Ӯзбекистон дар раддабандии пурқувваттарин артишҳои ҷаҳон дар ҷои 65-ум қарор гирифт

Ӯзбекистон дар раддабандии қавитарин артишҳои ҷаҳон дар Global Firepower 2024 дар ҷои 65-ум қарор дорад ва нисбат ба соли гузашта се зина поин рафтааст (қаблан 62-юм).

Ба рейтинги қудрати низомӣ 145 кишвар шомил шудааст, ки бар асоси 60 омил, аз ҷумла теъдоди қисмҳои ҳарбӣ, вазъи молӣ ва ҷуғрофиё онҳо арзёбӣ шудаанд.

Тибқи маълумоти рейтингӣ, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ артиши Ӯзбекистон дар ҷои дуюм аст. Қазоқистон дар ин минтақа пешсаф буда, дар ҷои 58-ум қарор дорад. Дар ҷои севум Туркманистон (ҷойи 83-ум), Қирғизистон (ҷойи 107-ум) ва Тоҷикистон (ҷойи 107-ум) қарор доранд.

Артиши ИМА дар рейтинги қудрати низомӣ дар ҷои аввал аст. Ба панҷгонаи беҳтарин Русия, Чин, Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ низ шомиланд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: