ТАЪМИНОТИ БАРҚ БЕҲТАР МЕШАВАД

Корҳое, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона дар асоси «буҷаи ташаббускор» анҷом дода мешаванд, барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа хидмат мекунанд.

Маълум шуд, ки дар ин лоиҳа сокинони маҳаллаи «Сӯхобод» фаъолона иштирок намуда, ташаббусҳои зиёди онҳо дар байни ғолибон ҷой гирифтаанд.
– Сокинони ин мавзеъ, аз мушкилии таъмини барқ азият мекашиданд. Ин боиси эътирози ҳақиқии аҳолии «Сӯхобод» мегардид. Раванди «буҷаи ташаббус» роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо намуд, – мегӯяд бо хушҳолӣ ҳокими ноҳия Субҳонҷон Солиев.
Ба таъкиди ӯ татбиқи ташаббуси бо неруи барқ таъмин намудани сокинони маҳалла 1 миллиарду 200 миллион сӯмро тақозо менамуд, ки аллакай ин маблағ аз буҷаи ноҳия ихтисос дода шуд. Бар асоси ин маблағ ба насби трансформатор ва сутунҳои замонавии барқ кайҳо оғоз бахшида шудааст.
– Кор дар ин минтақаи ноҳияамон бо ҳамин анҷом нахоҳад пазируфт. Пас аз ба охир расидани корҳои таъмину танзими барқи «Сӯхобод» насби трансформаторҳои наву замонавӣ дар он ҷо идома хоҳад кард. Аллакай натиҷаи корҳо ба назар намоён аст ва бо неруи барқ таъмин намудани аҳолии тамоми минтақаҳои он дар зудтарин фурсат ба охир расонида хоҳад шуд, — изҳор медорад Субҳонҷон Солиев.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: