ВАЗИФАҲОИ МУҲИМИ КИНОСОЗОН

Солҳои охир дар роҳи ривоҷи кинематографияи миллӣ низ корҳои муҳим ба иҷро расонда шуданд.

Барои ба дараҷаи талаботи замон тараққӣ додани соҳа, айни замон, қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд. Кино, зимнан, баробари санъат будан ба сифати яке аз соҳаҳои муҳими саноат ҳам дар мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодии мамлакат ва пешравии кишвар нақши босазо дорад.
Тӯли солҳое, ки сипарӣ гашт, филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, мултипликатсионӣ ва бисёрқисмата, ки офарида шуданд, аз ҷиҳати миқдор қобили таваҷҷӯҳ бошанд ҳам, картинаҳое, ки воқеан ба дараҷаи санъат расидаанд, он қадар зиёд набуданд.
«Ӯзбекфилм» як вақтҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дошт. Аммо асарҳое, ки тӯли ду-се даҳсолаи охир офарида шуданд, хеле кам ба экранҳои ҷаҳон баромаданд. Дараҷаи филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ ва сериалҳои мо, ки дар ҷашнвораҳои байналхалқӣ аз сафи ғолибон ҷой гирифтаанд, чандон қаноатбахш нест. Коргардонҳое, ки таҷрибаи кофӣ надоранд ё худ мутахассиси соҳа нестанд, низ ба филмофарӣ шурӯъ карданд. Оператор ва нақшофарони кӯчагии тасодуфӣ низ гоҳо ба ин кор ҷазм сохта, ба зиёд шуда рафтани картинаҳои бесифат, аз нигоҳи савия ва бадеият суст сабаб шуданд. Ин ба эътирози ҳаққонии таҳиягарон ва устодони соҳаи синамо, ҳамчунин доираи васеи тамошобинон боис гашт.
Вақтҳои охир ба миқдор не, ба сифат ва савия эътибори аввалдараҷа нигаронидан дар назди эҷодкорони кино вазифаи муҳим қарор мегирад. Баҳри ривоҷи кинодраматургия низ чораҳо андешида мешаванд. Замонҳое дар таълифи сенарияҳо барои филм Абдулло Қаҳҳор, Саид Аҳмад, Раҳмат Файзӣ, Ӯлмас Умарбеков, Учқун Назаров барин адибони номӣ фаъолона ширкат меҷустанд. Имрӯз баъзе филмҳои тиҷоратие, ки рӯи экран мебинанд, дар асоси «сенария»-и қаламбадастоне корбаст шудаанд, ки онҳо аз адабиёт ва муҳити воқеии эҷодӣ фарсахҳо дуранд.
Давр тақозо дорад студияҳои давлатию хусусӣ дар навбати аввал ба ғоя, мазмуну муҳтавои сенарияҳое, ки таълиф ёфтаанд, эътибор нигаронанд. Асарҳо барои кино, тавре ки як вақтҳо ҷорӣ буд, бояд аз ғалбери муҳокимаҳо гузаронида шаванд. Модоме ҳунарпешагон барои иҷрои як ё якчанд нақш аз санҷиш мегузаранд, хуб мешуд танҳо аз рӯи филмномаҳое кино офарида шавад, ки онҳо дар озмун-азназаргузарониҳо, ки махсус эълон мегарданд, ғолибӣ ба даст оранд.
Ҳайат ё шӯрои бадеӣ, ки тақдири асарҳо барои киноро муайян мекунад, аз мутахассисони варзида таркиб ёфтанаш шарт. Роҳ гузоштан ба шиносбозӣ ё сӯиистифода аз вазифа чун дар соҳаҳои дигар ба пешравии кинематография низ халал мерасонад.
Даҳсолаҳои охир кинотеатрҳо дар аксар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ аз эътибор дур монда, ду-се соли охир барои аз нав барқарор сохтани онҳо чораҳо андешида ва тамошобинон ба кинотеатрҳо ҷалб мегарданд.
Президентамон дар Муроҷиатнома ба парлумон, аз ҷумла, таъкид сохт дар соҳаи кинематография бояд рушди саноати муосири филм, сохтани кинотеатрҳои нав ва эҷоди асарҳои баланд таъмин карда шавад.
Ба наздикӣ дар Агентии миллии «Ӯзбеккино» таҳти мавзӯи «Кинои ӯзбек: вазифаҳои навбатӣ ва истиқболнок, тамоюлҳои рушд» кинофорум баргузор ва дар он оиди зарурияти иҷрои вазифаҳое сухан рафт, ки роҳбари давлати мо дар назди киносозон гузоштааст.
Барои тарҳи замонавӣ гирифтани масканҳое, ки дар онҳо кино намоиш карда мешавад, гузаронидани корҳои таъмиру тармим маблағ талаб мекунад. Барои ин аз буҷаи давлат 40 млрд. сӯм ҷудо карда шудааст. Бинои корхонаи давлатӣ-унитарии «Ӯзбекфилм», Кохи кинои ба номи Навоӣ, аз ҷумла, то 1 апрели соли равон бояд аз таъмири пурра бароварда шаванд. Барпои кинотеатрҳои наву замонавӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Нақшаҳои «Ӯзбеккино» таваҷҷӯҳангез: дар бораи шоир ва мутафаккирони бузург Навоӣ ва Бобур филмҳои нав офарида мешаванд. Ба сурат бардошта шудани  картинаҳо оид ба фаъолияти ибратбахши олимон, муаллимон, ҷавонони эҷодкор ва шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд мавриди назар мебошад.
Дар соли 2020 ба экран баровардани 30 филми бадеӣ ва 30 филми ҳуҷҷатие, ки ҷамъ аз 60 қисм иборат аст, ба нақша даромадааст.
Барои истиқболи сазовори 75-солагии Ғалабаи бузург дар назди киносозон низ вазифаҳои муҳим истодаанд. Таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ, ба эътибори тамошобинони рӯз расонидани фактҳои таърихӣ аҳамияти ҷудогона дорад. 
Охирҳои соли 1941 дар остонаи Смоленск гурӯҳи калони аскарҳои мо асир афтода, ба конслагери Амертферт воқеъ дар Нидерландия фиристода шуданд. Ҷамъи асирон тақрибан 800 нафар, аз онҳо 101 нафарашон ҷанговароне буданд, ки аз вилояти Самарқанд сафарбар карда шудаанд. 
Фашистон ба назди асирон, ки азоби гуруснагӣ аз сар мегузаронанд, пораҳои нонро ҳаво медиҳанд. Душман нигарон, ки асирон чун сагҳои гурусна ба нон дарафтанд. Фотографҳо омодаи ба навор бардоштан. Гэббелс ба ин восита «халқҳои ёбоӣ»-ро чӣ тавр хор мекунад ва бо ин гӯё ба чӣ қодир аст, ба дунё намоиш дода, ҳамчунин аскарони худро рӯҳбаланд гардонданист. Вале тири душман хок мехӯрад: асирон нонпораҳоро бо эҳтиёт бардошта, ба чашм молида, ба якдигар дароз мекунанд...
Филми ҳуҷҷатии «101» аз ин хусус бо кӯмаки молиявии ҳокимияти вилояти Самарқанд ба навор гирифта шуда ва 40 дақиқа давом мекунад. Он дар арафаи 75-солагии ҷашни ғалаба намоиш хоҳад ёфт.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: