Ҳикоят

Дар замони подшоҳии Маҳмуди Ғазнавӣ зане ҳамроҳи корвоне сафар мекард.

Корвониён дар работи Дайри Кучин бор афканданд ва осуданд. Чун нимшаб шуд, дуздон он чиро, ки он зан бо худ дошт, рабуданд. Ӯ ба заҳмату ранҷ хешро ба дарбори Маҳмуд расонд ва аз он бедод, ки бар вай рафта буд, тазаллум (шикоят аз зулм) кард ва гуфт: 
— Ё моли ман аз дуздон биситон ё товон бидеҳ!
Шоҳ барошуфт ва ба тундиву талхӣ пурсид: 
— Дайри Кучин куҷост?
Пирзан бепарво ва ҷасурона ҷавоб дод: 
— Эй Маҳмуд, ки хешро ҷаҳонгир ва ҷаҳондор мепиндорӣ, вилоят чандон бигир, ки бидонӣ куҷо зери нигин дорӣ ва нигаҳбонии он тавонӣ!
Маҳмуд аз он сухан, ки гуфта буд, пушаймону шармсор шуд. Ба хештан омад, ба нишони тақсир ва таъаммул лаб ба дандон газид, аз зани ситамрасида пӯзиш талабиду гуфт: 
– Рост гуфтӣ ва маро ҳушёру бедор кардӣ. Подшоҳе, ки бар мардум ситам раво дорад ё дуздону ситампешагонро бар халқ мусаллат дорад, набошад беҳтар.
Он гоҳ фармон дод, ки дуздонро бигиранд, моли пирзанро бистонанд ва ба вай боз диҳанд. 

Бо андаке тасарруф аз «Дастур-ул-китоб».


БЕ ТАРОЗУ БАРКАШИДАН 

На ҳамаи занон дар хона тарозу доранд. Бинобар ҳамаи масолеҳи хӯроквориро бо қошуқ ва пиёла чен мекунанд, ки хеле қулай мебошад. Инак вазн ва ҳаҷми тахминан баъзе масолеҳи рӯзгорро ба шумо гӯшрас мекунем.
Ба истикони муқаррарии тунук 250 грамм об, 330 грамм мураббо, 190 грамм мавиз, 240 грамм равған, 255 грамм шир меғунҷад.
Дар қошуқи калони ошхӯрӣ 18 грамм об, 25 грамм какао, 25 грамм ҷавҳари лимӯ, 20 грамм ликёр, 15 грамм маргарин ва равғани маскаи обкардашуда ва 20 грамм қаҳваи кӯфта ҷой мегирад. 

Таҳияи 
Д. ШУҲРАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: