БА ШАРОФАТИ ШАРОФАТ

(Ё худ нигоҳе ба ҷилои тозаи «Рангинкамон»)

Дар ин айёми эҳёи табиат, бедоршавию сарсабзӣ ва гулшукуфт хурсандибахш аст, ки муносибати ду кишвари хамсояву дӯст – Ӯзбекистону Тоҷикистон низ дар айни эҳёст. Хушхабари наврӯзӣ: нақлиёти роҳи оҳани «Душанбе – Тошканд» ва «Тошканд – Душанбе» барқарор шуд. Қатораи аввалин, мусофирони  тоҷикистониро чанд рӯз пеш ба Тошканд овард. Ёрон ба дидори ҳамдигар  расиданд.
Асли мавзӯъ: Ошкоро бояд гуфт, ки солҳои охир дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ мавқеъ ва мақоми матбуоти даврӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои давлатӣ хеле поин омадааст. Далел на он аст, ки жанри фелъетон аз байн рафта, ё материалҳои танқидӣ кам чоп мешаванду аз рӯйи онҳо муфаттишон парвандаи ҷиноӣ кушода, оқибаташро на ҳамеша ба омма ошкор менамоянд. Балки сабаб дар ҳама ҷо аз ҳад боло рафтани  баҳои коғаз аст, ки  мувофиқи талаботи «иқтисоди бозоргонӣ» нархи обунаро боло ва  барои муштариён гарон кард.
Алалоқибат, баъзе маҷаллаҳои ҳафтавору моҳона дар се моҳ як маротиба чоп мешудагӣ ва рӯзномаҳое, ки ҳафтае 5 бор ба нашр мерасиданд, ҳафтае ба ду маротиба бадал гардид. Ягона рӯзномаи сартосарии Ӯзбекистон «Овози тоҷик» ҳам аз ин мустасно нест. Инро ҳар як муштарии «Овози тоҷик» нағз медонад. Мушкилоти молие, ки рӯзнома тайи моҳҳои аввали соли ҷорӣ, ба он мувоҷеҳ шуд, боиси ихтисори теъдоди чопи он гардид, аз ҳеч кас пӯшида нест.
Сабаби кам будани барномаҳои тоҷикии «Рангинкамон» низ ба назари ман мушобеҳи «саргузашти» «Овози тоҷик» менамояд. Зеро дар телевизиони Ӯзбекистон, то ҷое, ки медонам, дигар шабакаҳо ҳам ихтисор шудаанд.
Шарофат Эрматова асосан тавассути  «Рангинкамон» шинохта шуд. То он дар идораи «Овози тоҷик» буд. Вақте дар бораи таъсиси барномаи тоҷикӣ дар телевизион қарори ҳукумат баромад, «Рангинкамон» арзи вуҷуд кард.
Чанд барномаҳои аввали онро  шодравон Ҷонибек Қувноқов таҳия карда буд. Баъдан масъулияти «Рангинкамон» ба зиммаи Шарофат гузошта шуд. Шояд аввалин намоиши «Наврӯз»-ии  «Рангинкамон» дар хонадони камина бо дастархони  «ҳафт сину ҳафт шин» ба навор бардошта шуда буд.
Баъдан чи шуду чӣ монд, ки «Рангинкамон» аввал бинобар вақт, баъдтар аз ҷиҳати шумораи намоиш тайи ҳафтаҳо кӯтоҳу кам шуд. 
Ба ҳар ҳоле, ки ҳаст инро хушбахтӣ гӯям, ё баръакси он, ба ҷойи рӯзномахонӣ «Ютуб» мебинам, «Рангинкамон»-аш таскини дилам мешавад. Зеро «Рангинкамон» бо ҷилои тоза роҳандозӣ шуда, аз ҳаёт, аз манзилу макони тоҷикони аз ҳамдигар дурафтодаи кишвар нақлҳову наворҳои ҷолиб пешкаш мекунад, ки ҳар кадомашон дар алоҳидагӣ порае аз таърихи миллатанд. Дар барномаҳои вай баҳои забони тоҷикӣ, авҷи накукорию вусъати ободкорӣ, одаму одамгарии тоҷикона, меҳри одамӣ ба замин, суруду рақс, расму оинҳои суннатӣ, ҳунарҳои миллии тоҷикон таҷассум ёфтаанд. 
Барои ин аз муаллифаш миннатдор мешавам, ба Шарофатбону тасанно мегӯям, барори кор мехоҳам.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
собиқадори 
«Овози тоҷик», 
раиси Маркази маданияти тоҷикони Тошканд «Ориёно».

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: