БАҲРИ АРАЛ: ОСТОНАИ ДАВРАИ НАВ

Дар ҳақиқат, чанд рӯз қабл на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақаи мо низ як рӯйдоди хурсандибахш ва муҳими таърихӣ рух дод.

Дар ҳақиқат, чанд рӯз қабл на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақаи мо низ як рӯйдоди хурсандибахш ва муҳими таърихӣ рух дод. 

Ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар бораи ҳудуди инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи Арал ба амал татбиқ гардида, дар ҷамъомади умумии иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бинобар пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев резолютсияи махсус дар бораи  ҳудуди инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи Арал якдилона қабул гардид.
Бояд алоҳида қайд кард, ки ташаббуси мазкури Президенти мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ дастгирӣ карда шуд ва тақрибан 60 кишвари ҷаҳон ба қатъномаи мазкур ба сифати  ҳаммуаллиф иштирок карданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки кушоду равшан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ карда шудани ташаббуси мазкур намунаи равшани дастовардҳои дипломатияи Ӯзбекистон мебошад.
Албатта, дар замоне, ки барои таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақаи баҳри Арал корҳои бузург анҷом дода мешаванд, тасдиқи қатъномаи махсус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҳудуди инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон шудани минтақаи баҳри Арал дар ба зинаи нав баровардани корҳо ҳамчун платформаи муҳим хидмат мекунанд.
Қабули ин қатънома, пеш аз ҳама, барои дастгирии тадбирҳо ва ташаббусҳои минтақавӣ, ки ба беҳтар намудани вазъи экологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографии минтақаи баҳри Арал равона карда шудаанд, хизмат мекунад.

Борий АЛИХОНОВ,
Раиси  кумитаи масъалаҳои рушди минтақаи баҳри Арали Сенати Олий Маҷлис

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: