ХӮРОКИ ДУГОНИКҲО

Хӯроки дугоникҳо аз дигар кӯдакон фарқ надошта бошад ҳам, ташвишаш зиёдтар аст.

Барои макконидани дугоникҳо бояд ба тартиб риоя кард, яъне 15 дақиқа ба яке синаи чапро, ба дигаре синаи ростро додан лозим. Бори дигар дар вақти маккондан ҷои онҳоро иваз кунед.
Аҳамият диҳед, ки кадоме аз кӯдакон беқувваттар аст ва ба ӯ пистони серширтарро диҳед. Кӯшиш кунед, кӯдак ҳар дафъа пистонро пурра маккад. Агар дар пистон шир монад, ҷӯшида партоед. Ин яке аз воситаҳои зиёд шудани шир мебошад.
Агар ширатон нарасад, ҳар ду синаро ба яке аз онҳо макконда, ба дигараш шавлаи ширие, ки духтур тавсия кардааст, диҳед. Бори дигар кӯдаки дуюмро маконида, ба якумаш шавла хӯронед. Барои хато накардан ҷадвал тартиб диҳед.
Ба дугоникҳо хӯрок додан қоидаҳои гуногун дорад. Ба кӯдаки беқувват ва ё хароб нисбат ба дигараш байни хӯрокдиҳиро кӯтоҳтар кардан лозим. Дар ин бобат ба маслиҳати педиатр аҳа-мият диҳед.

Таҳияи ДАРВЕШ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: