МАЪРИФАТИ ДИНӢ ГАРАВИ ОСУДАҲОЛИИ МАРДУМ АСТ

Имрӯз дар мамлакатҳои дунё бесарусомониҳо дар авҷанд, ки корҳои таблиғотии маърифати динӣ ва таҳаммулпазирӣ дар оштисозӣ ва ба созиш омадани онҳо нақши муҳим мебозад.

Аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин бахшида ба таҳлили фаъолият ва иҷрои вазифаҳои устувори Кумита дар соли 2023 брифинг баргузор гардид. 
– Дар давоми соли 2023 бо ҳамкории кумитаи динӣ ва идораву вазоратҳои мутасаддӣ доир ба таҳкими барқарорсозии муҳити иҷтимоиву маънавӣ корҳои зиёд ба амал татбиқ гардиданд, – таъкид намуд роҳбари хизмати ахбори кумита И. Маърупов. – Аз ҷумла, соли гузашта қарори Девони Вазирон доир ба таъсис додани нишони сарисинагии «Таҳаммулпазирии динӣ» қабул гардида, 161 нафар намояндагони давлативу ҷамъиятӣ бо он тақдир шуданд. Доир ба такмили базаи ҳуқуқиву меъёрии соҳа як Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷамъ 7-то қарор ва фармонҳои  махсуси роҳбари давлат ва Девони Вазирон қабул карда шуд. 
Дар корхонаву ташкилотҳо бо намояндагони соҳаи хидматрасонӣ, соҳибкорон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва хонандагони мактабҳои миёна дар асоси ғояи «бо маърифат бар зидди ҷаҳолат» чорабиниҳои маънавиву маърифатии зиёд баргузор гардид.   
Ғайр аз ин, дар кори брифинг доир ба фаъолияти масҷидҳо низ маълумотҳо пешкаш гардид. Аз ҷумла, ҳоло дар сартосари мамлакат фаъолияти 2131 масҷид ба роҳ монда шудааст, соли 2023 13 масҷид аз рӯйихати давлатӣ гузаронида шуд. 82 масҷид азнав сохта ва дар 43 масҷид корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳоло дар сартосари ҷумҳурӣ 197 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, инчунин соли гузашта дар шаҳри Ангрен калисои католикӣ низ аз рӯйихати давлатӣ гузаронида шуд.
Намояндагони конфессияҳои динӣ дар беш аз 50 чорабинии ҷумҳуриявиву байналхалқӣ ширкат варзиданд. Инчунин, дар баргузор намудани 14 ҷашни динӣ кумаки амалӣ расонда шуд, ки ҳамаи ин собит месозад дар кишвари мо ба таҳаммулпазирии динӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Соли 2023 мавсими зиёрати ҳаҷ ва умра дар савияи баланд ташкил карда шуд, аз ҷумла, 15150 нафар амали зиёрати ҳаҷ ва беш аз 43 ҳазор нафар  зиёрати  умраро  адо намуданд.
– Ба номи Кумита аз ҷониби шаҳрвандон доир ба ҳаллу фасл намудани баъзе мушкилот муроҷиатҳо низ мерасанд, – гуфт ҳангоми ҳисобот И. Маърупов. – Дар давоми сол 1716  муроҷиат расид, ки ба 1135-тои он маълумоти ҳуқуқӣ дода, 396 тоаш ҳаллу фасли эҷобии худро ёфт. 132 муроҷиат аз сабаби дар он камбудиҳое, ки дар ҳуҷҷатҳо оид ба аз феҳристи давлатӣ гузаронидани ташкилоти давлатӣ мавҷуд буд, рад карда шуд.  53 муроҷиат ба ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ равона гардида, 18-тои он дар ҷараёни омӯзиш қарор дорад.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: