ЭЪТИБОР БА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД – ЭЪТИБОР БА ХУДӢ

Падару бобоёни мо ба тарбияи фарзанд, аз рӯзи ба дунё омадан то ба воя расидани ӯ бо масъулият қаробат ҷустаанд, таълиму тарбия гирифтани фарзанд ба нангу номус ва орият иртиботи ногусастанӣ дошт.

Ин ҷиҳат дар қонунгузории миллӣ низ таҷассум ёфтааст, яъне дар Конститутсияамон, Кодекси оила, қонунҳо «Доир ба кафолатҳои ҳуқуқии бача», «Дар бораи васигию ҳомигӣ», «Дар бораи профилактикаи беназоратӣ ва қонуншиканӣ дар байни ноболиғон», фармонҳои Президент ва бо як қатор қарорҳои Девони Вазирон ба ҳифзи пурраи манфиати фарзандон, яъне ба воя нарасидагон кафолат дода шудааст.


Як қатор чорабиниҳое, ки дар қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба пурзӯр намудани кафолати ҳуқуқии бача», аз 22 апрели соли 2019, пешбинӣ шудаанд, бобати таъмини ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии ноболиғон ва бепарастормондагон, тарбияи ҳамаҷонибаи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон омили муҳим мегардад.
Хусусан, ҷорӣ гардидани вакил бино ба ҳуқуқи бача – ҷонишини вакили (Омбудсман) бино ба ҳуқуқи инсон дар назди Олий Маҷлис низоми наве оиди ҳуқуқи бачаҳо гардид.
Ҳамчунин, дар мамлакатамон аз 1 сентябри соли 2019 барои духтарон синни 18 синни никоҳ муайян карда шуд. Пешбинӣ шуд, ки бача дар ҳар гуна муҳокимаи судӣ ба гуфтани фикри худ ҳақ дорад, мақомоти ваколатдор (шахсон) бобати ҳаллу фасли масъалаи вобаста ба манфиати бача, ба назари эътибор гирифтани фикри бачаи мустақиландеш, сарфи назар аз синну соли ӯ, бояд рӯйи эътибор гардонанд ва шарт аст, ки бо назардошти манфиати бачаҳо қарор доир намоянд. Ва ин дар навбати худ, бешубҳа, ҳифзи пурраи ҳуқуқ ва манфиати бачаҳоро таъмин менамояд.
Аллома Абӯҳомиди Ғаззолӣ беҳуда огоҳ накарда буд, ки: «Бидон! Тарбияи фарзанд кори аз ҳама муҳим аст. Фарзанд – амонати падару модар. Қалби бача гавҳари поку нафис ва аз ҳар гуна нақшу сурат орист. Ба он ҳар нақше андозанд, тибқи ҳамон нақш ташаккул меёбад, ба ҳар сӯе, ки кашанд, ба ҳамон сӯ хам мешавад... Ба ӯ некӣ ва некӯкорӣ биомӯзанд ва дар байни некон ба воя расад, саодати дунё ва охиратро хоҳад ёфт. Агар бача аз назари эътибор дур афтад, дар байни бадон бирӯяд, рӯ ба бадбахтӣ оварда, ҳалок хоҳад шуд. Бори ин гуноҳ бар дӯши онҳое, ки ӯро ба ин роҳ андохтаанд ва падару модар меафтад».
Биноан,ба тарбияи фарзанд бояд бо масъулият қаробат ҷӯем, фаромӯш накунем, ки дар ин бобат ибрати шахсӣ омили муҳим аст. Агар мо имрӯз ба фарзандонамон беэътибор бошем, фардо меваи талхи ин бемасъулиятиро хоҳем чашид.
Дуруст, ягон падару модар ҷинояткор шудани фарзанди худро намехоҳад. Аммо имрӯз сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғон чист? Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳолат сабабҳои зиёд дорад. 
Якум, падару модароне, баъди ба дунё омадани фарзанд, ба тақдираш бефарқ нигоҳ карда, ҷудо мешаванд, ин пайомад ба бача таъсири номатлуб мерасонад, сабаби ба кӯчаи ҷиноят ворид шудани ӯ  мегардад.
Президент Шавкат Мирзиёев ба наздикӣ вақте бо ҷавонон вохӯрд, оиди бартараф намудани ин мушкил ҳарф зад. Доир ба пешгирӣ кардани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, ҷудошавии оилавӣ дастур дод.
Бояд ёдрас намуд, ки дар моддаи 64-уми Қонуни Асосӣ таъкид гардида, ки падару модарон то ба воя расидани фарзандон бояд бо парвариш ва тарбияи онҳо машғул шаванд.
Бо тарбияи фарзанд машғул нашудан ва аз таъминоти моддии онҳо рӯ тофтани  баъзе падару модарони аз ҳам ҷудошуда ҳолати ғамангез аст.
Соли 2019 тибқи қарори суд аз 3 ҳазору 218 шаҳрванд, тавассути фармони суд бошад, барои таъминоти моддии фарзандон аз 45 ҳазору 459 шаҳрванд ситонда шудани алимент, барои аз таъминоти фарзандон рӯ тофтан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани 5 ҳазору 31 нафар падар,ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани 90 нафар падар гуфтаҳои болоиро собит менамояд. 
Дуюм, падару модарон тарбияи фарзандро ба дигарон бовар карда месупоранд, ки ин ҳолати номатлуб аст. Пӯшида нест, ки имрӯз баъзе падару модарон ба мақсади аз ҷиҳати моддӣ хуб таъмин намудани фарзандон, ба дараҷаи олӣ гузарондани тӯйи онҳо, харидани сарупои арзанда, фарзанди худро ба падару модари пир, хеши наздик ё ҳамсояи худ супурда, худашон барои пулёбӣ ба кишварҳои дур мераванд. Аммо онҳо намедонанд, ки вақти ба фарзанд тарбия ва меҳр доданро аз даст медиҳанд, ки дертар ин зарарро бо сарвати зиёди моддӣ ҷуброн карда намешавад.
Дар ҳоли ҳозир падару модари аксарияти ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд ё аз ҳам ҷудо шудаанд, ё ба кишварҳои дигар ба муддати дуру дароз ба кор рафтаанд. Ҷиҳати дигари номатлуб ин аст, ки падару модари аксарияти онҳое, ки дар Хонаҳои меҳрубонӣ тарбия меёбанд, зиндаанд, вале аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Имрӯз онҳоро давлат парвариш менамояд, ҳарчанд барояшон ҳама чиз фаровон аст, аммо ба меҳри падару модар ниёз доранд.
Дар урфият: «Аз рӯйи меҳр меҳр» гуфтаанд. Агар мо имрӯз ба фарзандони худ меҳр надиҳем, фардо ба меҳри онҳо зор хоҳем шуд. Бояд дар ин хусус падару модароне, ки ба хотири роҳату фароғати худ фарзандонашонро дар хонаҳои меҳрубонӣ партофта мераванд, биандешанд.
Сабаби сеюм ин аст, ки ё муносибатҳои оилавӣ ба таври бояду шояд нест ё падару модар ба нӯшокиҳои спиртдор руҷӯъ кардаанд, ба ибораи дигар сардорони оила худ ба тарбия ниёз доранд. (Дар соли 2019 1 ҳазору 150 нафар падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд. Қариб 2 ҳазору 71 нафар падару модар аз он ки нӯшокиҳои спиртдор истеъмол менамоянд ва бино ба дигар сабабҳо ба муомила нолоиқ дониста шудаанд).
Сабаби дигари ба роҳи ҷиноят даромадани бачаҳои ноболиғ ахбори гуногунест, мисли зуроварӣ ва фаҳш, ки тавассути интернет интишор меёбанд. Мо бояд фарзандонро аз таъсири онҳо эҳтиёт кунем.
Пӯшида нест, ки мактаб, литсей, коллеҷ ва муассисаҳои таълими олӣ маскани таълиму тарбия маҳсуб меёбанд, вале вазифаи асосии маърифатгоҳҳои мазкур дониш додан аст. Бо тарбияи бачаҳои зиёд машғул шудани як ё чанд омӯзгор аз доираи имкон берун аст. Биноан, тарбияи фарзандонро пурра ба дӯши муассисаҳои таълимӣ бор кардан нодуруст аст. Суоли табиие пайдо мешавад, ки чӣ бояд кард?
Роҳбари давлатамон дар вохӯрӣ бо ҷавонон бо назардошти мушкилиҳои вуҷуддошта дар ин росто чорабиниҳои маҷмӯъро ба миён гузошт.
Президентамон таъкид намуд, ки эътибор ба таълиму тарбия эътибор ба худу оянда аст, ғамхорӣ ба тарбияи насли солим ва шароит фароҳам овардан ба таълим гирифтани онҳо вазифаи падару модар, давлат, созмонҳои ҷамоатӣ, ҳамаи мо мебошад.

Холмӯъмин ЁДГОРОВ,
ҷонишини раиси Суди олии 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 
ӮзА    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: