БИНОҲОИ НАВИ ЗАМОНАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Навбаҳор”-и ноҳияи Бағдод бинои кӯдакистони нав мавриди баҳрабардорӣ дода шуд.

Бино бо тарҳи нав сохта шуда,  барои 120 нафар кӯдак муқаррар шудааст. 

Қобили зикр аст, ки ин бино берун аз маблағи сармоягузорӣ дар ивази панҷуним миллиард сӯм аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва падару модарон бунёд ёфтааст. Дар деҳаи Ирғолии ноҳия бошад, мактаби нави гунҷоишаш 330 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифодасупории ин ду муассисаи таълимӣ мушовири раисиҷумҳур Шуҳрат Ғаниев ва ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ширкат карданд.   

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: