БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ХИДМАТҲОИ ДАВЛАТӢ

Баъди хидматрасонии чандинсола дар бинои мувофиқгардондашуда ниҳоят орзуи деринаи кормандони маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Шофиркон рӯйи об баромад.

Баъди хидматрасонии чандинсола дар бинои мувофиқгардондашуда ниҳоят орзуи деринаи кормандони маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Шофиркон рӯйи об баромад. Бинои нави дуошёнаи маркази хидматҳои давлатӣ ба кор даромад.
Акнун кормандони марказ дар кабинетҳои равшану васеъи дорои як қатор қулаиҳо нишаста, дар як рӯз сарфи назар аз ҷои зисташон то 500 нафар корафтодагонро қабул карда, ба онҳо дар доираи бештар аз 300 намуд хидмати давлатӣ расонда метавонанд. 
Дар ин бино ҷо гирифтани шуъбаи сабти далолатномаҳои ҳолатҳои шаҳрвандӣ, маркази хидматҳои давлатию хидматҳои ҳуқуқӣ, ки шомили низоми шуъбаи адлияи ноҳия буда, «Хонаи адлия»-ро ҳосил кардааст, барои корафтодагон хеле қулай мебошад.
Инро бинокорони корхонаи «Когон строй престиж»  дар муддати кӯтоҳ бунёд карданд. Барои ин 2 миллиарду 85 млн. сӯм маблағ харҷ гардид. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: