Дар мамлакатмон масъалаи қадру қимати инсон ба сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад.
. Мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ, зина ба зина бо автомобилҳои замонавии «Ёрии таъҷилӣ» таъмин намудани онҳо дар маркази диққати давлат аст.
Дар арафаи Соли нав ба Бухоро оварда шудани 20-то автомобили ёрии таъҷилии нави замонавӣ, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат ҷудо гардидааст, инро бори дигар собит месозад. Дар майдони «Регистон»-и назди Арки шаҳри Бухоро маросими тантанавии ба нуқтаҳои тиббӣ супорида шудани ин автомобилҳо сурат гирифт. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Миралӣ Ҳамроев ба сухан баромада, дар бораи ислоҳоти соҳа таҳти роҳбарии сарвари давлат ҳарф зада, ҳозиронро бо Соли нави фарорасида ва туҳфаи муносиб – автомобилҳои нав муборакбод намуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин автомобилҳо – «Volkswa-gen Caddy» дорои воситаҳои зарурии ахбор-коммуникатсия ва тиббию техникӣ буда, ҳангоми ҳаракати онҳо низ ба беморон имконияти расондани ёрии тиббӣ мавҷуд аст.
А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.