СОҲИБИ КАСБИ НОДИР

Маҳмудҷон Қосимов бо орзуи деринаю номаи камол ба шуъбаи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои таҳсил ҳуҷҷат супурд, аммо ноком монд.

 Вай хуҷҷатҳояшро  гирифта,  ба зодгоҳаш –деҳаи  Варзик  баргашт. Пас  кор ҷустуҷӯ кард.  Дар яке аз чунин рӯзҳо ба девораки даромадгоҳи коргоҳи  дӯзандагии  деҳаашон он бо  6-7 нафар дӯсту ҳамсолонаш   аз бекорӣ  суҳбаткунон менишастанд.  Ҳамдеҳаи наздики  Маҳмудҷон — домулло Ғаниҷон Ғозиев омаду онҳоро ба наздаш хонд ва чунин таклиф кард:
–  Бекор нагашта,  рафта  хонед, – ва он дар хусуси касбу ҳунар,  имтиёз ва  нишонии омӯзишгоҳе, ки дар  шаҳраки Уйғурсойи ноҳияи ҳамсояи Поп воқеъ буд, ба ҷавонон маълумоти  расою  дақиқ дод.  
Аз огоҳшудагон 3-4 нафар ба он омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ  барои таҳсил  рафтанд. Дарҳақиқат, дар ин ҷо хобгоҳ, 3 маҳал хӯроки гарм барои талабагон бепул буданд. Ҳар моҳ каме барои эҳтиёҷоти дигарашон пул ҳам дода мешуд.  Бо таҳсили интихобӣ дар омӯзишгоҳ  касбу ҳунарҳои гуногунро   аз худ кардан мумкин буд. Маҳмудҷон барои худ  омӯзиши касби нодири экскаваторчигиро интихоб кард.
Барои он касби нодир буд,  ки  дар  деҳаи онҳо  5-6 нафар марди башумор  бо экскаваторчигӣ  машғул буданд. Дар баъзе маҳалҳо, умуман, соҳибони ин касб набуданд.  Аксари экскаваторчиён  дар  касбашон кор накарда, онро партофта, мерафтанд, зеро ки  шумбачаҳои даври карахтӣ  ба ойинаю дари кабинаи  экскаватор  шикаст мерасонанд. Дар ин кабинаи кушод вақти сармо кор кардан душвору тоқатфарсо мегардид.
Боз дар ҳавои сарди тирамоҳу  зимистон  роҳи лойолудро то ба ҷойи исти  саҳроии экскаватор  тай карда, расидан мушкилотро пеш меовард. Агар техника носоз  бошад,  руҳи  соҳиби он мешикаст.
Бо ҳамин сабабҳо  ронандагон аз он  гузашт карда, корро мепартофтанд.
Дар  омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ аз байни ҳамдеҳагонаш танҳо Маҳмудҷони ташнаи илму касб  бо баҳоҳои аъло курси экскаваторчигиро аз худ карда,  бо ихтисоси мошинист-экскаваторчӣ  ба Колоннаи механиконидашудаи сайёри «Ирстрой»-и шаҳри Чуст ба кор даромад.
Устоди ботаҷрибаю кордонаш Мухторҷон Ёқубов ӯро такроран  бо усулҳои корбарӣ бо экскаватор  ошно кард. Баъди 1 соли шогирдию омӯзиши дубора ба номи Маҳмудҷон  экскаватори нав омад. Соҳибтехника  аввалин бор фаъолияти  меҳнатиашро дар селанбори Кӯксараксойи ноҳияи  Чуст сар кард. Баъд ба сохтмончиёни обанбори Варзик ёрӣ расонд. Кори он босифату самаранок адо мегардид. Корбайъ  дода шудани музд  ба кӯшиши  ӯю  ҳамкасбонаш  кӯшиш зам мекард. Агар экскаватор  дар таъмир бошад,  музди кам дода мешуд. Дафъае чунин шуд, Маҳмудҷон мунтазири аз таъмир баромадани техникааш  буд. 25 сӯм  пули гирифтаашро ба модараш   Равшанбибӣ оварда  дод. Аз ин падараш Болтабой  огоҳӣ ёфту  гуфт: 
– Писарам, ман як ҷомаи навамро фурӯхта, ба ту пул карда медиҳам.
Вай ин таклифро бо сабаби кам пул гирифтани  фарзандаш ё бо нияти ёрирасонӣ ба ӯ  баён кард, Маҳмудҷон нафаҳмида монд. Барои ҳамин аз суханони падараш  ба дард омад ва аҳд кард:
– Ман дигар ба он кор намеравам.  
Болтабойамак ин  аҳди ӯро шунида,  таъкид намуд:
– Ту кори худро накунӣ, чӣ кор мекунӣ? Ман барин каланд мезанӣ ё боз кор мековӣ. Ба корат рафтан гир.  
Маҳмудҷон  гуфтаҳои падарашро фаҳмиду дигар гапе назад. Экскаватори созашро ба кор андохт. Дар саҳроҳо каналу заҳбурҳо канд, барои сохтмони истгоҳҳои обкаши ноҳияҳои Чусту Поп чуқурӣ кофт. Ҷуғрофияи  меҳнатиаш дар он ноҳияҳо ва ноҳияҳои Задарё, Янгиқӯрғон ва Намангон васеъю паҳн шудан гирифт.
Баъди дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои қарзи  шаҳрвандиаш низ  Маҳмудҷон аз касби худ даст накашид. 
– Агар инсон виҷдонан касбашро дӯст дорад, ба ҳастию нестиҳои он тоқат кунад, албатта, кораш пеш меравад, – бо ин гуна суханони ҳикматомез  таълим медод  ӯ ба ҳамкасбони ҷавонаш.
Боз ба он гуфтаҳо илова мекард:  
 – Ақлро ба ҷояш монда, экскаваторро идора кардан зарур аст. Ин техника дар ҷойи исташ 360 дараҷа давр мезанад, милаш дарозу вазнин аст. Дар он ба атроф бо диққат нигариста, кор  кардан лозим аст, вақти ҳаракати он набояд ба вай одам наздик шавад. Умуман, ба қоидаҳои бехатарии меҳнат қатъӣ риоя кардан зарур аст.
Маҳмудҷон аз рӯйи касби худ  таҷрибаи бой ҳосил намуд, ҳунари комилан ба худ бегонаю нодирро касби  дӯстдоштаи хеш гардонд.
Ҳангоми боришҳои сахт обхезиҳо рӯй диҳанд, барои бастани роҳи сел бонги хатар зада,  экскаваторчиёнро таъҷилан мебурданд. Ин фидоиёни  касб барои иҷрои он вазифаҳо шабу рӯз то 16-соатӣ  мубориза мебурданд. Боре  дар ин гуна рӯзҳои  пурмашаққат раиси хоҷагие барои меҳнати зарбдоронааш ба Маҳмудҷон соати арзандаи кисагӣ туҳфа кард. Барои корнамоиҳои шоёни меҳнатиаш борҳо ин экскаваторчии моҳир бо мукофотҳо тақдир шудааст. Мисли худ  Муродҷон, Одилҷон ва Зокирҷон  барин шогирдони ғайратмандро  тарбия кард, ки ин шоистаи таҳсин аст. Фақат онҳо на бо экскаваторҳои кӯҳна, балки бо экскаваторҳои замонавии бесимтанобдору гидравликии «Самсунг», «Волво» ва ғайра фаъолияти устодашонро, инчунин босифату самаранок давом дода истодаанд.
– Маҳмудҷон касбашро нағз медид. Дар ҳамин касб хуб кор карда, ба нафақа расид. Ба мушкилиҳои ин ҳунар на ҳар кас тоб меоварад. Аммо Маҳмудҷон инро тавонист, – ҳамкасбашро таъриф кард яке аз ҳамкорони собиқаш Шокирхон Исроилхоҷаев.
–  Касби бад нест, касби бад намешавад ҳам. Ман ҳамин хел ба касбам меҳр дода, кам нашудам, – гуфт Маҳмудҷон  дар хулосаи суҳбатамон.
Оре,  вай муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуданӣ буд дар аввал,  вале нашуд. Аз имтиҳони сеюми қабул  дар донишгоҳ «ғалтид». Ноумедиҳо ба ӯ умед бахшиданд. Бо амри тасодуф домулло Ғаниҷон Ғозиев тақдирҷунбони он шуду  экскаваторчигиро ба худ касб кард. Хушбахтии ӯ дар ин пеша будааст. Ба ҳар гуна машаққати ин ҳунар сабр карда, 38 сол фаъолияти меҳнатӣ бурд. Аз паси ин  касби хушкардааш хонаю ҷояшро обод кард. Соҳиби оилаи намунавӣ гардид. Фарзандонашро хонадор кард. То имрӯз нафақахӯр,  маслиҳатгару дуогӯйи онҳою наберагон аст.
Бо вуҷуди ин, Маҳмудҷон бекор наменишинад. Бо парваришу нигоҳубини зироати замину боғи наздиҳавлӣ  рӯз мегузаронад. Бале, вай бо давомдиҳандагони  ҳаёташ  умри бобаракат ба сар мебарад.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: