Дар саросари кишварамон таҳти шиори «Ба ободии диёри ҷонаҷонам ҳиссаи худро мегузорам» семоҳаи «Хонадони обод», «Кӯчаи обод», «Маҳаллаи обод» идома дорад.
Дар саросари кишварамон таҳти шиори «Ба ободии диёри ҷонаҷонам ҳиссаи худро мегузорам» семоҳаи «Хонадони обод», «Кӯчаи обод», «Маҳаллаи обод» идома дорад. Дар ноҳияамон бино бар иҷрои барномаи номбурда, мобайни се моҳ дар 77 маҳалла, 649 кӯча ва 41681 хонадон, минҷумла хонаҳои 2180 оилаи ночор корҳои сохтмону таъмир, ободу кабудизоркуниро ба роҳ мондем.
Барои иҷрои вазифаҳои семоҳа дар кӯчаҳои ба номи Бобур, Зиё, Зардоқ ва Ишончи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Боғ кӯча», ба номи Муқимӣ семинарҳо ташкил кардем. Дар кори семинар раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, ҷонишинон оид ба масъалаҳои оила, занону духтарон ва маънавию иҷтимоӣ, ободонӣ, соҳибкорӣ ва қитъаҳои наздиҳавлӣ, «Гурӯҳи машварати пиронсолон» иштирок намуданд.
Ҳокими ноҳия Аъзамҷон Султонов аҳолиро ба фаъолнокӣ даъват намуд. Аз рӯйи иҷрои тадбирҳои пешбинишуда то ҳол дар 65 хонадон корҳои ободию кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуд. Аз рӯйи дархости «Гурӯҳи машварати пиронсолон» дар кӯчаи ба номи Бобур дар хонадонҳои камбизоат Р.Ҳайдаров ва С.Икромов корҳои таъмиркунӣ ба амал бароварда шудааст. Ба ин кори хайр роҳбарони хоҷагиҳои фермерии ба номи «Тошпӯлат, Турғунбой, Расулҷон» Ҷ.Раҳматов, «Санг замини» М.Маҳдовҳо бо масолеҳи сохтмон ёрӣ расониданд. Бо иштироки гурӯҳи таъмиркунии маҳалла таъмири хонадонҳои номбурда амалӣ гардид.
Бо ҳомигии хоҷагии фермерии «Раис Санг» кӯчаи ба номи Бобур таъмир гашт. Ба ҳудуди кӯча 600 бех кӯчатҳои гул шинонида, 500 метр ҷӯйбор тоза карда, 1,5 тонна партов бароварда шуд. Ба ногирои гурӯҳи дуюм аз кӯчаи Зиёи маҳаллаи «Боғ кӯча» Қ.Ҷӯраев, ба бепарастор И.Раҳматов аз кӯчаи Бобури маҳаллаи Муқимӣ 100 килограммӣ гандум дода шуд.
Дар ҳашар 120 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд, ки аз онҳо 75 нафарашонро ҷавонон ташкил менамоянд. Минбаъд ҳам дар ноҳияамон корҳои ободонию бунёдкориҳоро муташаккилона давом медиҳем.
Тӯлқинҷон ЭРМАТОВ,
ҷонишини ҳокими ноҳия,
мудири шуъбаи маҳалла
ва дастгирии оилаи ноҳияи Попи вилояти Намангон.