Дарс инсонро ба андӯхтану омӯзиш, ки бе азобу машаққат намешавад, ҳидоят мекунад.
Дарс инсонро ба андӯхтану омӯзиш, ки бе азобу машаққат намешавад, ҳидоят мекунад. Дарс аз лаҳза ва унсурҳои мантиқан бо ҳам алоқаманд иборат аст, ки ҳар яки онҳо вазифаҳои муайян доранд. Пайдарҳамӣ, алоқамандӣ ва вобастагии ҳамин унсурҳои асосӣ мафҳуми сохти дарсро ташкил медиҳанд, ки ба мазмуни мавод, метод ва тарзҳои таълим, инчунин хусусиятҳои синну сол вобаста аст. Сохти дарс қолаб нест, он тасодуфӣ ва бе тайёрӣ бунёд намегардад. Дарс ин кори эҷодист. Чи хеле ки муаллимон аз ҷиҳати донишу маълумот ва таҷрибаю маҳораташон фарқ мекунанд, дарс ҳам бо хусусиятҳояш аз якдигар фарқ мекунад. Дарс вобаста ба характер ва хусусияти мавзӯъ ба хелҳои гуногун ҷудо мешавад. Масалан, дар синфи чорум барои омӯхтани мавзӯи “Феъл” 10 соат ҷудо шуда бошад, он табиист, ки аз 10 мавзӯи хурд иборат аст. Аз ин рӯ, мо бояд 5-6 соатро барои омӯзонидани маводи нав истифода барем, соатҳои боқимондаро барои такрору мустаҳкамкунӣ ва дар охири боб бояд дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малака гузаронида шавад. Вақте ки вазифаи омӯхтани мавзӯъ тағйир меёбад, навъи дарс низ дигар шуда, дарсҳои алоҳидаро ташкил медиҳад. Инак, навъҳои дарсро дида мебароем, ки аз панҷ қисмат иборат аст: дарсҳои якҷоя ё омехта; дарсҳои шинос намудани хонандагон бо маводи нав; дарсҳои мустаҳкамкунии маводи нав; дарсҳои ташаккул додан ва мустаҳкам намудани маҳорату малака, яъне дарси такрор; дарсҳои санҷиши дониши хонандагон, ки дар навбати худ боз ба чор гурӯҳ тақсим мешавад:
а) дарсҳои санҷиши шифоҳӣ; б) дарсҳои санҷиши таҳрирӣ (хаттӣ); в) дарсҳои амалие, ки характери санҷишӣ доранд; г) дарсҳои таҳлили корҳои хаттӣ.
Ҷаҳонро аз нуқтаи назари илмӣ тасаввур кардан ва бо чашми хирад дидан, қонунҳои дигаршавии табиатро дарк кардан, самараи таъсири дарс дар шуури инсон аст ва дар он нақши асосиро омӯзгор мебозад. Агар раванди омӯзишро чун як дарёи серобу азиме тасаввур кунем, дарс калонтарин шохоби он аст. Барои пурсамар гузаштани дарс нақши омӯзгор бениҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, аз ҳар як омӯзгор танҳо маҳорати хубу дониши мукаммал, муомилаи хушу тадбиркориро талаб менамояд, ки Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Навомӯзро мадҳу таҳсину зеҳ,
Зи тавбиҳу таҳдиди устод беҳ.
Саодат САНГИНОВА,
директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё.