ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ВИЛОЯТИ ТОШКАНД

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи кишоварзӣ ба диёри якдигар ташкил намудани сафарҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дер мушоҳида мешавад.

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи кишоварзӣ ба диёри якдигар ташкил намудани сафарҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дер мушоҳида мешавад. Бо шарофати мустаҳкамшавии муносибатҳои ҳамаҷониба миёни ду ҷумҳурӣ дар се-чаҳор соли охир ин гуна анъанаҳои нек барқарор мегарданд.
24-25 июни соли равон аъзои гурӯҳи корӣ аз вилояти Суғд ба вилояти Тошканд омаданд, то ба таҷрибаи кишоварзону саноатчиёни ин ҷо аз наздик шинос шаванд. 
Ба гурӯҳи корӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарӣ менамояд. Дар ҳайат боз 25 нафар ҳастанд, ки ба як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, ширкат ва корхонаҳои пешбар сарпарастӣ менамоянд.
Суғд минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, алъон бештар аз 2,6 миллион нафар аҳолӣ дорад. Асосан тоҷикону ӯзбекон аҳлона умр ба сар мебаранд.
Дар вилоят минтақаи озоди истеҳсолӣ-сармоявии «Суғд» амал менамояд. «Порсои Хуҷанд», «Рукнобод», «Ресандаи Хуҷанд», «Хуаксин Ғаюр – Суғд семент», «Нуқрафарм», «Зарафшон», «Нафтрасон» ва ғайраҳо коргоҳҳои калони истеҳсолӣ дар вилоятанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҳар сол дар маҷмӯъ зиёда аз 268,4 ҳазор гектар майдон мавриди истифода буда, пахтаву ғалладона, сабзавоту мева истеҳсол карда мешавад. Соли 2020 саршумори чорвои калони шохдор дар миқёси вилоят наздик ба 700 ҳазор сар расид.
Дар вилояти Суғд дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» боғпарварону токпарварон ба комёбиҳои калон ноил шуданд.
Вилояти Тошканд ба вилояти Суғди Тоҷикистон дар ҳамсоягӣ ҷой гирифтааст. Аҳолии ҳар ду вилоят қариб, ки баробар.
Дар вилояти Тошканд низ корхонаҳои истеҳсолӣ хеле зиёд, меарзад ҳамсояҳо дар ҳар соҳа таҷриба иваз кунанд, аз якдигар омӯзанд, маслиҳатҳояшонро дареғ надоранд.
Фиристодагони вилояти Суғд рӯзи аввали сафари худ бо фаъолияти корхонаи «TNA Agro Lavest» дар шаҳри Бӯка шинос шуда, баъд дар ноҳияи Ӯртачирчиқ аз корхонаи коркарди пахтаи «Real Agro Cotton» дидан карданд. Баъд дар ноҳияи Қибрай ба фаъолияти корхонаи «Узум фермер», дар шаҳри Чирчиқ ба фаъолияти корхонаи UzTex шинос шуданд. Дар пойтахт бо вазири кишоварзии Ӯзбекистон Ҷ.Хоҷаев ҳамсуҳбат шуданд. Рӯзи дувум сафари меҳмонон ба ноҳияҳои Юқоричирчиқ ва Қуйичирчиқ давом намуд. Шиносоӣ ба фаъолияти маркази кишоварзии AKIS, кластерҳои «TCT Rice», Gold Dried foods (GDF) ба онҳо таассуроти хуб гузошт. Сафари дурӯзаамон бобарор ва пурсамар гузашт, гуфтанд меҳмонон аз вилояти Суғд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: