шудаанд.
Чанд муддат ҳамчун мураббии варзишгарон кор кард. Аз байн фурсате гузашту  мардуми қадршиноси маҳалла ӯро боз амини худ интихоб карданд. 

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад...

Аз Эрон меҳмонони баландмартаба ба маҳаллаи Панҷоб ташриф оварданд, ки бо ин мардуми ҳамтабори худ аз наздик шинос шаванд. Меҳмонони олиқадрро бо нону намак, гулдастаҳои тару тоза, самимона истиқбол карданд. Вале баъзе мӯйсафедону фаъолон бо онҳо ба забони ғайр ҳарф заданд, ки боиси тааҷҷуби меҳмонон шуд.
– Шумо чӣ тавр эронтабор ҳастед, ки забони модариро намедонед, – пурсид яке аз меҳмонон.
Посух доданд, ки ин иллати замони пешин аст ва, албатта, ислоҳ хоҳад шуд. Баъди гусели онҳо амини маҳалла фаъолонро ҷамъ оварда, таклиф кард, ки дар назди Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистону Эрон мактаби омӯзиши ҳуруфи арабӣ ва забони форсӣ кушода шавад.
– Раҳматӣ бобоям Саидризо Ализода 14 забонро медонистанд ва барои мардуми таҳҷоӣ луғатҳои гуногун тартиб дода буданд, – гуфт Фарҳод Ализода. – Бузургон фармудаанд: «ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забонаш осон гардад». 
Дигарон низ ба сухан баромада, пешниҳоди амини маҳалларо дастгирӣ карданд. Хушбахтона, имрӯз дар ҳуҷраҳои собиқ масҷиди ҷомеъ, ки дар гузашта бобову бобокалонҳои панҷобиён сабақ мегирифтанд, қариб 150 нафар дар ду баст илму дониш мегиранд, забону ҳуруфи ниёгонро меомӯзанд. Ҳатто чанд нафар аз Эрон омада муаллимӣ мекунанд.

«Фирдавсӣ» – дар Самарқанд

Кӯчаи марказии Панҷоб ба номи муаллифи бузургтарин ҳамосаи адабиёти форсу тоҷик Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шуд, ки ифтихори мардум аст. Адиби шинохта Адаш Истад ба зиёрати қабристони Панҷоб омада, дид, ки муҷассамаи Фирдавсӣ дар ҳоли табоҳ аст. Баъди суҳбат бо амини гузар – Равшанполвон қарор шуд, ки ҳайкали Фирдавсӣ дар сари кӯча ё маркази маҳалла гузошта шавад. Таклифро ба ҳокимияти вилоят расонданд, то ба ин муносибат қарор қабул карда шавад. Аз байн чанд рӯз сипарӣ шуду ҳокими вилоят ба инҷо бо меъмору лоиҳакашон, бостоншиносону эҷодкорон ташриф фармуд.
Баҳсу мунозира авҷ гирифт. Меъморону лоиҳакашон муҳитро омӯхта, таклиф карданд, ки агар ду-се ҳавлӣ аз шафати масҷиди ҷомеъ ба дигар ҷо кӯчонида шавад, бунёди «Хиёбони Фирдавсӣ» имконпазир хоҳад шуд. Баъдан дар ин ҷо, ҳатто анҷуманҳои фарҳангӣ ташкил кардан мумкин аст. 
– Соҳибони ҳавлӣ розӣ намешаванд, – луқма партофт кадоме аз ҳозирон, – барои ин кор маблағ лозим аст.
– Ҳоло мо дигар ташвиш дорем, ин муамморо фаъолони маҳалла ҳал кунанд, қарор баровардану лоиҳаро тасдиқ кардан аз мо, – гуфт ҳоким.
– Маъқул, халқамон ҳимматбаланд ва бовар дорам, ки маблағ ҷамъ мешавад, – иброз дошт Равшанполвон. 
Дар ҳақиқат «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад» шуд. Аҳолӣ аз рӯйи имконият ба хазинаи маҳалла беш аз як миллион доллар маблағ супурданд. Қарори гузоштани муҷассама низ интишор ёфт. Дере нагузашта техника ва бинокорон ба бунёди хиёбон пардохтанд. Дар муддати кӯтоҳ «Хиёбони Фирдавсӣ» омода гашт. Рӯзи тантанавор кушодашавии муҷассамаи Фирдавсӣ маълум шуд ва бо ҳамин муносибат аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон вакилон ташриф фармуданд. Аммо боиси ҳайрати меҳмонону мизбонон он шуд, ки як-ду нафар вакилони расмии маҳаллӣ амр додаанд, ки ҳикматҳои Фирдавсӣ фақат бо ҳуруфи лотинӣ сабт гардад.
Меҳмонони олимартаба аз ин хусус гилаомезона гуфтаанд, ки Фирдавсӣ ба форсӣ эҷод кардааст.
Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» барои боздиди хиёбони мазкур ташриф фармуда, низ аз ин хусус ба Равшанполвон ибрози андеша карда буданд.
– Панду ҳикматҳои Ҳаким Фирдавсиро пайдо кардан ба зиммаи мухбири мо дар Самарқанд, – гуфта буд ҷонишини муҳаррири рӯзнома Тоҷибой Икромов.
Хушбахтона ин масъала низ ҳалли худро ёфт.

Ҷӯянда – ёбанда

Равшанполвон барои омӯхтани ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ, ба қавле иҷоранишини  китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Маркази хазинаи ахбори ба номи Пушкин шуд. Ва бори дигар фаҳмид, ки китоб чӣ қадар ганҷинаи бебаҳост!
Рост гуфтаанд, ки аз китоб китоб мезояд. Дар ҳаммуаллифии падари бузургвораш асари «Ҳазору як сабақ»-ро таҳия ва нашр кард. Инчунин бо қиблагоҳ «Формулаи саломатӣ» ном китобро аз тариқи нашриёти «Турон» чоп карданд, ки барои шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмонӣ дастури муҳим аст.
Воқеан, мо бо Равшанполвон Ғуломов маҳз туфайли муаммои «Хиёбони Фирдавсӣ» дӯстони наздик шудем. Гоҳ-гоҳ ба Маркази фарҳангии дӯстии Ӯзбекистону Эрон омада, бо ин марди ҷасур суҳбат мекунем, ғизои маънавӣ мегирем. Ҳарчанд синнаш аз шаст гузаштаасту барфи сафед дар тори сари ӯ лона гузоштааст, ба вазни зиёди хеш нигоҳ накарда, ниҳоят серҳаракату ғайратманд мебошад. Ҳоло ҳам баъзан ба шогирдон асрори гӯштингириро ёд медиҳад, аз таҷрибаи ғании худ қисса мекунад. Писараш Элдор қаҳрамони чандинкаратаи Осиё аз рӯйи самбост. Гулдухтаронаш Шаҳриябону ходими тиб, Фотима ҳамшираи шафқат мебошанд. Наберагон ворисони муносиби Ғуломовҳо ҳастанд.
Қайд кардан ҷоиз, ки шогирдонаш Ҷамол Ғаффоров, Бобораҳим Қосимов, Далер Муҳиддинов, Ӯткур Ғуломов, Улуғбек Раҳимов, Аваз Абдуҷалилов дар чемпионатҳои қитъаи Осиё ва ҷаҳон аз шоҳсуфаи баланд ҷой гирифтаанд. 
Боз як хислати неки қаҳрамони мо он аст, ки комёбиҳои маҳалларо ба фаъолон Нозир Алиев, Саидазиз Исҳоқов, Фарҳод Ализода, Фирдавс Абдураҳмонов, Исмоил Ҷӯрабеков, Пӯлод Абдураҳмонов ва дигарон вобаста медонад.
Чанде пеш дар ҳаёти ӯ боз як воқеаи фаромӯшнопазир ба вуқӯъ пайваст. Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба муносибати вохӯрӣ бо интихоботкунандагони самарқандӣ ба қатори савум, ки он ҷо Равшанполвон менишаст, омад ва бо ӯ самимона вохӯрӣ карда пурсид:
– Полвон, чӣ хел ҳастӣ?
– Хеле олӣ, – ҷавоб дод вай. 
Мо ҳам таманно дорем, ки кору фаъолияти ӯ ҳамеша олӣ бошад!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: