ДЕПАРТАМЕНТ – ДАР РОҲИ СТАНДАРТИКУНОНИИ МАҲСУЛОТ

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки роҳбарияти Департаменти назди агентии “Ӯзстандарт” доир ба мавзӯи “Сохтмонҳои замонавӣ: оё маҳсулоти сохтмоние, ки дар онҳо истифода мешаванд, ба меъёрҳои байналхалқӣ ҷавоб медиҳанд?” нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки роҳбарияти Департаменти назди агентии “Ӯзстандарт” доир ба мавзӯи “Сохтмонҳои замонавӣ: оё маҳсулоти сохтмоние, ки дар онҳо истифода мешаванд, ба меъёрҳои байналхалқӣ ҷавоб медиҳанд?” нишасти матбуотӣ баргузор шуд. 

Дар он ходимони роҳбарикунандаи департамент  ва идораву ташкилотҳои дахлдор иштирок карданд. Ҳоло талаби замон ҳамин аст, ки бояд шаффофияти кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва идораву ташкилотҳо таъмин карда шавад. 
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки ба ин мақсад департамент  вазифаҳои зиёдеро иҷро мекунад, ки асосиашон ин аст: аз ҷиҳати техникӣ ба тартиб даровардан,  стандартикунонии маҳсулот, ба соҳибкорон аз рӯйи масъалаҳои сертифаткунонӣ ва метрология ҳамаҷониба кӯмак кардан; ба талаб ҷавоб додани регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии доир ба стандартикунонӣ, таъмини дурустии андозаҳо, ташкили назорати давлатӣ аз рӯйи риоя кардан ба сертификаткунонии маҷбурӣ ва татбиқи он; ба амал татбиқ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ  аз рӯйи муайян намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи аз ҷиҳати техникӣ ба тартиб даровардан,  сертификатсозӣ, метрология ва бартараф кардани сабабҳое, ки ба пайдо шудани онҳо замина мегузоранд.                                                                                                                                    Таъкид гардид, ки дар давоми соли ҷорӣ дар 234 корхона пеши қонуншиканӣ  дар соҳаи метрология ва дар 136 корхона пеши роҳи қонунвайронкунӣ  дар соҳаи сертификаткунонӣ  гирифта шуд.                                                                                           
Бобати гирифтани стандарти мутобиқсозӣ  ба маҳсулоте, ки аз тарафи ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди “Марҳамат тотли нонлари”, “Ruxshona Bonu gold market”, “Asaka flour”-и вилояти Андиҷон, “Shoh Sulton Nazar”, “Баркамолтранс”, “Шарқона ва шоҳона либослар”, ки дар вилояти Ҷиззах истеҳсол карда мешаванд, кӯмаки амалӣ расонда шуд.                                                                                                    
Дар давоми сол аз ҷониби департамент 342 ҳолати бесертификат истеҳсол кардани маҳсулот муайян карда шуда, бо корхонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гирифта бурда шудааст.                                                                                                                                    
Дар натиҷаи омӯхтани сифат ва бехатарии сементу маҳсулоти металлие, ки дар дӯконҳо фурӯхта ва дар объектҳои сохтмон кор фамуда мешаванд, муайн карда шудааст, ки 2 навъи семент ва 41 навъи маҳсулоти металлӣ ба стандартҳои дарамалбуда ҷавобгӯ нестанд. Барои бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳо дода шуд, гуфтанд баромадкунандагон.                                                
Мутахассисон таъкид намуданд, ки ҳар як харидор пеш аз харидани маҳсулот, аз ҷумла хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, воситаҳои шустушӯйӣ ва дигар бояд ба стандарт, сертификат ва мӯҳлати истифодабарии он таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.    
Бешубҳа, таъмини шаффофият дар кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва корхонаву ташкилотҳо, таҳти назорат гирифтани сертификатдиҳӣ ва стандартикунонии маҳсулоти корхонаҳо ба афзудани сифати маҳсулот ва масолеҳи сохтмон мусоидат менамояд.

С. БЕКНАЗАРОВА,                                                                                                                                 
хабарнигори “Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: