ДАР ДУШАНБЕ ХОНАИ САВДОИ ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ШУД

Дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) Хонаи савдои Ӯзбекистон кушода шуд.

Дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) Хонаи савдои Ӯзбекистон кушода шуд.
Дар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон риштаҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ торафт мустаҳкам мешавад.
Зимни суҳбати телефонии ба наздикӣ баргузоршудаи байни президентҳои ду кишвар қайд гардид, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва саъю ҳаракатҳои муштарак, ҳамкории гуногунҷабҳаи кишварҳои мо ба дараҷаи сифатан нав баромада, бо мазмуни дақиқ ғанӣ гардид.
Алалхусус, ҳаҷми савдои дутарафа меафзояд. Лоиҳаи муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, электротехника, маъдани кӯҳӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо татбиқ мегарданд. Алоқаҳои шарикӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байни корхонаҳо низ васеъ мегарданд. 
Дар ин бобат муносибатҳои дӯстонаи президентҳои ду кишвар, инчунин созишномаҳои имзошуда ва қарорҳои батасвибрасида нақши муҳим доранд. Хонаи савдои Ӯзбекистон, ки дар пойтахти  Тоҷикистон – Душанбе кушода шудааст, натиҷаи ин ҳамкорӣ мебошад.
Хонаи савдо ҳамчун ёрдамчии беминнат барои соҳибкорони ду кишвар, дар расонидани молу маҳсулот ба харидорон хизмат мекунад.
Дар маросими кушодашавии он сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва директори ширкати сармоягузории «Ориён Инвест» Саидисматулло Валиев иштирок карда, рушди минбаъдаи ҳамкории соҳибкорони ду кишварро таъкид карданд. Зеро мақсад аз таъсиси Хонаи савдо фароҳам овардани қулаиҳо барои соҳибкорон аст. Яъне соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ тавассути хонаи савдо метавонанд молу хидматҳои худро намоиш кунанд. Дар хонаи савдо намоишгоҳ ташкил карда шудааст, ки дар он  ба истеҳсолкунандагон дар бобати дарёфт кардани харидорони нав ёрии амалӣ расонда мешавад.
Баъд аз маросими кушодашавии хонаи савдо, дар намоишгоҳ барои соҳибкорони маҳаллӣ муаррифии маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.

Норгул 
АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: