Бар асари таркиш дар Тошканд як навраси 15-сола ба ҳалок шуд

Шумораи умумии ҷабрдидагони ҳодиса дар Тошканд 163 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, танҳо 24 нафари онҳо дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ва филиали он дар вилояти Тошканд, беморхонаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Тошканд, беморхонаҳои клиникии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии №1 ва таваллудхонаи шаҳрии № 1 бистарӣ шудаанд. Ба боқимондаи 138 нафар сокинони зарардида ёрии амбулаторӣ расонида, бинобар вазъи саломатӣ ба хонаҳо фиристода шуданд.

Дар натиҷаи ҳодисаи фавқулодда писарбачаи навраси соли таваллудаш 2006 дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд ва бе нишонаҳои ҳаёт ба бемористон интиқол дода шуд.

Айни замон дар беморхонаҳои дар боло зикршуда ягон беморе, ки ҷароҳати вазнин бардоштааст, табобат намегираад. Вазъи саломатии онҳо қаноатбахш аст.

Дар кори расондани хизмати тиббӣ ба беморон мутахассисони варзидаи ҷумҳурии мо, аз қабили ҷарроҳ, травматолог, нейрохирург, невропатолог, чарроҳи ҷоғу рӯй, ​​акушер-гинеколог иштирок доранд.

Дар муассисаҳои тиббӣ барои зуд ва хушсифат расондани ёрии тиббӣ фонди ҳамаи доруҳои зарурӣ  ба вуҷуд оварда шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: