Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид

Дар натиҷаи интихобот дар Беларус, 25 феврал баргузор гардид, палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид.

Ном ва насаби номзадҳоеро, ки дар ҳамаи 110 ҳавзаи интихоботӣ ғолиб омадаанд, дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ Игор Карпенко эълон намуд.

Ӯ иттилоъ дод, ки тибқи натиҷаҳои пешакии интихобот, ҳамаи 1 284 шӯрои маҳаллии вакилон ташкил шуд.

Дар рӯзи якуми овоздиҳии ягона дар таърихи Беларус, ки 25 феврал доир гардид, 110 вакили палатаи намояндагони Маҷлиси миллӣ ва 12 514 вакили шӯроҳои маҳаллӣ ба муддати панҷ сол интихоб гардиданд. 263 довталаб барои вакилӣ дар парлумон ва 18 802 нафар барои вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ мубориза бурданд. Иштироки интихобкунандагон дар интихобот 73,09 фоизро ташкил додааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: