МАСКАНИ ПУРАСРОР

Соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, некуаҳволии мардум ва фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад.

Солҳои охир ҷиҳати рушди босуръати ин соҳа, афзоиши теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон, густариши туризми дохилӣ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мешаванд.
Шуҳрати ёдгориҳои меъмории мамлакатамон ба тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Ёдгориҳои таърихии Самарқанд, Бухоро, Хева дар забонҳо афсонаанд. Аммо ёдгориҳои ноҳияҳои дурдаст аз назар дур мондаанд. Онҳоро доираи танги сокинон ва мутахассисон медонанду бас. Таърихи чунин ёдгориҳо кам омӯхта шудааст.
Ноҳияи зебоманзари Косонсойи вилояти Намангон таърихи чандинҳазорсола дорад. Маданияти деҳқонӣ ва хонасозӣ дар ин ҷо аз замонҳои хеле қадим оғоз ёфтааст. 
Косонсой ноҳияи наздисарҳадии мамлакат буда, дорои 20 иншооти археологию меъмории аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллист. Аз ҷумла, ёдгориҳои археологии «Муғтепппа», «Ғӯзапоямазор», ҳаммомҳои қадимии зеризаминӣ, зиёратгоҳҳои «Шайх Юсуфхони Эшон», «Махдуми Аъзам», масҷидҳои ҷомеъ ва «Сад пири комил» метавонанд барои инкишоф ёфтани сайёҳии дохиливу хориҷӣ омили муҳим гарданд. 
Яке аз ёдгориҳои қадима зиёратгоҳи Султон Саид Ҷалолиддин – Ғӯзапоямазор мебошад. Дар бораи ин зиёратгоҳ, ки ба қарнҳои X-XI тааллуқ дорад, дар асарҳои «Маҷмӯ-ут-таворих»-и Сайфуддини Ахсикентӣ, «Таърихи Фарғона»-и Исҳоқхон Ибрат ва асари олими санъатшинос Э. Кон-Винер «Санъати меъмории исломӣ дар Осиёи Миёна», ки соли 1930 аз ҷониби нашриёти Олмон Эрнст Вазмут ба чоп расидааст, маълумоти мукаммал ҳаст.
М. Е. Массон катибаи арабиро, ки дар пештоқи паҳлӯйи ҷанубии ин ёдгории меъморӣ маҳфуз мебошад, тарҷума кард, ки дар он аз ҷумла навишта шудааст: «Ҳамду сано ба султони салотин, ки ифтихори кишвару дину миллати мост, 714 ҳиҷрӣ».
Дар замони шӯравӣ маҷмӯи мақбараҳо зарари калон дида, хиштҳояшон барои сохтмони анбори колхозӣ истифода шудаанд. Имрӯз аз он мақбараҳо танҳо айвони боҳашамат (бо таҳхона), ки соли 1030 сохта шудааст, боқӣ мондааст. 
Фазлии Намангонӣ дар саҳифаи 472-юми тазкираи «Маҷмӯаи шоирон» баён кардааст, ки хаттот, устоди кандакорӣ Муҳаммад Аминхоҷаи Косонӣ дар замони хонигарии Қӯқанд бисёр ёдгориҳои меъмориро, аз ҷумла  соли 1809 дар зодгоҳаш мақбараи Султон Саид Ҷалолиддинро таъмир кардааст.
Солҳои 60-уми асри гузашта, вақте ки таҳхонаи бино ба шаҳрвандони тоторҳои Қрим барои истиқомат дода шуд, ҳозирон дар ҳайрат монданд, зеро тамоми бино дар асоси як чӯби азим бунёд ёфта буд. Тааҷҷубовартар он буд, ки ин чӯби азим танаи дарахти ғӯзапоя аст. Дар ин хусус чанд ривоят ҳам ҳаст. Ривоятҳо ба афсона шабоҳат доранд, аммо бо назардошти умри бисёрсолаи дарахти ғӯзапоя дар Амрикои Лотин ва Ҳиндустон, метавон гуфт, ки дар ин ривоятҳо ҳақиқате ҳаст. Дарахти ғӯзапоя то ҳол маҳфуз буда, он сайёҳонро дар ҳайрат мегузорад.
Дар қисми шарқии таҳхона роҳи зеризаминро метавон дид, ки ба сӯйи 40 ҳуҷра мебарад.
Оре, Косонсой аз қабили масканҳои пурасрорест, ки мавзеъҳои таърихиву диданиаш зиёданду табиати нотакрораш дар дили ҳар меҳмонону сайёҳе, ки ба ин ноҳияи сарсабз меояд, иштиёқи огоҳшавиро аз таърихи дуру наздики он бедор мекунад.

М. МАМАҶОНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».      
    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: