ИСТЕЪДОД ЛУТФИ ХУДОВАНДИСТ

Соли 2006 ӯ дар мактаби рақами 16-уми гузари Ӯрташайх ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия буд ва аз фанни физика ба шогирдон сабақ медод. Т

Зиндагӣ қаҳрамонҳои зиёд дорад, ки бо таъсири сабақи ҳаёт давраи наверо дар зиндагии хеш оғоз кардаанд.
(Генри Торо).
Соли 2006 ӯ дар мактаби рақами 16-уми гузари Ӯрташайх ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия буд ва аз фанни физика ба шогирдон сабақ медод. Таълимгоҳ дар ноҳияи Самарқанд аз ҳар ҷиҳат пешқадам буду аксарияти хатмкунандагон ба мактабҳои олии мамлакатамон ва дигар кишварҳои ҷаҳон дохил мешуданд. Маҳз барои ҳамин аз дигар маҳаллаҳои ноҳия, ҳатто аз шаҳри Самарқанд падару модарон мехостанд фарзандони худро ба ин мактаби номдор супоранд, ки аз устодони соҳибтаҷриба илму дониш омӯзанд.
Баъди он, ки талабгорон бисёр шудаанду синфхонаҳо дар ду баст низ нарасид, масъалаи дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ кушодани шӯъбаи мактаб ба миён омад.
Собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев сарвари таълимгоҳ Сайёра Аҳророваро (илоҳӣ руҳаш шод бод!) назди худ хонд ва маслиҳат пурсид, ки дар шӯъбаи навбунёд киро роҳбар таъин бояд кард?!
– Холида Шамсиддинова натанҳо муаллимаи пешқадам, инчунин ташкилотчии соҳибистеъдод аст, – гуфт Сайёра Аҳророва. – Соли 1985 ба кор омад ва бо ташаббусҳои аҷоиб, навоварӣ, фаъолияти ғайриқолабӣ то дараҷаи ҷонишини директор расид.
Ҳоким бо номзад низ сӯҳбат ороста, аз ҷаҳонбинии васеъ, тафаккур, гуфтору рафтор ва дигар хислатҳои неки инсонии вай дар тааҷҷуб монд.
– Холида Қамариддиновна, – ниҳоят иброз дошт Б. Саъдуллоев, – маҳз шуморо ҳамчун номзади арзанда ба шуъбаи таълими халқ тавсия мекунем ва ваъда медиҳем, ки муаммо пайдо шавад, кумаки худро дареғ намедорем.
Холида ин навидро ба ҳамсараш Самеъҷон Шодиев расонд ва ӯ розӣ шуд. Баъди фармоиши мудири шӯъбаи таълими халқ ба кори нав пардохт.
Акнун вай муваққатан ҳам бинокор буду ҳам муҳандис. Бо маслиҳату машварати мутахассисон оиди бинои мактабро ба замона хос бунёд кардан саҳми арзанда гузошт.
Оғози соли хониши 2007 бо салоҳдиди ҳокимияти ноҳия шӯъба ба мактаби нав табдил ёфт ва нахустин директор Холида Шамсиддинова таъин гардид. 
«ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД»
Пештар бо арзи эҳтироми зиёд мардон дар нақлиёт ҷойи худро ба занҳо холӣ мекарданд, имрӯз ин арзи эҳтиром дар холӣ кардани мансаб барои занҳо зоҳир мешавад.
(Патрик О’РУРК).
Аз азал касе огоҳ нест, ки зери мафҳумҳои амри тақдиру дар хати ҷабин чӣ гуна пешомад пинҳон чӣ ҳаст. Холида ҳеҷ гумон надошт, ки пайраҳаи зиндагӣ ӯро то мактаби навбунёди рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд меоварад. Ва ӯ баъди директор таъин шудан аввало «команда»-и фидокор, адолатпарвар, ташаббускору масъулиятшиносонро ташкил намуд. Ба ҳар як омӯзгор роҳи ислоҳи камбудиҳоро фаҳмонд. Шояд аз ҳамин сабаб мактаб дар муддати кӯтоҳ на танҳо дар ноҳия, ҳатто дар вилоят ном баровард. 
Соли гузашта хонандагони таълимгоҳ дар озмуни омӯхтани забони англисӣ дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол карда, 250 миллион сӯм мукофотпулӣ гирифтанд ва ду ҳафта ба Англия  сафар карда, бо ҳамсолони хеш риштаи дӯстӣ бастанд.
Чанде пеш дар зинаи вилоятии ин озмун бахти онҳо тофт ва ба мусобиқаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд. Мақсад дар кишвар пирӯз гашта, ба Шветсария рафтан аст.
МУЛОҚОТИ ОШКОРО ВА ДИЛНИШИН
Оё нашунидаӣ, ки одаме замин мекофт, вале ганҷи азимеро ёфт!
 (Ҷуброн ХАЛИЛ).
Ӯро дар ҳуҷраи кориаш ғарқи навис-навис дидам. Вай занест кулчарӯву кушодачеҳра.
– Холида, гӯед, ки сиру асрор, яъне сабаби солҳои тӯлонӣ пешқадамиро аз даст надодани мактаби шумо дар чист?
– Интизом ва вазифашиносӣ. Агар ҳар яки мо ба ин қоида амал кунем, ба якдигар кӯмаки беғараз расонем, на бо ҳасад, балки бо ҳавас меҳнат кунем, муваффақият аз мо аст. Мо, омӯзгорон ҳамеша дар ёд дорем, ки мақсади мактаб тарбия ва фақат тарбия! Ва тарбия аз таълим волотар. Тарбия инсонро ба камол мерасонад.
Ана баъд агар дар муаллим ташаббус ва фаъолӣ ривоҷ наёфта бошад, ҳар як фан, ҳар як дониш ду пул. Дар Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис ва халқ таъкид шудааст, ки дар навбати аввал эътиборро ба бузургтарин сармояи Ӯзбекистони Нав – дастгирӣ намудани таълим бояд нигаронем. 
– Имсол чанд нафар хонанда хатм карданд?
– Боиси хушнудист, ки 104 нафар номаи камол гирифтанд, ки 15 нафар соҳиби медали тилло ва ду нафар нуқра шуданд. Аллакай қариб 20 нафар тавассути ташкилотҳои байналхалқӣ ва грант ба мактабҳои олии кишварҳои бонуфузи дунё дохил шуданд. Албатта, дар ин кори хайру нек хизматҳои омӯзгорони пешқадам Раъно Маматхонова, Манучеҳр Шокиров, Сабина Рустамова, Ориф Шодиев, Меҳригиё Низомова, Шоҳрух Шамсиддинов, Ҷамила Фатҳуллоева, Фирӯза Нуриддинова, Ҳафиза Розиқова, Гулчеҳра Пардаева ва дигарон калон аст. Охир ман метавонам 135 нафар муаллимонро як-як номбар кунам...
Мо, муаллимон аз сарвари давлатамон ниҳоят сипосгузорем, ки маошамон 2-3 маротиба афзуд, ба коғазбозӣ, барои расмият ҳисобот ва дигар гуна корҳо, алалхусус маҷлисбозӣ, кӯчарӯбӣ, пахтачинӣ, кӯмак ба сабзавоткорон хотима ёфт. Аз ҳама муҳимаш, синфхонаҳо бо асбобҳои аёнӣ, техникаи замонавӣ пурра таъмин гардиданд.
Боз як навид он аст, ки аз ҳисоби давлат бинои сеқабата қад афрохта истодааст, ки арзиши лоиҳаи иншоот 10 миллиард сӯм аст. Ҳозир қариб 50 нафар бо кори сохтмон банд ҳастанд. Бинои нав дар арафаи Рӯзи муаллимон ва мураббиён ба истифода супурда мешавад.
– Чаро дар мактаб синфҳои тоҷикӣ нест?
– Саволи барҳақ. Аммо ин аз падару модарон вобаста аст. Агар онҳо ин таклифро диҳанд, нуран ало нур аст. Зеро чуноне ки шумо гуфтед, талаба тоҷик, муаллим тоҷик, вале дарсҳо ба забонҳои дигар. Баъзеҳоро забон дигару дил дигар...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: