МАҚСАДИ МО – МУСТАҲКАМСОЗИИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚУ ДАВЛАТ

Маълум аст, ки мақомоти адлия ба қоидаи тиллоии муроҷиатҳо — пули байни давлат ва халқ амал карда, ба ёрирасони халқ табдил ёфтааст.

Бо ин муносибат хабарнигори мо бо сардори Садорати адлияи вилояти Самарқанд Салоҳиддин НУРИЕВ суҳбат орост.
– Бояд таъкид намуд, ки ҳар як мушкилоти ҳуқуқӣ, ки ба система ворид мешавад, ҳал хоҳад шуд, – гуфт Салоҳиддин Нуриев. – Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба маблағи зиёда аз 70 миллиард сӯм ба соҳибони қонуниаш баргардонида шуд. Яъне, аз рӯи пешниҳодот зиёда аз 48 миллиарду 417 миллиону 603 ҳазор сӯм руёнда шуд. 
– Ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандон дар кадом масълаҳо мебошанд?
– Таҳлил нишон медиҳад, ки бештари муроҷиатҳо ба масъалаҳои нафақа ва кӯмакпулӣ, ҳуқуқи андоз, низоми маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, нигаҳдории тандурустӣ, баррасии муроҷиатҳо, масъалаи манзил, имтиёз ва преференсияҳо, ҷудо кардани замин, пардохтҳои коммуналӣ, муносибатҳои корфармо ва корманд марбутанд.
Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби мақомоти адлия ҳамагӣ 327 санҷиш ва мониторинг гузаронида шуда, дар натиҷаи он дар маҷмӯъ 244 ҳазору 387 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи чораҳои зарурӣ нисбати 472 нафар ҷазои интизомӣ (қарордоди меҳнатӣ бо 13 нафар бекор карда шуд), 89 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар натиҷаи пешниҳодот зиёда аз 11 миллиард сӯм, аз рӯйи даъвоҳои ба судҳо пешниҳодшуда бештар аз 10 миллиард сӯм, умуман пардохти зиёда аз 21 миллиард сӯм пул таъмин гардид.
Тадбирҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои тадбиркорӣ нигаронида шудаанд, низ самараи худро медиҳанд. Дар давоми тадбирҳое, ки аз ҷониби Садорати адлияи вилоят ва Садорати давлатии андози вилоят, инчунин шуъбаҳои адлияи ноҳия (шаҳр)-ҳои вилоят гузаронда шудаанд, маълум гардид, ки аз ҷониби мақомоти андоз низ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ вайрон карда шудааст.
Хусусан, дар солҳои 2020-2021 ба субъектҳои тадбиркорие, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» фаъолият доранд, ҷамъ ба миқдори 963 миллиону 978 ҳазору 763 сӯмина имтиёзи нодуруст ҷорӣ карда шудааст ва он аз 1-уми сентябр то 31-уми декабри соли 2021 аз нав ҳисоб гардид. Муайян шуд, ки ба маблағи 74 миллиону 651 ҳазор сӯм андоз ба 10 нафар субъектҳои тадбиркорӣ андоз ҳисоб карда шудааст ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ин маблағҳо ба тадбиркорон баргардонида шуданд.
Ғайр аз ин, мувофиқи қарори Президент аз 22-юми ноябри соли 2016 «Дар бораи чораҳои татбиқи барномаи дар шаҳрҳо сохтмон ва реконструксия кардани хонаву ҷойҳои арзон дар солҳои 2017-2020» нисбати 940 нафар шаҳрванд имтиёз дода шуда, бекор кардани имтиёз ба миқдори 358 миллиону 98 ҳазору 119, 9 сӯмина таъмин гардид.
Мақомоти адлия метавонанд оид ба татбиқи қонунгузорӣ дар мақомот ва муассисаҳои давлатӣ омӯзиш гузаронанд. Аз ҷумла, дар рафти омӯзишҳое, ки аз ҷониби шӯъбаи вобаста ба иҷрои фармон, қарор ва фармоишҳои дахлдори Девони Вазирон дар муассисаҳои тиббии вилоят гузаронида шуд, маълум гардид, ки музди меҳнат ва кумакпулӣ дар ҳаҷми умумии 1 миллиарду 38 миллиону 215 ҳазор сӯм, ки бояд ба коркунони сохтор дода шавад, пардохта нашудааст. Вобаста ба ин вазъият чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Аз ҷумла, ҳангоми омӯзишҳое, ки аз ҷониби шуъбаи адлияи ноҳияи Оқдарё вобаста ба иҷрои қарори Девони Вазирон аз 10-уми сентябри соли 2016 аён гардид, ки 38 миллиону 90 ҳазору 714 ҳазор сӯм музди кори зиёда аз 25 нафар соҳибхоназанон дода нашудааст. Бо дахолати кормандони адлия манфиатҳои қонунии соҳибхоназанон таъмин карда шуд.
Дар асоси тамоили «маҳаллабайъ» кормандони Садорати адлия таҳти шиорҳои «Адолат ба ҳар як хонадон» ва «Маслиҳати ҳуқуқии ройгон ба ҳар хонадон» бо мақсади омӯхтани мушкилоти ҳуқуқӣ дар маҳаллаҳо ва хоҷагиҳо тадбиру аксияҳо гузаронида, барои ҳарчи зудтар бартараф кардан, омӯхтани муаммоҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шуур ва маданияти ҳуқуқии онҳо саҳмгузорӣ менамоянд.
Аз ҷумла, дар давраи гузашта кормандони адлия дар беш аз ҳазор маҳалла хона ба хона гашта, мулоқот намуданд. Аз 798 муроҷиате, ки дар рафти чорабиниҳо шунида шуданд, 60 фоизаш ҳалли мусбати худро ёфтанд. Оддӣ карда гӯем, адлия дар байни мардум ва бо мардум аст.

Суҳбаторо
 Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: