Имрӯзҳо дар кишварамон барои мо – ҷавонон ба донишомӯзӣ ва дар ҳама соҳаҳо барои намоён кардани истеъдодамон имкониятҳои васеъ ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Имрӯзҳо дар кишварамон барои мо – ҷавонон ба донишомӯзӣ ва дар ҳама соҳаҳо барои намоён кардани истеъдодамон имкониятҳои васеъ ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла, соли 2021 Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ ном гузошта шуд, ки ҷавононро дар ҳама соҳа ба фаъол будан даъват менамояд.
Ба туфайли эътибор ва ғамхориҳои ҳукумат дар мактабҳо ҳамаи шароит мавҷуд буда, омӯзгорон ва мураббиёни дилсӯз ба мактабиён аз самими дил таълим ва тарбия медиҳанд. Дар ин ҷода меҳнати онҳо лоиқи таҳсин аст.
Баробари дигар ҳамсиннонам ман ҳам ҳар як машварат ва донишомӯзии устодонро ба дилам ҷо карда кӯшиш намудам аз ҳама фанҳо бо баҳои аъло илм омӯзам. Ин натиҷаи дилхоҳ пайдо кард ва хушбахтона, аз сафи донишҷӯёни таълимгоҳи олӣ ҷой гирифтам. Барои ин аз ҳамаи омӯзгорон ва мураббиёни мактаби таълимоти ҳамагонии ихтисосонидашудаи давлатии рақами 6-уми ноҳияи Чуст сипосгузорам ва ба онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам.
Ҳасанбой ШАРОПОВ,
донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисию сохтмони Намангон.