РОҲИ НОҲАМВОРИ ЗИНДАГӢ

Қандиёр боғу чорбоғи аз чиллаоб саршоршударо аз назар гузаронда қаноатманд гардид.

 Баъди буридани шохҳои хушкида ва навдаҳои зиёдатӣ дарахтони мевадор ба чашм назаррабо метофтанд. Вай хушҳолона ба «Дамас» савор шуда, онро ба ҳаракат овард. Дере нагузашта автомобил ба роҳи мумфарш баромад. Қ. Орифов ба роҳи ҳамвор бо диққат менигаристу рӯзгори гузаштааш пеши чашмонаш падид меомад.
Хонадони Раҷаб Ориф на фақат дар деҳаи Муғулон, балки дар музофоти Занданеи ноҳияи Пешкӯ  эътибори ба худ хос дорад. Дувоздаҳ фарзанд – шаш писару шаш духтари Раҷабамаку Шафоатхола баҳри ободии диёр хизмати арзанда мекунанд. Хусусан саҳми писари калонӣ Дониёр бобати заминкушоӣ дар вилоят сазовори таҳсин аст. Вай ҳоло дар қайди ҳаёт набошад ҳам, меҳнатдӯстию садоқати ӯро мардум бо некӣ ёдоварӣ мекунанд. Фарзандонаш низ кори падарро идома медиҳанд.
Қандиёр – додари Дониёр ҳаштумин фарзанди хонадон аст. Вай баъди таҳсил дар мактабҳои тоҷикии №16 ба номи Островский ва №16 ба номи Луначарский таҳсилро дар техникуми роҳҳо ва автомобилҳои Бухоро давом дод, баъди хизмати ҳарбӣ дар фермаи бӯрдоқипарварии Галаосиё (ноҳияи Бухоро) ба кор даромад. Ҳам муҳандис, ҳам ронандаи корхона буд. Ба вай лозим омад, ки расо понздаҳ сол паси фармони «КамАЗ» нишинад.
Маҷрои зиндагӣ Қандиёр Орифовро боз ба зодгоҳаш овард. Вай ба хоҷагии фермерии «Дониёробод» асос гузошта, бо деҳқонӣ машғул шуд. Дар 20 гектар зироати пахта, дар 20 гектар зироати ғалла корида комёб шуд. Барори кор дили ӯро ба соҳаи зироатпарварӣ гарм кард. Баҳри афзоиш додани ҳосилдорӣ аз деҳқонони пуртаҷриба маслиҳат гирифт. Ба қитъаҳо пору андохта, ба маданияти деҳқонӣ пурра амал намуд. Ҳосилнокии баланд, натиҷаҳои ибратбахши пай дар пай Қ. Орифовро дар ноҳия ҳамчун сарвари хоҷагии фермерии пешқадам машҳур гардонд. Дар 12 гектар майдон боғу чорбоғ ба вуҷуд омад. Деҳқони пуртаҷриба барои муваффақиятҳои меҳнатиаш борҳо соҳиби мукофот, аз ҷумла, автомобили «Дамас» гаштааст.
Маризии қанд деҳқони меҳнатдӯстро маҷбур кард, ки бори сарвариии хоҷагиро сабуктар созад.
Вай ду сол ин ҷониб ҳамчун роҳбари хоҷагии фермерии боғу чорбоғпарварии «Раҷаб Ориф» фаъолияти меҳнатиашро давом медиҳад. 1,5 гектар боғ, 1,5 гектар себзор, 9 гектар зардолузор деҳқони корозмударо дар ивази меҳнати оқилонааш бо саховат – меваи фаровони пуршаҳдушакар шод мегардонад. Бояд таъкид намуд, ки дар ин комёбиҳо ҳамсари  меҳрубони Қандиёр – агрономи маълумоти олидор, модари  панҷ фарзанди соҳибилм Робия Рамазонова низ саҳми орзанда дорад. Соҳибкорон баҳри дастгирии  эҳтиёҷмандон, ободии деҳа, ба фаъолият оғоз намудани муассисаи таълими томактабӣ (дорои 75 ҷой) дар деҳа низ мадади худро дареғ намедоранд. Зеро онҳо хуб медонанд: ҳосили умри инсон некию накӯкорист.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: