Дар дохили қатораи самти Тошканд – Тирмиз, ки мусофиронаш аксаран ба ӯзбекӣ ҳарф мезаданд, садои тоҷикӣ ба гӯшам расид.
Зуд мутаваҷҷеҳ шудам.
Ду нафар тоҷикӣ гуфтугӯ доштанд. Яке марде буд, ки асобағал дошт. Дигаре ҷавони қадбаланд, ки ба марди асодор кумак мерасонд.
Ман бо онҳо шинос шудам.
Аввал кӯтоҳак кӣ ва чикора будани худро гуфтам.
– Ному насаби камина Султоналӣ Имомов аст. Ин ҷавон ҷиянам — Ҷамшед дастёру ёвари ман. Мо аз тоҷикони деҳаи Истиқболи ноҳияи Шерободи воҳаи Сурхон. Омӯзгорам, тоифаам олӣ.
– Саломатӣ чӣ хел, муаллим?
– Ранг бину ҳол пурс, – бадард механдад ӯ ва идома медиҳад.
– Акнун нимодамам, додар. Дарди зӯр, ҳатто филро аз пой меафтонидааст.
– “Навмед набояд шудан аз гардиши айём,..” — навъе дилбардорӣ кардам.
– Эҳ–ҳҳ... – хаёле даст меафшонад ӯ.
Чеҳрааш тира мешавад, вуҷудаш дар панҷаи ғам фишурдатар гардида, бари рӯяш ноаён пир–пир мепарад.
– Ба ҳар ҳол, ноумед– шайтон, мегӯянд. Хушбин бояд буд.
– Як одами ба ду пояш давида мегаштагӣ, ин хел маъюби мубтало шавад... Ман умре меҳри худро ба мактабу замин додаам. Ба мактаб ва Замин! – овозашро як парда боло кард вай.
– Чанд сол муаллим будед?
– Аз соли 1991 инҷониб. Чун Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм намудам, аввал дар мактаби рақами 28 ва баъд дар мактаби 40 кор кардам. Ин мактабҳо дар кӯҳистони Дараи Ниҳон буданд. Деҳаи мо Киштут ном дорад. Аз маркази ноҳияи Сариосиё 80 км. Набудани роҳи мошингард одамонро маҷбур месохт, ки ин масофаро пиёдаву харсавор тай бикунанд ва ба маркази ноҳия расида, ягон кору муаммои худро ҳал созанд. Ҳоло дар мактаби рақами 61-уми ноҳияи Шеробод кор мекунам. Дабистон хонаи дуюми ман аст. Ба фарзандони мардум аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳам.
– Чун ин қадар дилбастаи пешаи худ ҳастед, шояд ягон нафар аз фарзандонатон касби шуморо интихоб карда бошанд?
Вай оҳиста пешонӣ молид, оҳи вазнине аз қаъри замираш канда шудаву ба муҳити ороми вагон пайваст. Як сукути вазнин қоим гашт. Муаллим сар афканда, шояд худро ба ифшои кадомин як асрори дил омода сохт, баъд бадард ба сухан омад, ки аз онҳо ҷигари ман ҳам рехт.
– Фарзанд... надорам ман, додар. – Надорам! Худованд ба ман ин неъматро раво надид.
– Ману ҳамсарам — Зайнаб сӣ соли умри худро дар интизории фарзанд сипарӣ намудем. Аммо дар хизонаи ғайби Парвардигор ба номи ману завҷаам ин неъмат сабт нашуда будааст. Афсӯс! Ҳамсарам ба нохуни фарзанд зор шудаву гириста-гириста оқибат ин дунёро тарк кард. Берӯзӣ, ду сол пеш – соли 2020... сар ба хоки тар бурд. Ба ҷавори Ҳақ пайвастани ӯ бароям зарбаи сахте шуд. Бе ҳамроз мондам, ҳоло дар миёни чор девор тани танҳо зиндагӣ мекунам! Акнун мани синнаш ба нафақа наздикшуда мутлақо танҳо ҳастам. На зан дар бару на фарзанде дар канор!
– Сад афсӯс!
– Агар иҷозат диҳед, як воқеаро нақл кунам.
– Бифармоед.
– Рӯзе бо ҳамсари раҳматиам ба тамошои шаҳри Тирмиз рафтем. Ба ӯ либосҳои нағз харида додам. Хурсанд буд. Мо аз ҳар дар суҳбаткунон меомадем. Даҳонам тафсидааст, хаёлманд сӣ – чил қадам пеш рафтаам, ногоҳ бинам, дар барам завҷаам нест. Ҳайрон шуда, мушавваш ба атроф нигаристам. Вай, дар назди як мағозаи пури либос ҳангу манг меистод. Ноилоҷ баргаштам ва дидам, ки аз ду чашми шаҳлояш шашқатор ашк мерезад. Дар он мағоза либосҳои ранг ба ранги кӯдаконро гузошта буданд. Мо – зану шавҳар муддате гардани ҳам гирифта, ҳатто ба нигоҳи ҳайратомези раҳгузарон эътиборе надода, оби чашм рехтем... Ин лаҳзаҳо хеле дардзо ҳастанд. Касро бе теғ мекушанд.
– Бале, хеле аламангез аст.
Дидагони мусоҳиби ман нам мешаванд ва ӯ бо нӯки остин ноаён оби аз чашмонаш заҳидаро пок мекунад.
– Чаро ба сиҳатии худ бепарво шудед?
– Худам бехабар мондам. Духтурҳо мегӯянд, ки ин ҳама бори ғам аст. Маро андӯҳи гарон аз ботин ноаён ғалбер ва оқибат ба ин ҳол гирифтор кардааст. Ҳоло аз дарди дил ҳам азият мекашам. Гоҳ-гоҳ ғалаён карда, хеле мушаввашам месозад. Доруву даво мудом ҳамроҳам.
– Пойҳоятонро ҷарроҳӣ карданд?
– Ҳозирак аз бемористон ҷавоб доданд. Даҳ рӯз хобидам. Ҳамин ҷиянам Ҷамшедҷон, умраш дароз бод, тули ин муддат дар сари ман буд. Фарзандам барин нигоҳубин кард. Ташхис нишон дод, ки пайвандаки устухони косу пойҳоям зарофат ёфтаанд, аз қазо моеи дарунаш хушкидаву ҳини ҳаракат устухонҳо ба ҳам соиш хӯрда, суда гаштаанд. Ин дарди ҳарина сахт азобам дод. Аз ҷон, ки гузаронд, ноилоҷ ба ҷарроҳӣ розӣ шудам. Чилу панҷ миллион сарф кардам. Илоҳо, дасташон дардро набинад, табибон хуб заҳмат кашиданд.
Мусоҳибам аз такони ногаҳонии вагонҳои қатора озор дид, ки ҷабин чин намуд ва сахтакак лаб газид.
Бисту ду сол муқаддам бар асари амалиёти ҳарбии нерӯҳои кишвар алайҳи ҷангҷӯёни бегона валангор ва сокинонаш ба ҳамвориҳо кӯчонда шудаанд. Султоналӣ Имомов аз мухлисони асили рӯзномаи “Овози тоҷик” будааст.
– Имсол ҳам ба “Овози тоҷик” обуна мешудагистед, – кунҷковӣ мекунам ман.
– Ин чӣ гуфтагиатон?
– Дар омади гап пурсидам. Ҳоло, ки барои саломатиатон ин қадар маблағ сарф кардаед, шояд...
– Не, бародар! Он маблағ барои сиҳҳатии тан буд, акнун харҷе бояд , то чун ҳама сол рӯҳ дар офият бошад. Зеро агар дар парвариши маънавии худ билангем, аз ҷонварон тафовуте нахоҳем кард. Ман бидуни “чуну чаро?” – ҳо, албатта, обуна мешавам. Охир, ин рӯзнома як пораи дили ман аст. Агар тоҷикон худро эҳтиром кунанд, модари худро сидқан дӯст доранд, ба “Овози тоҷик” бояд обуна шаванд.
– Хуб, акнун аз зиндагии сокинони деҳаи Истиқбол ҳикоят бикунед. Мардум ба ҳаёти нав хеле одат кардагистанд. Зиндагиашон чӣ хел?
– Мардуми моро аз нӯҳ деҳаи Дараи Ниҳон иҷборан кӯчонда оварданд. Бахши аз ҳама бештари аҳолӣ дар деҳаи Истиқболи ноҳияи Шеробод ҷой гирифтанд. Ин ҳодиса моҳи декабри соли 2000-ум сурат гирифт. Он сол зимистон ҳам сахт омада буд. Ҳукумат ройгон хонаҳои нав сохта дод. Ҳавлиҳои қаблии мо дар кӯҳистон ба коми оташ монда, ҳама валангор шуданд. Панҷ соли аввал дар ҳамвориҳо мо хеле азоб кашидем. Аз нигоҳи иқтисодӣ бештар азоб медидем, чунки зиндагиро аз сифр оғоз карда будем ва ҳама навхонадоронро мемондем. Инчунин азияти равонӣ мекашидем. Чунки мо зодагони кӯҳҳои баланд будем ва дар пастиҳо мароми зиндагиро гум карда, як муддат дар ҳоли сардаргумӣ зистем. Аксари мардуми мо аз сокинони бошарафи деҳаи Париқишлоқи ноҳияи Музработ хеле сипосгузоранд. Аҳолии Париқишлоқ саросар тоҷикон буда, солҳои шастуми қарни бист дар замони заминкушоиҳо аз кӯҳистони Бойсун муҳоҷир гаштаанд. Моро хеле хуб дастгирӣ намуданд. Албатта, он айём тафовути иқлим ҳам таъсири манфӣ мерасонд, таҳдашт мисли кӯҳистон салқин набуд, ҳавои ноҳинҷор дошт, гармиаш нафасгир менамуд. Ин аст, ки кӯдакон ва мӯйсафедон бештар азоб мекашиданд. Аммо одам ба ҳар гуна шароит одат мекардааст. Ва мо ҳам оҳиста – оҳиста мутобиқ шудем.
– Ҳоло чӣ? Зиндагӣ беҳтар шудагист?
– Худоро шукр, мо, тоҷикон азалан мардуми танбал нестем. Хоса мардуми кӯҳистон дар меҳнат ҳамто надоранд. Ҳоло ҳарчӣ ноил гаштанд, ба зарби меҳнати дандоншикан ба даст оварданд. Ҳамин аст, ки кунун ҳаёти мо беҳтар гардидааст. Сокинони деҳоти атроф ба зиндаги мо – тоҷикони Истиқбол бо ҳавас менигаранд. Ҳоло қариб дар ҳар як хонадон мошин ҳаст, аҳолӣ замини наздиҳавлигӣ дорад, аз он даромади хуб мегирад. Имрӯз пас аз гузашти зиёдтар аз бист соли он воқеоти номатлуб ҳаёти мо ба мароми хуб даромадааст. Истиқбол, ки рӯзҳои аввал куллан шӯразор буд, ҳоло биҳиштро мемонад. Шермардони деҳа пайваста ба ободкориҳо даст мезананд. Ҳукумат мактаби замонавӣ сохт, ки ҳоло фарзандони халқ таълим мегиранд. Хуллас, мо бо меҳнати ҳалоли худ ба муроди дил мерасем.
– Зиндагиатон боз ҳам ободтар бод. Ба шумо шифои комил хоҳонам.
– Ташаккур. Зинда бошед.
Дар вокзали роҳи оҳани Тирмиз аз қатора поин омадем. Бо муаллим Султоналӣ Имомов ва ҷиянаш Ҷамшед бародарвор хайрухуш кардам. Вай дар назари ман тандеси сабрро мемонд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик”