17 ноябр дар шаҳри Тирмиз бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев бинобар баррасии чораҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Сурхондарё ҷамъомад баргузор шуд.
Минтақа мунтазам инкишоф меёбад. Дар пеш нақша ва имкониятҳои зиёд ҳастанд. Аз ҷумла, 4 лоиҳаи нави бузурги саноатии арзишашон 3 миллиарду 300 миллион доллар ташаккул дода шуданд. Аз ҳисоби онҳо иқтисодиёти минтақа 6,5 триллион сӯм, буҷаи маҳаллӣ 1,6 триллион сӯм, содирот 100 миллион доллар зиёд мегардад, 2 ҳазор ҷойҳои нави кори сердаромад ташкил карда мешаванд.
Чунончи, дар маҷмӯи газу кимёи Бойсун барои тоза кардани 5 миллиард мукааб газ ва соле дар ҳаҷми 6 триллион сӯм истеҳсол намудани гази табиӣ ва кибрит (олтингӯгирд) 3 миллиард доллар ҷудо карда хоҳад шуд. Минтақа ҳар сол ба ҳисоби миёна аз содирот 120 миллион доллар ба даст меоварад. Ҳафриёти геологӣ вусъат ёфта, захираҳои газ боз ба 100 миллиард мукааб метр зиёд карда мешавад.
– Сурхондарё иқтидори бузурги иқтисодӣ, сарватҳои зеризаминиву рӯизаминӣ, аҳолии мард ва меҳнатдӯст дорад. Дар ҳоли ҳозир ҳатто нисфи ин имконият истифода намегардад. Бояд шароит фароҳам оварда шавад ва шуғл, сармояҳо, содирот ва даромадҳо чандин карат зиёд гарданд, – гуфт роҳбари давлат.
Вобаста ба ин пешомадҳо бобати ба минтақа ҷалб намудани 1,5 миллиард доллар сармояҳо, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 12 триллион сӯм, содироти молҳо ба миқдори 500 миллион доллар ва коҳиш додани воридот ба андозаи 100 миллион доллар муайян карда шуданд. Қайд гардид, ки бо кор таъмин сохтани 400 ҳазор сокинон бояд вазифаи асосии ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо бошанд.
Таъкид шуд, ки ба кор андохтани конҳои мавҷуда захираи бузургтарини ҷалби сармояҳо ба минтақа ва рушди саноат ба шумор мераванд.
Ба шахсони масъул бобати аз худ кардани захираҳои қӯрғошим, руҳ ва тилло, мармари сафед дар Сариосиё, ангишт дар Бойсун ва Сариосиё, нуриҳои калийдор дар Шеробод супориш дода шуд. Бинобар вусъат додани пажӯҳишҳои геологӣ дар ноҳияҳои кӯҳии вилоят вазифаҳо гузошта шуданд.
Ба шарофати шароити табиии хоку иқлим вилояти Сурхондарё метавонад оид ба парвариши маҳсулоти зудпаз пешқадам бошад. Вале, қайд шуд дар ҷамъомад, барои бо тухмӣ ва ниҳолҳои баландҳосил, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти рӯёндашуда мушкилот мавҷуданд. Бинобар ҳамин ҳам ба Вазорати кишоварзӣ супурда шуд, ки дар 10 ноҳия лабораторияҳои un vitro ташкил диҳад.
Соли оянда дар шафати саҳроҳо барои хушккунӣ, ба навъҳоҷудокунӣ, банду басти маҳсулот, таҷҳизот, ҳамчунин 70 яхдони хурд устувор карда мешаванд. Дар 100 ҳазор гектар зироатҳои барои содирот пешбинишуда, аз ҷумла пиёз, брокколи, шакарсеб (розмарин), руккола, сесанбар (тимян), нозбӯйи сурх, пӯдина рӯёнда хоҳанд шуд.
Қарор дода шуд, ки дар Ангор, Ҷарқӯрғон, Қумқӯрғон, Олтинсой, 6 маркази нигоҳдорӣ, хушккунӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, ҳамчунин дар ноҳияи Тирмиз якҷо бо Куриёи Ҷанубӣ хабби логистикии арзишаш 50 миллион долларина бунёд меёбанд.
Пахтаи маҳиннах то 15 фоиз кам об талаб мекунад ва бармаҳал ба ҳосил медарояд. Бинобар ин, супурда шуд, ки майдони парвариши чунин навъи пахта то ба 50 ҳазор гектар вусъат дода, коркарди он то 30 фоиз зиёд, бинобар генетикаи молекулярӣ ва тухмипарварӣ лоиҳаи муштарак ва лабораторияи замонавӣ ташкил карда шаванд.
Дар ҷамъомад мушкилоти норасоии об муҳокима гардид. 80 фоизи заминҳои вилояти Сурхондарё бо насосҳо обёрӣ мешаванд, ки арзиши обро ду баробар зиёд мекунад, 20 миллион киловатт-соат энергияи электр беҳуда исроф мегардад.
Ба одамон бояд ғояи муфту ройгон набудани обро талқин кард, якҷо бо фаъолони маҳаллӣ, куҳансолон, зиёиён ва ҷомеаи васеъ ин ғояро ба қонуни ҳаёти ҳамарӯза табдил дод, – гуфт Президент.
Ба шахсони масъул супурда шуд, ки барномаи дусолаи исрофаш оид ба бетонрезии 47 ҷӯйбор, таъмир намудани 6 ҷӯйбори дараҷаи баланди обро кор карда бароянд.
Имкониятҳои сайёҳии минтақа низ баланд мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 600 иншооти мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ мавҷуданд. Ҳоли ҳозир корҳо бобати созмон додани осорхонаи зери осмони кушод дар назди ёдгории Далварзинтеппа оғоз гардидаанд.
Дар идомаи ин кор бояд ғорҳои «Бойбулоқ», «Тешиктош» ва «Мачай» дар Бойсун, ёдгории «Узундара» ба осорхона табдил дода шаванд. Дар ғори «Хатак» ва дараи Зараутсойи Шеробод экспедитсияҳои олимони хориҷӣ ташкил карда мешаванд. Боз 10 маҳалла ба деҳаи сайёҳӣ табдил дода хоҳанд шуд.
Шифохонаи «Омонхона» таъмир ва васеъ карда мешавад, истироҳатгоҳҳои нав бунёд меёбанд. Дар Бойсун, Олтинсой, Сариосиё ва Шеробод лоиҳаҳои арзишашон 200 миллион долларина, бунёди роҳҳои танобӣ, меҳмонхонаҳо ва иншооти хидматрасонӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои иҷтимоӣ эътибори махсус дода шуд.
Муҳимияти дар ҳар кадом маҳалла кушодани фитобар ва дорухона барои пешгирии бемориҳо, барои ин коркарди барномаи машқҳои хонагӣ ва таомномаи хӯроки солим таъкид гардид.
Бинобар муҷаҳҳаз сохтан ва таъмир намудани 509 мактаб, Маркази модару кӯдак, шуъбаи кардиохирургияи бачагона ва 44 бунгоҳи оилавии табобатӣ вазифаҳо гузошта шуданд.
Зарурияти кумакрасонӣ ба ҷамоаҳои эҷодие чун «Бойсун», «Шалола», «Бойчечак», «Булбули гӯё» барои иштирокашон дар ҷашнвораҳои байналхалқӣ, ташаккул додани Бунёди тиллоии эҷодиёти бахшиён, достонсароён ва гӯяндагон зикр гардид.
Таъкид шуд, ки барои ҷалби ҷавонони Сурхондарё ба варзиш қарори махсус қабул карда шавад.
Дар ҷараёни машварат фикру ақида ва пешниҳодҳои вазирону ҳокимон, намояндагони зиёӣ ва соҳибкорон шунида шуданд.