МАЙДОНИ ҲАВОИИ ҚӮҚАНД БОЗСОЗӢ МЕШАВАД

Барои бозсозии майдони ҳавоии Қӯқанди бостонӣ 103 миллиард сӯм ихтисос дода шудааст.

Дар айни ҳол корҳои бозсозии майдони ҳавоӣ бо суръати том пеш меравад. 

Хусусан, домани корҳо барои бунёд намудани бинои маъмурии тарҳаш замонавӣ, аз нав сохтани майдони парвозу фурудоии ҳавопаймоҳо, ба тартиб даровардани истгоҳи ҳавопаймоҳо, сохтмони иҳотаи атрофи майдони ҳавоӣ ва амсоли он рӯз аз рӯз фарохтар мегардад.
Интизор меравад, ки дарозии майдони парвоз боз ба 400 метр афзоиш меёбад ва тӯли он дар маҷмӯъ 2 километру 100 метрро ташкил мекунад. Он гоҳ ҳавопаймоҳое, ки барои парвозҳои дохилӣ муқаррар шудаанд, метавонанд мусофиронро ба ин шаҳри ҳунармандон интиқол диҳанд.  
Тавре ки масъули дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳри Қӯқанд Улуғбек Норбоев гуфт, ин шаҳри куҳанбунёд Маркази ҳунармандони ҷаҳон эълон шудааст, дар Қӯқанд чандин анҷуману фестивалҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд. Барои ҳамин бозсозӣ ва мавриди истифода қарор додани майдони ҳавоии он ногузир шуд.
– Ба кор даромадани майдони ҳавоӣ ҳатман дар афзоиши теъдоди сайёҳоне мусоидат хоҳад кард, ки мехоҳанд тавассути ҳавопаймо худро аз пойтахт ва ё шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухоро ва Хева ба ин шаҳр расонанд, – изҳор намуд Улуғбек Норбоев.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: