Дар Маркази миллии идоракунии мудофиа 13 январ ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзои Шӯрои амният, ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони секторҳои маъмурии ҳарбӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат доштанд.
Ҳар сол баргузор намудани чунин ҷамъомад дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан анъанаи хубе шудааст. Имсол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон 30 сол пур мешавад. Сарвари давлат дар оғози ҷамъомад тамоми хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадоронро бо ид табрик гуфт. Дар рафти ҷамъомад натиҷаҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва секторҳои маъмурии ҳарбӣ дар соли 2021 мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳои афзалиятнок барои оянда муайян карда шуданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои маҷмӯгие, ки дар тамоми соҳаҳои сохтмони ҳарбӣ андешида шудаанд, дар давоми панҷ соли охир ҳам симои армияи миллии мо ва ҳам дараҷаи омодагии қӯшунҳо тағйир ёфт. Инфрасохтор дар қисмҳои ҳарбӣ ва полигонҳо, шароит барои сарбозону афсарон беҳтар гардид. Дар Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 мақоми дувумро касб кардани низомиёни мо низ натиҷаи рушди соҳа аст.
Ин кор пай дар пай давом дорад, иқтидори зершуъбаҳои ҷангӣ васеъ мегардад. Низоми нави муҳофизати сарҳади давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Сарвари давлат ба масъалаҳои тарбияи кадрҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои пешқадам эътибор дод. Зарурати такмили ихтисоси омӯзгорони ҳарбӣ ва ба маркази илми ҳарбӣ табдил додани Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ қайд карда шуд. Вазифа гузошта шуд, ки Донишкадаи мероси ҳарбӣ ва тадқиқоти замонавии ба наздикӣ таъсисёфта ба системаи таълими ҳарбӣ ва фаъолияти илмӣ самаранок интегратсия карда шавад.
Таъмини Қувваҳои Мусаллаҳ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, навсозии аслиҳаҳои мавҷуда низ яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сохтмони ҳарбӣ хоҳад буд.
Супориш дода шуд, ки барномаи консептуалии рушди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ барои солҳои 2022-2026 дар асоси ин ҳадафҳо ва хусусияти таҳдидҳои муосир қабул карда шавад.
Дар бораи ба зинаи сифатан нав баровардани фаъолияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими системаи дифоъи зидди ҳавоӣ дастурҳо дода шуданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар шароити кунунии таҳдидҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ рӯзафзунии таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои бегона, омодагии равонии кадрҳои низомӣ ва таҳкими рӯҳияи ҷангӣ бештар мегардад.
Қайд карда шуд, ки ҳайати фармондеҳӣ бояд маҳорати ба нақша гирифтани амалиёти замонавӣ, идоракунии оқилонаи қӯшунҳо, самаранок истифода бурдани қувваю воситаҳои мавҷударо такмил диҳанд.
Барои вазифаҳои роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ ба вуҷуд овардани захираи кадрҳои умедбахш, ба ин вазифаҳо дар асоси озмун тадриҷан тайёр ва таъин кардан муҳим аст.
Дар шароити замонавии афзоиши динамика ва пайдоиши усулҳои нави пеш бурдани амалиёти ҷанг муваффақият аз бисёр ҷиҳат ба амалиёти зершуъбаҳои хурд бо сарварии сержантҳо вобаста аст. Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки системаи тайёр кардани инструктор-сержантҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳ ба куллӣ беҳтар карда шавад.
Вазифаҳо оиди ба таври мусбат ҳал намудани муроҷиатҳои аҳолӣ, такмил додани инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисию коммуникатсионӣ дар маҳалҳо, таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ва устувории нархҳо гузошта шуданд.
— Таъмини амният, сулҳу оромии мардуми мо аз авлавияти имрӯза боқӣ мемонад ва дар оянда низ чунин хоҳад буд. Зеро танҳо сулҳу оромӣ гарави асосии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мост. Соли нави 2022 бояд дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳалкунанда бошад, — гуфт Президент.
Дар ҷамъомад аъзои Шӯрои амният, роҳбарони секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ ба сухан баромаданд. Тадбирҳо оид ба минбаъд ҳам мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат муайян карда шуданд.