АҲАМИЯТИ ДАРСИ МАЪНАВИЯТ

Ба ҳамаамон маълум аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дарсҳои маънавият ва ё соати тарбиявӣ гузаронда мешавад.

Ба ҳамаамон маълум аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дарсҳои маънавият ва ё соати тарбиявӣ гузаронда мешавад. Ташкил ва гузаронидани он аз ҷониби роҳбари синф амалӣ мегардад. Зеро дар дарси мазкур таҳлили дарсомӯзӣ, давомат ва хулқи хонанда сурат мегирад. Ба фикри мо, дар ин дарсҳо ғайр аз таҳлили дарсомӯзию хулқи хонандагон дигар навъи тарбиякуниро истифода кардан самарабахш аст. Минҷумла, аз ҳаёти бузургон, ба монанди Алишер Навоӣ, Камолиддин Беҳзод, Муҳаммад Бобур далелҳо овардан муфид аст. Ин бузургон бо чӣ роҳ ба қуллаи инсонӣ ноил гардидаанд? Албатта, тавассути тарбияи қавӣ, илму ҳунаромӯзӣ, ҳурмат кардани волидону калонсолон, гарм ва самимӣ будани меҳри инсонӣ ва ғайраҳо. Мо дар ҷараёни дарси маънавият аз хислатҳои наҷиби шахсҳои ибратомӯз  ба хонандагон расонем, баробари ҷиҳати таълимӣ ҷиҳати тарбиявӣ низ сайқал хоҳад ёфт. Масалан, оиди китоб ва китобхонӣ фикри донишманд М.Горкийро овардан мумкин: “Китобро дӯст доред. Вай сарчашмаи дониш аст. Фақат дониш ҳимоятгари мост, танҳо вай метавонад моро одами маънан муқтадир, дилсоф, боақлу тамизе гардонад, ки қодир ҳастем инсонро самимона дӯст дорем, меҳнати ӯро ҳурмат кунем ва аз маҳсули аҷоиби заҳмати бузурги мунтазами ӯ сидқан ҳаловат барем”.  Дар дарсҳои маънавият истифодаи нақши азими бузургон дар тамаддуни миллату халқ дар тинати хонандагон шахси идеалро кашф хоҳад кард.  Вақте дар арафаи ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳ номҳои шахсони баҳодур, мисли Темурмалик, Тешабой Одилов ва даҳҳо тани дигарро ба забон мегирем, баъзе аз донишомӯзон ба худ  ҳарбӣ шуданро мақсад мегузоранд.  Ба мулоҳизаи мо, дар аксари мавзӯъҳои маънавият саҳмгузорони даврони гузаштаро омӯзем, дуруст ва муфид аст. Чунки дар ин самт пайвандии фан бо таърих, забону адабиёт, санъат ва ғайраро мушоҳида кардан мумкин. Ғайр аз ин марбутии аҷдоду авлод мустаҳкам мегардад. 
Умуман, дарси маънавият асоси тарбия аст. Чунки дар ин дарс хонанда аз дунёи маънавият бештар огоҳ мегардад ва худи ӯ низ маънан мусаллаҳ мешавад. Шахси маънавиятдор дар давоми ҳаёт аз корҳои номатлуб ҳамеша худдорӣ мекунад. Дарси маънавият ба боақл будан низ водор месозад, ки дар поён сухани Саъдии бузургро оварданием ки фармуда: “Бузургӣ ба  ақл аст, на ба сол”.

Тӯрабой АҚРАБОВ,
омӯзгори мактаби миёнаи 
рақами 7-уми ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: